Таълиму тарбият дар давраи навҷавонӣ

101

 

Давраи булуғ ва навҷавонӣ аз назари мураббиёни ахлоқ, равоншиносон ва дигар мутахассисон давраи ҳассосест, ки файласуфони қадим, аз ҷумла Суқрот, Афлотун ва Арасту ба он таваҷҷӯҳ кардаанд.

Жан Жак Руссо дар китоби Эмил, булуғро таваллуди дубора номидааст. Ин марҳала, ки ҳамзамон бо тағйиру дигаргунӣ дар ҷанбаҳои ҷисмӣ ва равонӣ ва итиқол аз кӯдакӣ ба бузургсолӣ мебошад, аз назари тарбиятӣ, давраи мушкил ва масъаласоз аст. дигаргунӣ дар авотиф, эҳсосот, хулқу хӯй, хаёлпардозӣ, танаввӯъталабӣ ва ғайра дар ин давра рух медиҳад.

Бинобар ин, бо таваҷҷӯҳ ба ҳассосияти вижаи давраи булуғ аз назари ҷисмонӣ, отифӣ, ақлонӣ, иҷтимоӣ ва ба таври куллӣ рушди шахсияти навҷавонон, бояд ин давраро муҳим бишморем ва лозим аст, ки аз тариқи омӯзишҳои лозим ва саҳеҳ, навҷавононро ҳидоят ва иршод кард. Булуғ нахустин аломати марҳалаи навҷавонӣ аст ва аҳамияти он ба ҳаддест, ки дар фарҳангҳои мухталиф маросим ва ташрифоти хоссеро дар пай дорад. Ин вижагиҳо бо аломатҳо ва хосиятҳои ҷисмонӣ ва равонӣ мушаххас аст ва аломатҳои баданӣ ва ҷинсӣ комилан мушоҳида мешавад.

Вижагиҳо ва хусусиёти рафтории навҷавонон, ки дар равоншиносии булуғ ва навҷавонӣ юа он пардохта мешавад, маъмулан аз синни 12 то 21 солагиро дарбар мегирад. Бархе аз мутахассисон ин давронро ба се марҳала тақсим мекунанд:

1 – Марҳалаи пеш аз навҷавонӣ, ки синни 10 то 12 солагиро дарбар мегирад.

2 – Марҳалаи навҷавонии аввалия, ки аз синни 13 то 16 солагиро дарбар мегирад.

3 – Марҳалаи навҷавонии сонавия, ки аз синни 17 то 20 солагиро дарбар мегирад.

Албатта ин тақсимбандӣ барои суҳулати таҳқиқ мебошад ва наметавон одамиро, ки як системаи якпорча аст, ба воҳидҳо ва марҳалаҳо тақсим намуд, чаро ки рафтори ӯ баргирифта аз як организми ба ҳам пайваста аст.

Муҳимтарин хосиятҳои даврони булуғ

Муҳимтарин хосиятҳои даврони булуғ ва навҷавонӣ, ки аъмолу рафтори навҷавонро таҳти таъсир қарор медиҳад ва хеле аз онҳо табиӣ мебошад, иборатанд аз:

Хонавода ва тарбият

1 – Эҳсосоти тунд

Яке аз хусуиёти ин давра дар навҷавонӣ эҳсосотӣ будани онон аст, ки бо хашм, беҳавсалагӣ, қаҳр кардан, фарёд задан, зудранҷӣ ва барангехтагии шадид ҳамроҳ аст. Албатта бо афзоиши син ин ҳолот коҳиш меёбад ва рафтори ӯ мутаодил мегардад.

2 – Эҳсоси хастагӣ

Дар давра навҷавон аз фаъолиятҳои зиндагӣ эҳсоси хастагӣ мекунад ва баъзан корҳоро ниматамом раҳо мекунад ва бо саросемагӣ тасмим мегирад.

3 – Мунзавӣ ва гушагир будан

Баъзан навҷавонон бо аъзои хонаводаи худ мушкил дошта ва аз онон дурӣ меҷӯянд ва худро дар ҳолати рӯъё тасаввур мекунанд ва эҳсос менамоянд, ки атрофиён, ӯро дарк намекунанд ва бар хилофи майли ботинии ӯ амал мекунанд.

4 – Ситезаҷӯӣ

Маъмулан навҷавон дар ин давра аз зиндагонӣ бо масоили иҷтимоӣ тазод дорад ва адами мувофиқат, адами ҳамкорӣ, интиқод кардан ва ҳатто беэҳтиромӣ ба ҳамдигар зиёд мушоҳида мешавад, ки бо гузашти замон аз байн меравад.

5 – Набуди эътимод ба нафс ва худбоварӣ

Дар марҳалаи булуғ ва навҷавонӣ ба далели интиқодҳои бузургсолон аз навҷавон, интизороти беш аз тавони ӯ доштан, боис мегардад, ки навҷавон даврае аз беътимодӣ нисбат ба хештанро пушти сар гузорад ва тарс аз шикаст дошта бошад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.