Нукоте перомуни мароҳили тарбияти кӯдак

64

Тарбияти некӯи фарзанд кори бисёр печидаест ва дар ин росто, риояти нукоти мазкур барои тарбияти беҳтари фарзандонамон ба мо кӯмак хоҳад намуд:

Эҳсоси амиқи фарзандатонро тасдиқ кунед

Замоне ки фарзандатон шикасти сахтеро пушти сар гузошт, аз ӯ бипурсед, ки “чӣ эҳсосе доштӣ?” – ва “фикр мекунӣ, чӣ чиз ҳолатро беҳтар мекунад?” Сипас ба ҳарфҳои ӯ гӯш диҳед. Агар ба ӯ имкон диҳед дар бораи даврони талхиаш ҳарф бизанад ва сӯҳбат кунад ва худро холӣ кунад, хеле роҳаттар ва зудтар ҳолаш хуб мешавад.

Фарзандамонро бо эҳсоси масъулият тарбият намоем

Дар тамоми айёми сол роҳҳое барои кӯмак ба дигарон пайдо кунед. Анҷоми корҳои довталабона ва бидуни интизор дар ҷомеа эҳсоси хударзишмандиро дар кӯдакон шакл медиҳад.

Фарзандамонро эрка ва лус тарбият накунем

Ин зеҳниятро ҳамеша мадди назар дошта бошем, ки ҳар кӯдаке гиромӣ ва арзишманд аст, аммо ҳеч кӯдаке маркази ҷаҳони хилқат нест ва ҳамин тарзи фикрро ба ӯ низ мунтақил кунем.

Ба фарзандамон бигӯем одами хуб кист?

Ин корро зуд оғоз кунем. Барои мисол, замоне ки достони қабл аз хобро барояш мехонем, аз кӯдакамон бипурсем, ки кадом шахсият меҳрубон аст ё одами бад аст? Ва баррасӣ кунем, ки чаро ин тавр фикр мекунад.

Сомонаи интернетии “Хонавода намуна”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.