Зану шавҳар либоси ҳамдигар

81

Худованд вақте, ки ба масоили заношуии мерасад, мегӯяд: вуҷуд зан барои лаззат нест. Вуҷуд зан барои ду нуктаи асосӣ аст, яке инки мард бо вуҷуд ӯ оромиш ёбд ва мутақобилан ӯ низ аз вуҷуд мард, оромиш бигирад ва дигар инки насли оянда низ таъмин гардад. Бад-ин хотир, ҳар вақт сухан аз заношуиӣ аст, ё ба ҳар ду нукта ишора мекунад ё ба яке аз он ду. Худованд мефармояд:

هُنَّ لِبَاسٌ لَّكُمْ وَأَنتُمْ لِبَاسٌ لَّهُنَّ ۗ
«Онҳо пӯшиши шумоянд ва шумо пӯшиши онҳоед.» Бақара 187

Дар ин ояти карима фармуд: робита зан ва шавҳар, робита пӯшок аст. Ҳар ду пӯшоки ҳамдигар ҳастанд; Яъне зан ва шавҳар обрӯи якдигарро ҳифз мекунанд. На ба мард, метавон гуфт майл надошта бошад, ва на метавон пеши майли ӯро боз гузошт, балки бояд онро маҳор кард, мисли инки инсон либосро мебандад.
Нуктаи муҳиммтар инки ҳамон тавр, ки либос, обрӯи баданро ҳифз мекунад, зан ва мард низ обрӯи иҷтимоии якдигарро. Ва ҳамон тавр, ки либос, инсонро дар сармо ва гармо ҳифз мекунад, зан ва мард низ якдигарро дар ҳаводиси мухталиф ва сарди ва гарми рӯзгор, ҳифз мекунанд.

Ҳамон тавр, ки робита либос ва соҳиб либос, як робита танготанге аст, ки бегона, дар он роҳ надорад, робита зан ва шавҳар низ ҳамин тавр аст, то асрори хонаводагӣ аз хона берун наравад.

Ташбеҳи либос, беҳтарин ташбеҳ дар ин замина аст. Инсоне, ки либос дорад, инсоне, ки пӯшонанда дорад, оромиши хотир хоҳад дошт. Худои мутаъол фармуд: зан либос аст он тавр, ки шаб либос аст. Фармуд: шаб либосе аст, ки шуморо дар бар мегирад ва шуморо мепӯшонад. Бадан ва ҳайкал пӯшида мешавад, ба илова ҷонатон ҳам оромиш мегирад. Фармуд:

وَجَعَلْنَا اللَّيْلَ لِبَاسًا
Шабро либос қарор додем. Набаъ 10

Шаб илова бар инки либос аст, бар асари хомӯшӣ ва торикӣ низ мояи оромиши шумост. Зан агар либоси мард аст, танҳо бадани ӯро намепушонад, ҷони ӯро ҳам ором мекунад. Бад-ин ҷиҳат, ҳамон таъбире, ки дар бораи шаб овард, ки шаб, ҳам либос аст ва ҳам моя сукунат ва оромиш, дар бора зан ҳам омадааст, ки зан, ҳам либос аст ва ҳам таскин диҳанда.

Ин ояти крима, дорои нукоти фаровоне аст, ки ба баъзе аз онҳо ишора шуд; Аммо барҷастатарин нуктаи ин оя ҳамон оромиш аст. Дар ояти 21 сураи муборакаи Рум, вақте ҷараёни ҳамсаронро зикр мекунад, фармуд:

وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُم مِّنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِّتَسْكُنُوا إِلَيْهَا وَجَعَلَ بَيْنَكُم مَّوَدَّةً وَرَحْمَةً ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод.

Пас ҳамон тавр, ки фармуд шаб, либос аст ва чигунаги либос будан ӯро ҳам тавзеҳ дод, фармуд: илова бар ин, таскиндиҳанда низ ҳаст. Дар бора зан ва шавҳар низ фармуд: зан либос аст ва чигунаги либос будан занро низ дар сура Рум ташреҳ кард, ки оромишдиҳандааст, яъне зан бояд тавре бошад, ки мард бо дидори ӯ оромиш биёбад ва мутақобилан мард низ бояд нисбат ба зан ин чунин бошад ва ин як вазифа фарди зан ва шавҳар нисбат ба якдигар аст.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.