Нақши зану мард дар оромиши хона – қисмати аввал

231

1 Сипосгузори
Қадрдонӣ аз заҳаматҳо ва хизматҳое, ки барои инсон, сурат мегирад, вазифаи Исломӣ ва виҷдонӣ, бавижа дар рабитаҳои ҳамсарӣ аст. Аз ин рӯ, лозим аст, ки мард, фидокорӣ ва исори занро дар идораи умури хона ва тарбияти фарзандон қадр донад ва аз ӯ ба хотири ин ҳама хадамоти шоиста, сипосгузори кунад.

Бароҳатӣ бояд тасреҳ кард, зан, ки бори мушкилоти дохили хонаро бар дӯш мекашад ва онро бо шавқу ризоятмандии шавҳар таҳаммул мекунад, ниёзманди як лабханди ташаккуромези шавҳар аст; Чунонки мард низ барои идораи ҳар чи беҳтари зиндагӣ ва осоиши хонаводааш дар хунукӣ ва гармӣ талош мекунад ва ҳар чанд, онро ба унвони як вазифа медонад, вале шоиста аст, ки аз заҳамоти ӯ (мард ҳам) қадрдони шавад. Ташаккури зан ва шавҳар аз якдигар, хастагӣ ва ранҷро кам мекунад. Метавон натиҷаи як бор ташаккурро таҷриба намуд.

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати дуввум

2 Баёни муҳаббат
Инсон, мавҷуди ниёзманд ба муҳаббат аст. Унсу улфатҳо аз ноҳияи муҳаббат ба вуҷуд меояд. Дар муҳити хона низ лозим аст, ки зан ва шавҳар ба ин асли отифӣ таваҷҷуҳ кунанд, зеро духтар, пас аз тарки хонаи падар ва бо шурӯъи зиндагии муштарак, дил ба шавҳар мебандад. Муҳаббати шавҳар бояд битавонад ҷойи муҳаббатҳои падар ва модари занро бигирад ва мард бояд аз изҳори забонии ин муҳаббат низ дареғ накунад.

Ҳамон гуна, ки дар баъзе аз ривояот низ омадааст, ҷумлаи «туро дӯст дорам» аз тарафи шавҳар аз дили зан, берун намеравад. Чунин ҷумлаҳо беҳтарин ҳадя барои ҳамсаре аст, ки ба сухани шавҳарраш имон ва эътиқод дорад. Чунонки зан низ бояд ин ҳунарро дошта бошад, ки ба шавҳар хеш, ибрози муҳаббат кунад ва пояҳои дӯстӣ ва сафоро дар зиндагӣ, маҳкам намояд.

Марде ба хидмати паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) шарафёб шуд ва арз кард: Ҳамсаре дорам, ҳангоме, ки вориди хона мешавам, ба истиқболам меояд ва вақте, ки аз хона, хориҷ мешавам, бадрақаам мекунад ва ҳангоме, ки маро ғамгин ва афсурда бубинад мегӯяд: чаро ғамгини? Агар ба иллат харҷ ва даромадат нороҳат ҳастӣ, ки хуб, таъмин онро Худованд ба ӯҳда гирифтааст ва агар нороҳатии ту, ба хотир охират ва қиёмат аст, ки худованд бар ин андӯҳ биафзояд.

Набоядҳои муштараки ҳамсарон

Паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) вақте ин суханонро аз он мард шунид ба ӯ фармуд:

Барои Худованд, коргарҳое аст ва ин зан ҷузъи коргарҳои Ӯст. Ў (занат) нисфи подоши як шаҳидро дорад.

Ин ҳадис, нишондиҳандаи нақши вижае аст, ки зан дар эҷоди муҳити мусоиди хона дорад ва метавонад дар оромиши рӯҳӣ ва зиндагии моддии шавҳар, муассир бошад ва ин худ, навъе муҳаббат аст, ки дар сатҳи олӣ, изҳор мешавад.

3 Эҳтиром ба якдигар
Ҳар фарде барои худ, арзиш ва шахсияте қоил аст ва дӯст дорад, ки дигарон ба ӯ эҳтиром бигузоранд. Мард бояд дар муҳити хона, нисбат ба ҳамсараш бо эҳтироми комил, рафтор кунад. Ўро бо эҳтиром садо занад, дар муқобил хешонаш ва бастагон, ӯро такрим (эҳтиром) намояд ва ба шиддат, аз таҳқир (паст задани) ӯ бипарҳезд. Имом Содиқ (алайҳиссалом) аз падараш имом Боқир(алайҳиссалом) нақл мекунад:

«Ҳар кас ҳамсаре гирифт, бояд ӯро азиз шуморд … Касе, ки ҳамсар гирифт, ӯро бекора накунад»

Падаре, ки дар муқобили фарзандони худ ба ҳамсараш эҳтиром кунад, ва аз ӯ ба бузургӣ ёд намояд ба тарбияти фарзандонаш кумак кардааст.

Нақши зану мард дар оромиши хона – қисмати дуввум

Нақши зану мард дар оромиши хона – қисмати севвум

Идома дорад………

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.