Ҳафт иштибоҳи мунҷар ба талоқ (қисмати аввал)

161

Ҳарсола миллионҳо нафар дар саросари дунё аз якдигар ҷудо мешаванд ва худ, волидайн ва кӯдакони худро дучори паёмадҳои баъд аз талоқ мекунанд. Мутаассифона омори талоқ низ дар кишвари мо ба тарз ваҳшатноке дар ҳоли густариш аст. Падидаи талоқ аз онҷое барои ҷомеашиносон дорои аҳамият аст, ки ҳастаи марказии хонаводаҳои насли ояндаи башар дар хатар аст. Имрӯза завҷҳои ҷавон бе таваҷҷуҳ ба авомиле, ки волидайни онҳо дар гузашта барои шинохти ҳамсари муносиб истифода мекарданд, издивоҷ карда ва фикр мекунанд, ки равишҳои мутмаин вале қадимии гузашта барои зиндагӣ дар асри ҳозир корбурде надоранд. Мутааоссифона издивоҷҳое, ки ин рӯзҳо сурат мегирад бештар аз онки ҷанбаи хонаводагӣ дошта бошад ҷанбаи отифӣ дошта ва бидуни шинохти кофӣ аз рӯҳиёт ва вежагиҳои ахлоқии тарафи муқобил сурат мегирад. Дар канори мавориде, ки аз дарун боиси аз ҳам пошидагии хонавода мешавад гоҳ авомиле аз дунёи хориҷ боиси эҷоди мушкилоти гуногун дар муҳити хонавода ва ниҳоятан талоқ мегардад. Ин мақола бар асоси назароти беш аз даҳҳо марду зан навишта шудааст, ки аз ҳамсарони собиқи худ ҷудо шудаанд ва замоне мутаваҷҷеҳи иштибоҳоти худ шудаанд, ки дигар дер шуда ва фурсате барои онҳо боқӣ намонда буд вале шояд ҳанӯз барои шумо дер нашуда бошад ва битавонед бо анҷоми иқдомоти муассир зиндагии хонаводагиатонро аз табоҳӣ наҷот диҳед. Авлавияти матолиби зикр шуда бар асоси бештарин мавориде аст, ки зиндагии заношуииро ба самти дарвозаи талоқ ҳидоят мекунад.

  1-Ба волидайнатон иҷозаи дахолат надиҳед

Ин қонуни табиат аст, ки ҳар мавҷуде дар табиат рӯзе бояд мустақил шуда ва рӯи пои худ биистад. Ин ҳақиқат ҳамон қадар, ки барои ҳайвонот сидқ мекунад барои инсонҳо низ содиқ аст. Инсонҳо издивоҷ мекунанд то мустақил шаванд. Иштибоҳе, ки теъдоде аз волидайн муртакиб мешаванд ин аст, ки онҳо бо нияти хайрхоҳонаи худ ё баъзан сангандозӣ дар зиндагии фарзандони худ дахолат мекунанд. Волидайн бо дахолат дар зиндагии фарзандони худ танҳо зиндагии онҳоро талх мекунанд. Баъд аз издивоҷ агар зан ё шавҳар ба таври комил аз волидайни худ ҷудо нашуда бошанд эҳтимоли бурузи ин мушкил дар зиндагии заношуии онҳо бештар аст. Маъмулан хонаводаҳои такфарзандӣ дӯст надоранд, ки фарзандони онҳо баъд аз издивоҷ аз онҳо ҷудо шаванд ва бидуни таваҷҷуҳ ба ин нукта, ки ин кор мумкин аст боиси ба вуҷуд омадани мушкилоте дар зиндагии заношуӣ шавад саъй мекунанд то ҳамсару фарзанди худро маҷбӯр ба зиндагӣ дар хонаи муштарак кунанд. Мумкин аст завҷайн ба иллати баъзе аз мушкилоти молӣ бихоҳанд то дар хонаи ақвом ё волидайни худ зиндагӣ кунанд. Бисёре аз завҷҳое, ки аз ҳамсари худ талоқ гирифтаанд ба ин мавзӯъ ишора мекунанд, ки дахолатҳои беҷои волидайн натанҳо мушкилеро ҳал намекунад, балки боиси ҷудоии онҳо аз якдигар мешавад.

