Шеваҳои эҳтиром ба ҳамсар-2

120

 

Тавсияҳое барои бонувон

1 – Риояти адаб

2 – Таваҷҷӯҳи бештар ба ҳамсар

***

3 – Эҳтиром ба хешовандони ҳамсар

Дар бархурд бо хешовандони шавҳар, бо онҳо хушбархурд ва хушрафтор бошед ва ба онҳо эҳтиром гузоред.

Ҳарчанд вақт як бор онҳоро ба хонаи худ даъват кунед. Агар дар ҳаққи шумо бадие карда бошанд, гузашт кунед ва ба хотири ин кор, шавҳари худро хиҷолатзада нагардонед.

Бо иҷрои ин шеваҳо, ӯ низ меомӯзад, ки ба хешовандон ва бастагони шумо низ эҳтиром гузорад.

4 – Итоат аз шавҳар

Итоат аз шавҳар ва пазириши дархостҳои ӯ, аз нишонаҳои рӯшани эҳтиром ба ӯст.

Мумкин аст, мард аз ҳамсари худ бихоҳад либоси ӯро бишӯяд ё уту кунад, як истакон об ба ӯ диҳад, хӯрокро зудтар омода кунад, телевизионро барои истироҳати ӯ хомӯш кунад ва ғайра, пазириши ин гуна хостаҳои мард аз сӯи ҳамсараш, илова бар он ки эҳтиром аст, боиси афзоиши муҳаббати ӯ нисбат ба ҳамсараш мешавад ва зиндагиро ширинтару лаззатбахштар менамояд.

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Ҳар зани солеҳе, ки бандагии Парвардигоррро анҷом диҳад, воҷиботи Худоро анҷом диҳад ва аз шавҳари худ итоат кунад, дохили биҳишт мешавад”.

Инчунин дар ривояти дигаре аз Расули Акрам(с) нақл шудааст: “Ҷиҳоди зан – хуб шавҳардорӣ кардан аст”.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.