Худбоварӣ ва эътимод ба нафс

56

Бештари афроди муваффақ аз эътимод ба нафси болое бархурдоранд ва табиист, ки онҳо ба худ ва ончӣ анҷом медиҳанд, бовар ва имон доранд. Аммо ба ёд дошта бошем, ки муваффақияти онҳо сабаби афзоиши эътимод ба нафси онон нашуда, балки руҳияи худбоварии ин афрод боиси муваффақият дар корҳои онон шудааст.

Эътимод ба нафс чист?

Маънои эътимод ба нафс ё худбоварӣ ин аст, ки як нафар ба тавон ва тавонмандиҳои худаш бовар дошта бошад. Инсон худашро арзишманд ва тавонманд бидонад.

Эътимод ба нафс – яъне ин ки мо чӣ қадар эҳсоси арзишмандӣ мекунем, чӣ андоза эҳсоси дӯст дошта шудан ва пазируфта шудан мекунем. Ин ки чӣ қадар дигарон назари мусбат нисбат ба мо доранд ва чӣ андоза мо худамон эҳсоси хубе ба худамон дорем.

 

Афроде, ки эътимод ба нафси солим доранд, арзиши худро дарк карда ва аз дороиҳо, тавоноиҳо ва маҳоратҳо ва дастовардҳои худ эҳсоси ғурур ва ризоят мекунанд. Аммо афроде ки эътимод ба нафси пойин доранд, эҳсос мекунанд, ҳеч касе онҳоро дӯст намедорад ва намепазиранд ва наметавонанд дар ҳеч коре муваффақ бошанд.

Пас агар тасаввур кунед, ки тавре ки бояд бошад нест, эътимод ба нафс надоред ва бояд бидонед, ки метавонед онро дар худ тақвият кунед.

Эътимод ба нафс абзори қудратмандест, ки метавонад дар зиндагӣ бисёр ба мо кӯмак кунад ва мӯҷиби рушду тавсиаи фардӣ дар мо шавад. Доштани эътимод ба нафс боис мешавад, ки аз лаҳза лаҳзаи зиндагии худ лаззат барем ва тамоми корҳои худро ба сурати комил анҷом диҳем.

Бо ин ҳол, бисёре аз мо аз ин вижагӣ маҳрум ҳастем, чаро ки тавоноиҳои худро бовар надорем. Эътимод ба нафс чизе нест, ки сареан ба даст ояд, аммо бо омодасозӣ ва талошҳои идомадор ва пушти сари ҳам метавон ба ин вижаuӣ даст пайдо кард. Агар шумо корҳои кучаки худро ба таври муназзам ва бо як барномаи мушаххас анҷом диҳед, мутмаиннан мtтавонед онро ба даст биёваред. Тамрини тақвияти эътимод ба нафс метавонад зиндагии шуморо дигаргун кунад.

Роҳҳои касби эътимод ба нафс ва худбоварӣ чист?

Мо то ин ҷо фаҳмидем, ки эътимод ба нафс ё ҳамон худбоварӣ ба чӣ маъно аст ва чӣ фоидае дорад. Аммо саволи аслӣ ин аст, ки мо дар паи ксби эътимод ба нафс ва худбоварӣ ҳастем, ин фазилатро чӣ гуна ба даст биёварем?

Мегӯянд, ки роҳҳои ба даст овардани худбоварӣ зиёд аст ва дар идома ба чанде аз онҳо ишора хоҳем дошт…

Яке аз роҳҳои касби худбоварӣ ва эътимод ба нафс ин аст, ки диди мусбате ба зиндагӣ дошта бошем. Мусбатандеш бошем. Энержии мусбат мунҷар ба натоиҷи мусбат хоҳад шуд.

Агарчи аз даричаи мусбат ба зиндагӣ нигоҳ кардан кори осоне нест, аммо бовар дошта бошед, ки шумо шахси арзишманду тавоное ҳастед ва мутмаин бошед, ки пешрафт дар интизори шумост.

Аз дигар мавориде, ки эътимод ба нафси моро боло мебарад: пӯшидани либоси муносиб аст. Замоне ки зоҳири муносибе дорем, эҳсоси беҳтаре низ хоҳем дошт.

Ҳамчунин худамонро дӯст дошта бошем ва тасвире, ки аз худ дорем, беҳбуд бахшем. Тасвире, ки аз худ доред, вироиш кунед. Ба ин маъно ки як рафтори худатонро ки дар гузашта фикр мекунед ки бахубӣ дар он маҳорат доштаед, ҷойгузини тасвири феълӣ кунед. Он гоҳ хоҳед дид, ки тарсу изтироби шумо коҳиш ёфта ва амалкарди беҳтаре хоҳед дошт.

Аз калимоти тавҳиномез ва таънаомез нисбат ба дигарон бипарҳезем

Инчунин варзишро фаромӯш накунем ва дар фикри саломатии ҷисми худ бошем, ки таъсири басазое барои худбоварӣ дорад.

“Хонаводаи намуна”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.