Сарпарастии мард дар хонавода

91

Тавсияҳое барои бонувон

1 – Риояти адаб

2 – Таваҷҷӯҳи бештар ба ҳамсар

3 – Эҳтиром ба хешовандони ҳамсар

4 – Итоат аз шавҳар

***

5 – Сарпарастии мард бар хонавода

Медонем, ки мард масъулияти сарпарастии хонавода ва мудирияти куллии онро бар ӯҳда дорад ва ин масъулият ба далели вижагиҳои хосси ҷисмонӣ ва ақлонӣ, бар ӯҳдаи мард гузошта шудааст.

Аз сӯи дигар, мард дар сурате қодир ба анҷоми ин вазифа хоҳад буд, ки ҳамсар ва фарзандон, тасмимот ва хостаҳои ӯро бипазиранд.

Тасмимоте аз қабили шаҳр ё маҳалли сукунат, идомаи таҳсил, касбу кор ва монанди он, бидуни пазириш аз сӯи зан, қобили иҷро нахоҳад буд.

Пазириши ин барномаҳо аз сӯи зан, нишонаи пазириши ҳаққи сарпарастии мард бар хонавода ва риояти ҳурмати ӯст.

Ногуфта рӯшан аст, ки мард дар тасмимгириҳо ва барномарезиҳояш дар бораи хонавода, бояд бо ҳамсари худ машварат кунад ва бо мадди назар қарор додани дидгоҳи ӯ, беҳтарин ва маъқултарин тасмимро, ки ба нафъи ҳамаи аъзои хонавода бошад, бигирад.

6 – Эҳтироми шавҳар дар баробари дигарон

Лозим аст, занон ҷиҳати ҳифзи ҳурмати шавҳари худ, дар назди дигарон ба хусус дар ҳузури хешовандони худи ҳамсар, дар эҳтиром ба ӯ, кӯтоҳӣ накунанд.

Зан бояд дар ҳузури дигарон, шавҳари худро бо риояти адаб садо кунад. Ҳеч гоҳ набояд дар ҳузури хешовандон ӯро бо беэҳтиромӣ садо кунад, ё аз ӯ ба бадӣ ёд кунад.

Инчунин лозим аст, зан айбу нақси шавҳари худро махфӣ кунад ва агар дигарон аз ӯ ба бадӣ ёд мекунанд, аз шавҳари худ дифоъ намояд.

Инҳо нишонаи эҳтироми зан ба шавҳар аст ва рафтори эҳтиромомези мутақобилро аз сӯи ӯ бархоҳад ангехт.

Бинобар ин, биёед муҳити зиндагии худро ба гунае бисозем, ки бо қадам задан дар он эҳсоси шодобӣ ва иштиёқ кунем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.