Вазоифи ихтисосии ҳамсарон(қисмати аввал)

69

Зан ва шавҳар гузашта аз вазоифи мутақобиле, ки нисбат ба якдигар доранд, ҳар кадом вазоифи ихтисосӣ низ бар уҳда доранд, ки ба баёни баъзе аз онҳо мепардозем

Вазифаҳои мард

Вазифаҳои муҳиме, ки мард дар муқобили ҳамсар ва фарзандонаш дорад, иборат аз:

  • Сарпарастӣ ва мудирият

Мард ба ҳукми ақл ва шаръ, симати сарпарастии хонаводаро ба уҳда дорад, зеро ӯ дар буъди ҷисмӣ ва ақлӣ бар зан бартарӣ дошта, барои идораи хонавода тавонои бештарӣ дорад; илова бар ин, таъмини ҳазинаи зиндагӣ низ бар уҳдаи ӯ гузошта шуда аст. Қуръони карим мефармояд:

 “Мардон, сарпараст ва нигаҳбони занонанд, ба хотири бартариҳои, ки худованд (аз назари низоми иҷтимоъ)  барои баъзе нисбат ба баъзи дигар қарор дода аст, ва ба хотири инфоқҳои,ки аз амволашон (дар мавриди занон) мекунанд”. [1]

Иллати сарпарастии мард, бартарии руҳӣ, ақлӣ ва ҷисмии ӯ бар зан аст, чаро, ки ба ҷиҳати қудрат идораи отифаҳо, тавонои бештаре барои мудирияти хонавода дорад; гарчи зан низ аз ҷиҳати отифӣ бар мард ғалаба дорад ва ҳеҷ кадом аз ин бартариҳо, нишонгари нақси вуҷудӣ нест, балки ҳар як мутаносиб бо ҷинсияти худ, тавоноиҳои хоссе доранд ва ҳамоҳанг кардани ин тавоноиҳо бо масъулиятҳо саодати хонаводагии зан ва мардро таъмин мекунад.

Зан, монанди гул, зариф ва латиф аст, ҳамон гунае, ки гул таҳаммули офтоби сузон ва бод ва туфонро надорад, зан низ тавони таҳаммули масъулиятҳои сангин ва тоқатфарсои зиндагиро надорад.

Амирал муъминин  (а) ба фарзандашон имом Ҳасани Муҷтабо (а)  чунин андарз медиҳанд:

 “Ба зан пеш аз умури шахсият, коре маспор, ки зан ( чун) дастаи гул аст на қаҳрамон”. [2]

Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки муваффақияти мард дар мудирияти хонавода, танҳо бо ҳукумат бар дили зан  муяссар мешавад; агар аъзои хонавода ба мард алоқаманд буда ва дар умқи вуҷудашон барои ӯ эҳтиром қоил бошанд, ӯ метавонад дар идораи хонавода муваффақ бошад, ва гарна тавассул ба зур ва хушунат, на танҳо коргушо нест балки бар нобасомонии хонавода меафзояд.  Албатта ҳар фарде бояд аз ихтироти худ дар ҷиҳати масолеҳи хонавода истифода кунад, на дар ҷиҳати тасбити бартариҷӯӣ ва хостаҳои худхоҳонаи худ. Ба таври табиӣ, ихтиёроти сарпарасти хонавода, агар дар ҷиҳати масолеҳи онҳо ба кор гирифта шавад, таъсири зиёде дар саодати хонавода хоҳад дошт.

Масъулияти мард, танҳо дар расидагӣ ба буъди моддии хонавода маҳдуд намешавад, балки ҳидояти афроди хонавода, назорати ҳамешагӣ дар тарбияти онҳо, амри ба маъруф ва ҷилавгирӣ аз инҳирофоти ахлоқии онҳо низ аз вазифаҳои муҳими мард дар муҳити хона аст. Қуръони карим мефармояд:

    “Эй касоне, ки имон овардаед; худ ва хонаводаи хешро аз оташе, ки ҳезуми он инсонҳо ва сангҳост, нигоҳ доред”. [3]

Аз имом Содиқ (а)  дар бораи тафсири ин оя пурсиданд. Он ҳазрат фармуданд:

“онҳоро амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункар кунед” гуфтанд: ин корро мекунем, аммо онҳо қабул намекунанд; фармуд:  “дар ин сурат вазифаи худро анҷом додаед.”[4]

Албатта  ин дар сурате аст, ки ҷилавгирӣ аз гуноҳ, аз тавони мард хориҷ бошад, аммо дар сурати тавон бояд бо бархурди шоиста, вуқуи мафосид ва инҳирофот, пешгирӣ кунад ва гарна масъул аст.

Бе тафовутии мард нисбат ба тааҳҳудоте, ки дар мавриди ҳидояти хонавода ва ҳифзи он дар баробари инҳирофот бар уҳдаи ӯст, зиёнҳои ҷуброннопазириро дар пай хоҳад дошт. Қуърони карим мефармояд:

   “ Зиёнкорони воқеӣ дар рӯзи қиёмат ононанд, ки сармояи вуҷуди хеш ва бастагонашонро аз даст додаанд! Огоҳ бошед, ки зиёни ошкор ҳамин аст”![5]

[1]. Сураи Нисо, ояти 34

[2]. Наҳҷул балоға, номаи 31

[3]. Сураи Таҳрим, ояти 6.

[4] . Васоил, ҷ 14, саҳ 127.

[5] . Сураи Зумар, ояти 15.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.