 2- Аз мушовири хонавода кумак бигиред

Дар воқеъ машварат бо мутахассисони масоили хонаводагӣ ба як зарурати иҷтимоӣ дар дунёи имрӯз табдил шудааст ва набояд бо бетаваҷҷуҳӣ аз канори он гузашт. Агар имрӯз мехоҳед, ки зиндагии ороме дошта бошед ва дар парвариш ва роҳнимоии дурусти фарзандон ва ғайра роҳи хаторо наравед (ҳамеша решаи ҳамаи мушкилот дар равобити заношуӣ нест, гоҳе мушкилоте, ки ба вуҷуд меояд ва решаи зиндагии хонаводагиро хушк мегардонад ба иллати ихтилофоте аст, ки бар сари наҳваи тарбияти фарзандон ба вуҷуд меояд) метавонед аз назароти як коршинос барои идораи ҳарчи беҳтари зиндагии худ кумак бигиред. Барои ин кор завҷайн фақат бояд каме инъитофпазирӣ аз худ нишон диҳанд ва аз гӯши шунавои худ барои шунидани назароти дурусти тараф муқобил истифода кунанд. Бо ин ҳол пурсишҳое вуҷуд доранд, ки завҷҳо ба танҳоӣ наметавонанд барои онҳо посухе пайдо карда ва дар ин сурат бояд ба мушовири хонавода муроҷиа кунанд. Мушовири хонавода фақат барои танзими хонавода нест. Дар кишварҳои Аврупоӣ мушовири хонавода нақши бисёри бештар аз он чизе дорад, ки мушовирон дар кишварҳои осиёӣ доранд. Тибқи табақабандиҳои ташхиси равонпизишкӣ масоил ва мушкилоти заношуӣ ва хонаводагӣ яке аз болотарин илали руҷъ ба клиникҳо ва марокизи хадамоти мушовираи аст, ки ин худ гувоҳи сиҳати матолиби зикршуда аст.

  3- Ба ҳамсари худ бетаваҷҷуҳӣ накунед

Завҷайн бояд аз ҳар тариқе, ки метавонанд ба якдигар муҳаббат кунанд. Баъзе аз завҷҳои ҷавон интавр фикр мекунанд, ки фақат бо хариди туҳфаҳои қимат аст, ки метавонанд алоқаи худро ба ҳамсарашон нишон диҳанд. Гоҳе як шоха гули сурх ва ё як иборати «Азизам дӯстат дорам» таъсире бар рӯи ҳамсар мегузорад, ки гаронқиматтарин ҳадияи дунё наметавонад ҷои онро бигирад. Гуфтугӯ бо завҷҳои ҷавон нишон додааст, ки онҳо аз тариқи моддиёт наметавонанд ба ишқ ва отифаи мавриди ниёз бирасанд, чизе, ки онҳо хостори он буданд муҳаббат ва самимияти бидуни қайду шарти ҳамсаронашон будааст. Равишҳои мисли коду додан, гул харидан, берун ғизо хӯрдан ва ғ. фақат ҷанбаи кумакӣ дорад ва ба танҳоӣ наметавонад дар зиндагии муштарак тавлиди ишқ кунад. Яке аз хонумҳо дар сӯҳбатҳои худ ба ин мавзӯъ ишора кард, ки «шавҳарам ҳар вақт манро латукуб мекард баъдаш бароям ҳадия мехарид то аз ман маъзаратхоҳӣ кунад, ман ҳам ба хотири зиндагии муштаракамон ӯро мебахшидам вале ин кор дар ӯ ба одат табдил шуда буд. Шавҳари ман пеши худ ин тавр фикр мекард, ки ҳар вақт бихоҳад метавонад маро бизанад ва баъдаш барои ман як ҳадия бихарад ва ҳама чизро ҳал кунад.» Ин хонум иллати шикасти зиндагии заношуии худро бетаваҷҷуҳии ҳамсараш ба ниёзҳои отифии зиндагии худ медонист, чизе, ки ҳеҷ ҳамсаре таҳаммули онро надорад.

Ҳафт иштибоҳи мунҷар ба талоқ(қисмати дуюм)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.