Кӯдакон метавонанд зидди волидон ба мақомот шикоят кунанд

Дар Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак мавриди амал қарор гирифтанд, ки насли хурдсолро аз ҳимояти бештар бархӯрдор мекунанд

154

Кӯдаке, ки ақидаҳои худро мустақилона ифода карда метавонад, ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоти васоят ва парасторӣ, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ бевосита муроҷиат намояд.
Ин нукта дар моддаи нави қонун дар бораи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак, ки ахиран мавриди амал қарор гирифт таъкид шудааст.
Дар қонун таъкид шудааст, ки нисбат ба кӯдак истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ манъ аст.

Зикр шудааст, ки ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, аз ҷумла иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба нигоҳубин, тарбия ва таълими кӯдак аз ҷониби падару модар ё ҳангоми суиистифода аз ҳуқуқҳояшон, кӯдак метавонад ба мақомот муроҷиат кунад.

Тавзеҳ дода шудааст, ки кӯдаконе, ки ақидаҳои худро мустақилона ифода карда метавонад, бевосита аз ин ҳуқуқ бархӯрдоранд.

Дар иттилоия омадааст: “Ҳуқуқи кӯдак ба изҳори ақида вобаста ба синну сол маҳдуд карда намешавад. Ба кӯдак дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд имконият дода шавад, ки фикри худро дар шакле, ки ӯ мехоҳад, баён кунад”.
Тағйирот дар ҳолеянд, ки қаблан ба шабакаҳои иҷтимоӣ бархе наворҳои зӯроварӣ нисбати кӯдакон аз ҷониби волидон роҳ ёфтанд, ки боиси сару садо гардиданд.

Бознашр аз сомонаи Спутник

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.