Сираи иҷтимоии паёмбар – дрӯғ ба фарзанд мамнӯъ

186

Сираи иҷтимоии паёмбар – дрӯғ ба фарзанд мамнӯъ.Ваъдаи дурӯғ ва дурӯғ гуфтан, фарқе надорад ба бузургон бошад ё ба кӯдакон, яке аз мавзӯъоте аст ки дар фарҳанги Қуръон ва аҳли байт алайҳимуссалом ба шиддат аз он наҳй шуда ва Худованди мутаъол ба дурӯғгӯён ваъдаи азоб дода ва сарнавишта бадеро барои онҳо таъйин карда фармудааст:

فَوَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ الَّذِينَ هُمْ فِي خَوْضٍ يَلْعَبُونَ يَوْمَ يُدَعُّونَ إِلَىٰ نَارِ جَهَنَّمَ دَعًّا
Вой дар он рӯз бар такзибкунандагон кунандагон, ҳамонҳо ки дар суханони ботил ба бозӣ машғуланд! Дар он рӯз онҳоро ба зӯр ба сӯи оташи ҷаҳаннам мебаранд. Тур 11 то 13

Ҳамчунин дар ҷараёни мубоҳилаи паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ бо масеҳиёни Наҷрон мефармояд:

ثُمَّ نَبْتَهِلْ فَنَجْعَل لَّعْنَتَ اللَّـهِ عَلَى الْكَاذِبِينَ

Сипас мубоҳила ва нафрин кунем ки лаънати Худо бар дурӯғгӯён қарор диҳем. Оли Имрон 61

Бар ин асос, паёмбари раҳмат саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ аз бадаҳдӣ ва дурӯғ наҳй мекарданд. Махсусан дарбораи кӯдакон таъкид мекарданд ҳангоме ки инсон ба кӯдак ва фарзандаш ваъда диҳад ва амал накунад, асари бади (шояд то охири умраш) хоҳад гузошт.

Чунон ки аз Абдуллоҳ ибни Омир нақл шудааст ки Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ ба хонаи мо омаданд, дар ҳоле ки кӯдаки хурдсол будам, рафтам то бозӣ кунам. Аз ин рӯ, модарам ба ман гуфт: эй Абдуллоҳ! Биё чизе ба ту диҳам. Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ фармуданд: чи мехоҳӣ диҳӣ? гуфт: хурмое ба ӯ медиҳам. Фармуданд: бидон ки агар чунин накунӣ (хурмо надиҳӣ) бароят дурӯғ навишта мешавад.

Лизо яке аз бадтарин ахлоқ назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ, дурӯғ буд то ҷое ки аз Оиша (р) нақл шуда ки паёмбар ҳар гоҳ мефаҳмид яке аз аъзои хонавода дурӯғ гуфтааст, аз ӯ дурӣ мекарданд то тавба кунад.

Идома дорад………

Сираи иҷтимоъии паёмбари раҳмат – дӯст доштани фарзанд

Сираи иҷтимоии Паёмбар – салом кардан ба кӯдакон

Сираи иҷтимоии паёмбар – қадрдонӣ кардан

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

View this post on Instagram

@khonavoda #Кӯдакон маъмулан беадаб нестанд, дар аксари маворид масъала ин аст, ки онҳо усули рафтори муаддабонаро ёд нагирифтаанд. Ин 25 маврид хулосаи одобе аст, ки кӯдак то 9 солагӣ бояд ёд гирифта бошад: 13- Дар муқобили бузургсолон аз калимоти ношоист истифода накун. Онҳо худашон ҳамаи ин калимаҳоро медонанд ва истифодаи ту аз ин калимаҳо боиси малол ва нохушнудии онҳо мешавад. 14- Афродро бо номҳои таҳқиромез садо назан. 15- Дигаронро ба ҳеҷ далеле масхара накун. Ин кор боис мешавад дар назари дигарон одами заифе ба назар бирисӣ, ва кори нодурусте аст. 16- Ҳатто агар як бозӣ ё маросим бароият хастакунанда аст, ором бинишин ва худатро алоқаманд нишон бидиҳед. Бозикунон ё намоишдиҳндагон ҳаддиаксари талошашонро мекунанд. 17- Агар ба касе тана задӣ, фавро бигӯ “бибахшед.” 18- Ҳангоми сурфа ё атса кардан даҳонатро бипушон ва дар ҷилави дигарон фих накаш. 19- Агар мехоҳи аз даре дароӣ ё бароӣ, бубин оё метавони дарро боз нигаҳдорӣ то касе дигаре ҳам аз он бигзарад. 20- Агар ба падар ва модар, муаллим ё ҳамсояҳое рӯбарӯ шудӣ, ки кореро анҷом медиҳад, аз ӯ бипурс кумак мехоҳад. Агар қабул кард, ба ӯ кумак кун ба ин тартиб мумкин аст чизи наве ёд бигирӣ. 21- Ҳангоме, ки бузургсоле аз ту тақозои анҷоми кореро кард, бо хушӣ ва бе ғур-ғур ба ӯ кумак кун. 22- Ҳангоме, ки касе ба ту кумак кард, бигӯ: “ташаккур мекунам” ин шахс эҳтимолан бори дигар ҳам ба ту кумак хоҳад кард. Ин амр ба хусус дар мавриди муаллимон намуна дорад! 23- Аз васоили ғизо хӯрдан дуруст истифода кун. Агар намедонӣ, ки читавр бо ин васоил ғизо бихӯрӣ, аз падар ва модар тақозо кун ба ту омӯзиш диҳанд, ё диққат кун онҳо аз ин васоил читавр истифода мекунанд. 24- Ҳангоми ғизо хӯрдан рӯйи ронҳоият дастмоли суфра бигузор ва аз он барои пок кардани даҳонат дар ҳангоми лозим истифода кун. 25- Барои бардоштани чизҳо аз рӯйи мизи ғизо хам нашав; Аз дигарон тақозо кун онро ба ту бидиҳанд. #tajikistan #islam❤️ #islom #dushanbe #точикистон🇹🇯 #точикон #исломий #ислом #Хонаводаи_намуна #оилавӣ #тарбияти_фарзандон #хушбахтии #ҷавонон #purdil #пурдил #хонавода #khonavoda #quran #куъон

A post shared by Хонаводаи Намуна (@khonavoda) on

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.