Сабабҳои таъсиргузор дар тарбият кӯдак

68

Сабабҳои таъсиргузор дар тарбият кӯдак

А.  Падар ва модар

Волидайн, нахустин касоне ҳастанд, ки кӯдак аз онҳо шакл мегирад ва бисёре аз рӯҳиёт ва ғаризаҳои ӯ дар асари тамос бо онҳо ба вуҷуд меояд. Онҳо аз он ҷиҳат, ки бисёре аз вижагиҳо ва сифотро аз худ ва аҷдодашон ба кӯдакон интиқол медиҳанд, омили ирсбаранда ва аз он ҷиҳат, ки дар тамоси ҳамешагӣ бо фарзанди хеш ҳастанд ва аъмол ва рафтори ӯро зери назар доранд ва ӯ низ онҳоро улгуи хеш қарор медиҳад, як омили муҳитӣ барои тарбият ба ҳисоб меоянд.

Пас падар ва модар (хонавода) аввалин донаҳои рушди фардӣ ва шахсияти одамиро мекоранд, зеро кӯдак дар бештари ҳолоти худ, тақлидкунандаи падар ва модар хоҳад буд. Муҳиммтарин ва сангинтарин рисолати тарбият ба ӯҳдаи волидайн аст, ки бо баҳрагири аз василаҳои мухталиф, дар ин майдон васеъи, қадам бармедорад ва ниёзҳои рӯҳӣ, отифӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии кӯдакро таъмин мекунад.

Падар ва модар, агар худ дорои суботи назар, оромиш рӯҳӣ ва дӯсти бошанд ва ҳаргуна кина ва хушунатро аз худ дур созанд, дар эҷоди оромиши рӯҳии фарзанд ва дилбастагии ӯ ба хона ва хонавода, кумак кардаанд. Бисёре аз кӯдакон мунҳариф (гумроҳ) ва касоне, ки дар бузургсолӣ ба ҷурмҳои сангин рӯ меоваранд, ба хотири набудани оромиш дар хонаводаи онҳост.

 

Б. Мактаб

Чеҳра ва ҳаракоти муаллим, тарзи фикр ва чигунагии бархурди ӯ, асаре мустақим дар тарбияти кӯдак дорад. Муаллим аз он ҷиҳат, ки мсъулияти рушд фикрӣ ва рӯҳии дониш омӯзро бар ӯҳда дорад ва анҷоми ин рисолат бо борвар кардани андешаи инсонӣ ва тарбиятии ӯ имкон пазир аст, бояд падар ва модар аз тафаккури муаллим ва фазои муҳити  дарсии фарзанди худ бохабар буда, дар тарбияти фарзандашон бо мактаб ҳамкорӣ ва ҳамфикрӣ намоянд.

 

В.  Атроф ва иҷтимоъ

Атрофи зиндагии кӯдак, ба содагӣ ва осони дар кӯдак таъсир гузорида ва ба таври мустақим ва ғайри мустақим ғароиз ва одатҳоеро дар ӯ мепарваронад. Афрод ба унвони ҳамдарс, дӯст, ҳамбозӣ ва … таъсири мустақим бар андеша ва рафтори кӯдак доранд ва васоили иртиботи ҷамъӣ монанд радио ва телевизион, синамо, маҷаллаҳо ва китобҳои дарсӣ таъсир ғайр мустақим.

Қавонин ва муқаррароти урфӣ, иҷтимоъӣ ва қабилаӣ низ дар тарзи тафаккур, ахлоқ, бедорӣ ва хамуди кӯдак асар гузошта, ба ғароизи ӯ шакл медиҳанд.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.