Ибодат дар кӯдакӣ – қисмати аввал

114

Ибодат дар кӯдакӣ – қисмати аввал

Яке аз меҳварҳои асосие, ки ҳазрати Заҳро(саломуллоҳи алайҳо) бадон таваҷҷуҳ ва таъкид доштанд буъди парастиш ва кашида шудани фарзандон ба тарафи анҷоми таклифи ибодати Илоҳи буд. Он ҳазрат шавқ ба бандагиро ва хузуъ дар баробари Худоро аз ҳамон даврони кӯдакӣ дар ҷони фарзандони худ қавӣ менамуданд ва ононро чунон тарбият карданд, ки беҳтарин корҳоро ибодати Худованд дониста ва аз он болотарин лаззатҳоро мебурданд.

Духтари гиромии Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) бар ин матлаб таъкид дошт, ки баччаҳоро аз кӯчакӣ ба анҷоми ибодат даъват кунанд ва ононро ба Худо наздик кунанд ва донаи муҳаббат ва иртиботи бо Худоро дар коми онон бичашонанд, то анҷоми таклиф барои онон натанҳо ранҷ ва машаққате надошта бошад, балки бо шавқ ва иштиёқ ба истиқболи он бираванд.

Аҳамияти тарбияти кӯдак

Бар ин асос Фотима(саломуллоҳи алайҳо) фарзандони худро ҳатто ба шаб зиндадори одат медод. Албатта ӯ шеваи тарбиятро ба хубӣ медонист ва ба гунае бархурд мекард, ки ба андозаи тавон ва истеъдоди фарзандон бошад.

Ҳазрат Фотима саломуллоҳи алайҳо дар шаби қадри моҳи мубораки Рамазон кӯдакони худро ба бедорӣ ва нахобидан маҷбур мекард. Мумкин аст касе тааҷҷуб кунад, ки ӯ чигуна бачаҳоро ба ин кор, ки ҳатто барои шахсони бузург ҳам сахт аст, водор мекард.

Ҳазрати Фотима саломуллоҳи алайҳо дар рӯз бачаҳоро мехобонданд, то комилан истироҳат кунанд ва ғизои камтаре ба онон медод, то бад-ин гуна замина ва ҷойгоҳи беҳтар ва матлубтаре аз назари ҷисмӣ ва рӯҳӣ барои шаб зиндадорӣ, дошта бошанд.

Ў ба ҳадде дар ин кор ҷиддӣ ва қотеъ буд, ки намегузошт касе аз аҳли хона хобаш барад ва мефармоянд:

Нақши зану мард дар оромиши хона – қисмати аввал

Бебаҳра ва бенасиб касе, ки аз баракот шаб қадр бенасиб бимонд.

Гӯё Фотима(саломуллоҳи алайҳо) мехоҳад аз даврони кӯдакӣ дар дили поки фарзандон худро бо ҳаловат ва ширинии ибодат ошно кунад ва маҳбуби ҳақиқиро ба онон нишон диҳад то дар ҷавонӣ ҷазби чизҳои дурӯғин нашаванд. Ин равиши тарбияти Фотима(саломуллоҳи алайҳо) ба унвони як кори бисёр писандида ва қобили иҷро аст.

Идома дорад………

Ибодат дар кӯдакӣ – қисмати дуввум

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.