Ахлоқ дар суханони Паёмбар(с)

72

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд:

“Беҳтарин мардони уммати ман, он касоне ҳастанд, ки нисбат ба хонаводаи худ хашин ва мутакаббир набошанд ва бар онон тараҳҳум кунанд ва ба онон озор нарасонанд”.

***

“Ин гуфтори мард ба ҳамсараш, ки: “ман туро дӯст медорам”, ҳаргиз аз қалби зан берун намеравад”.

***

“Ҳар кас ба бозор биравад ва ҳадяе барои хонаводааш бихарад ва бибарад, подоши ӯ монанди касест, ки барои ниёзмандон садақа мебарад. Ва ҳангоме ки ҳадяеро ба хона мебарад, бояд пеш аз писарон ба духтараш бидиҳад, зеро касе, ки духтарашро шодмон кунад, монанди касест, ки як банда аз фарзандони Исмоилро озод кардааст. Ва ҳар кас бо додани ҳадяе чашми писареро рӯшан кунад (ва ӯро шод гардонад), гӯё аз тарси Худо гиристааст ва ҳар кас аз тарси Худо бигиряд, Худованд ӯро дохили неъматҳои биҳишт кунад”.

***

“Ҳар гоҳ яке аз шумо ба мусофират равад ва сипас аз сафар баргардад, пас бояд барои хонаводаи худ ба андозае, ки тавоноӣ дорад, савғотӣ биёварад”.

***

“Ҳамон гуна ки мардон дӯст доранд, зинату ороишро дар занонашон бинанд, занон низ дӯст доранд, зинату ороишро дар мардонашон бинанд”.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.