Навҷавон ва таълиму тарбият

84

 

Таълиму тарбият дар давраи навҷавонӣ – идомаи матлаб

Таҳаввулот ва дигаргуниҳое, ки барои як навҷавон пеш меояд, ба далели тарашшуҳоти ҳормонӣ, ибтидо ранги ҷинсӣ ба худ мегирад ва ба як бӯҳрон мубаддал мешавад ва дар ниҳоят, ба як марҳала аз сохта шудан ва омода шудан барои зиндагии иҷтимоӣ табдил мешавад.

Аз назари рушди ақлӣ навҷавон пешрафти хубе дошта ва бо кӯмаки муқоиса кардан метавонад масоилро пешбинӣ кунад, фарзиясозӣ намояд ва дар ниҳоят истеъдоди билқувваи худро ба сурати билфеъл дарорад.

Ҳамроҳ бо тағйироти баданӣ, дигаргуниҳое дар тахайюлот ва тасаввурот, тамоюлот ва хостаҳо  ва эҳсосоти навҷавон ба вуҷуд меояд.

Дар давраи навҷавонӣ истиқлолталабӣ яке аз масоили муҳим ба шумор меравад ва навҷавон мехоҳад аз назари молӣ худкифо бошад, ки ин боиси кашмакаши дарунии ӯ мегардад.

Ӯ бояд ҳадаф дар зиндагиро ташхис дода ва ҳувияти хешро бишносад. Ҳувият тасвирест, ки фард аз хештан дорад, ки мумкин аст бо тасаввуроте, ки дигарон аз ӯ доранд, мутобиқ бошад ва ё бо онон тафовут дошта бошад, навҷавононе, ки ҳувияти муваффақ доранд, бо мушкилот ба сурати мантиқӣ бархӯрд карда ва бар асоси эҳсоси арзишмандӣ ва иззати нафс аз ӯҳдаи ҳалли масоил ба хубӣ мебароянд ва навҷавононе, ки ҳувияти муваффақ надоранд, эҳсоси шикаст, танҳоӣ ва бекасӣ менамоянд, ки мумкин аст ба тарафи корҳои хилоф кашида шаванд.

Дар бӯҳрони ҳувият, навҷавон шадидан дучори изтиробу нороҳатии зеҳнӣ аст, ба сурате ки наметавонад ҷанбаҳои шахсияти хешро дар хештан қобили қабул ва ҳамоҳанг созмон диҳад. Ба ҳангоми бӯҳрони ҳувият навҷавон дар се маврид ё бештар аз мавориди зер дучори шакку тардид аст:

– Аҳдофи дарозмуддат;

– Интихоби шуғл ва касбу кори дилхоҳ;

– Улгу ва сармашқҳои рафторӣ;

– Рафор ва хостаҳои ҷинсӣ;

– Ташхиси динӣ ва мазҳабӣ;

– Низоми арзишҳои ахлоқӣ;

– Тааҳҳуди гурӯҳӣ.

Ин аломатҳо ҳадди ақал се моҳ вуҷуд доранд ва боиси мушкилот дар амалкарди иҷтимоӣ ё шуғлӣ мешаванд. Бӯҳрони ҳувият навҷавонро ба ибҳом ва сардаргумӣ мекашонад.

Муваффақият дар касби ҳувияти пойдор, вобаста ба булуғи баданӣ ва ҷинсӣ, шоистагӣ дар тафаккур ва пойдорӣ дар муқобили ҳаяҷонот аст.

Навҷавон дар шаклгирии ҳувият, таҳти таъсири муҳити иҷтимоии худ мебошад, бинобар ин таълиму тарбият нақши муҳимме дар ин замина метавонад дошта бошад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.