Панҷ вазифаи зану шавҳар – қисмати дуввум

120

Панҷ вазифаи зану шавҳар – қисмати дуввум

Таваҷҷӯҳ ба хостаҳо ва ниёзҳои ҳамсарДар миёни зану мард фарқҳои ҷисмӣ ва равонӣ вуҷуд дорад, ки ин фарқҳо сабаб шудааст ихтилофҳои гуногунеро дар хостаҳои онҳо падид оварад.

Ончи, ки зан ба он ниёз дорад бо ончи ки мард ба он ниёз дорад, гоҳе фарқҳои моҳиятӣ(решаӣ) дорад.Устод шаҳид Мутаҳҳарӣ дар китоби низоми ҳуқуқи зан дар Ислом баён мекунад, ки ба эътиқоди равоншиносон, тамоми занҳо ниёз доранд, ки эҳсос кунанд буданашон таъсир дорад ва лозим ҳаст.

Зан ниёз ба амният ва дӯст доштан аз тарафи мардро дорад, амнияте ки эҳсос кунад касе ҷуз ӯ дар қалби шавҳараш ҳоким нест. Зан ниёз дора дӯстдоштаи шавҳараш бошад ва мард ба ӯ дилбастагӣ дошта бошад. Аз он тараф мардон ҳам ниёзҳое доранд, ки баъзеи онҳо аз табиати мардонагӣ ва баъзеи дигараш аз хостаҳои ҷинсии онҳо, бархоста аст.

Мард ниёз дорад, ки ҳамсараш ӯро қабул кунад ва пеши занаш тавоноӣ дошта бошад ва ҳамсараш аз ӯ пайравӣ кунад ва ишқварзӣ кунад.Кӯмакрасонӣ ба ҳамсарАз дидгоҳи Ислом, зану мард аз як ҷинс офарида шудаанд ва ҳар ду аз як реша ва ҷинс офарида шудаанд ва ҳар кадом барои комил кардани дигарӣ ҳастанд, ки аз ҳам ҷудо намешаванд.

Набоядҳои муштараки ҳамсарон

Ба иборати дигар, агар якеаш набошад, ба комил шудани дигариш хато ворид мешавад. Вақте ки зану мард дар офариниш ба ҳам вобаста ҳастанд, дар анҷоми вазифаҳо ҳам бояд ба ин вобастагиҳо ҳам таваҷҷӯҳ кард. Дар фарҳанги Исломӣ кори берун ва фаъолиятҳои хориҷ аз хона бар ӯҳдаи мард гузошта шудааст, то ӯ битавонад бо касбу кор ва даромад ҳазинаҳои иқтисодии манзилро ба даст оварад ва корҳои хона бар ӯҳдаи зан гузошта шудааст. Аммо гоҳе сангинии кори хона барои зан ва кори беруни хона барои мард мумкин аст дигариро ба кӯмак биталабад.

Дар Ислом барои марде, ки ба корҳои ҳамсараш ёрӣ мерасонад савобҳо қарор дода шудааст. Дар ривоятҳои Исломӣ барои марде ки дар корҳои хона ба ҳамсари худ ёрӣ расонад савобҳое қарор дода шудааст. Дар ривояте паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ ва саллам ба амирулмуъминин Алӣ алайҳиссалом дарбораи савоби кӯмак ба ҳамсар дар корҳои манзил фармуданд:

“Эй Алӣ! Марде ки ба зани худ дар хона кӯмак кунад, Худо савоби як сол ибодатеро ки рӯзҳояшро рӯза бошад ва шабҳо ба қиёму намоз истода бошад ба ӯ медиҳад… ҳар кас дар хона дар хизмати хонавода бошад ва онро пастӣ надонад Худованд номи ӯро ҷузъи шуҳадо менависад ва савоби ҳазор шаҳидро дар ҳар рӯзу шаб барои ӯ ҳисоб мекунад”.

Ҳамчунин ривоятҳое аст, кияк соат хизмат кардан дар хона аз ибодати ҳазор сол ва ҳазор ҳаҷҷ ва ҳазор умра беҳтар аст… хизмат кардан ба ҳамсар аз озод кардани ҳазор барда ва ҳазор ҷиҳод ва иёдати ҳазор бемор ва аз ширкат дар ҳазор Ҷумъа ва аз ширкат дар ҳазор ҷаноза ва сер кардани ҳазор гурусна ва аз пӯшондани ҳазор бараҳна ва аз гирифтани ҳазор асир дар роҳи Худо беҳтар аст.

Лаҳзаҳои зиндагиро қадр бидонем

Аммо зан ба таври дигар мардро кӯмак мекунад мисли муҳаббат ва ишқ ва итоати аз ҳамсар. Зан наметавонад дар кори иқтисодии ҳамсар кӯмак кунад, зеро агар дар берун фаъолият кунад, дар зиндагии онҳо гиртфтортҳои зиёде пеш меояд.

Идома дорад………

Панҷ вазифаи зану шавҳар [бахши аввал]

Панҷ вазифаи зану шавҳар – қисмати севвум

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.