Итоат кардан аз шавҳар

97

Итоат кардан аз шавҳар

Ислом дар ростои ҳифзи ҳурмати хонавода, барои зан ва мард вазоифе муқаррар дошта, то бо амал ба онҳо, оромиш, ки лозимаи ҳаёти фардӣ ва иҷтимоии инсон аст, ба даст ояд. Берун рафтани зан аз хона бояд бо розигии шавҳар бошад.

Имом Содиқ(алайҳиссалом) мефармоянд:

Дар замони паёмбари акрам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) марде аз ансор барои анҷоми корҳояш ба мусофират рафт ва бо ҳамсараш қарор гузошт, ки то омаданаш, аз хона берун наравад. Дар ин миён падари он зан, бемор шуд. Зан, касеро назди паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) фиристод ва гуфт:

Шавҳарам ба мусофират рафта ва аз ман қавл гирифта, ки аз хона берун наравам; Инак падарам бемор шуда, оё иҷоза медиҳед аз ӯ иёдат кунам?

Паёмбар(с) фармуд:

Не, дар хона бош ва аз гапи шавҳарат итоат кун.

Баъд аз муддате падараш аз дунё рафт, зан дубора ба паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ)хабар дод,кӣ:

Падарам аз дунё рафта, оё иҷозат медиҳед дар ҷаноза ӯ ширкат кунам?

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ фармуданд:

Не, дар хона бош ва аз гапи шавҳарат итоат кун. Паёмбари акрам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) пас аз дафн падараш ба он зан паём дод, ки Худованд, ту ва падаратро ба хотири итоат аз шавҳарат мавриди омурзиш (бахшиши) худаш қарор дод.

Дуруст аст, ки мард бояд аз ҳамсараш муроқибат кунад, локин на ба ҳадде, ки мӯҷиби бадгумонӣ ва бадбинии ӯ ба ҳамсараш шавад. Марде, ки ба ин бемории хонамонсӯз мубтало шавад, зиндагиро бар худ ва атрофёнаш талх мекунад. Корҳои ҳамсаршро бо бадбинӣ нигоҳ мекунад ва монанди соя ӯро таъқиб мекунад.

Ин масъала ба қадре ҳассос аст, ки баъзе мардонро водор ба баҳонагирӣ ва талоқ мекунад ва чӣ асафбор аст, зане, ки бар асос як лаҳза сӯҳбат кардан, қурбонии таассуби беҷойи шавҳараш шудааст. Паёмбари Ислом(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) мефармоянд:

Ҳар кас ба мард ё зани муъмин тӯҳмат бизанад, Худованди мутаол дар қиёмат ӯро бар талли аз оташ нигаҳ медорад то ба кайфари бӯҳтонаш бирасад.

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.