3 роҳ барои фаҳмидани дурӯғ

179

Таҳқиқоти ҷадид нишон медиҳад, ки барои фаҳмидани дурӯғи тарафи муқобил, беҳтар аст ба ҷои диққат дар сухани фард ба ҳаракатҳои ҷисму бадан ва ҳолатҳои чеҳраи ӯ ҳамчун хира нигоҳ кардан, дуздидани нигоҳи чашм ва ҳаракатҳои носозгор таваҷҷӯҳ кард.

Далели дурӯғ гуфтан чист?

Доктор ellen hendriksen, равоншиноси болинӣ дар маркази бемориҳои изтиробу ихтилолот (вобаста ба донишгоҳи Масачосет дар Амрико дар ҷадидтарин баррасиҳои худ, роҳҳоеро барои рӯбарӯӣ бо афроди дурӯғгӯ ёфтааст.

Дурӯғгӯӣ маъмулан ба ду шакл дида мешавад. Яке дурӯғҳои камхатар, ки тақрибан ҳамаи мо даргири он ҳастем; монанд ин: «ман ҳаргиз паёми шуморо дарёфт накардам». Навъи дигар, ки дуруст дар муқобили навъ аввал қарор мегирад, дурӯғҳои пурхатаре ҳастанд, ки хушбахтона камтар роиҷанд. мисол барои ин навъ дурӯғ, ҷумалоте аз ин қабил аст: «ман ҳеҷ робитае бо ин шахс надоштам».

Роҳкорҳои фаҳмидан дурӯғ

Дар ҳар сурат масъалаи муҳим он аст, ки оё метавон дар мувоҷеҳа бо афроди дурӯғгӯ ҳақиқатро мудирият кард?

Таҳқиқот мегӯяанд, ки эҳтимолан моҷаро ба ин содагӣ нест.

Мо дар шиносоӣ ва радёбии дурӯғҳо тақрибан нотавон ҳастем.

Ҳатто фановариҳои ҷадид ҳам наметавонанд ба мо кумак кунанд ва шонси кори моро беҳбуд бахшанд.

Дар соли 2009 таҳқиқоте анҷом шуд, ки дар маҷаллаи улуми қонунии Forensic Ssciences ба чоп расид.

Дар он тавзеҳ дода шуд, ки бо шеваи «таҷзия ва таҳлили изтироби садо» метавон то ҳадде ба рост ё дурӯғ будани сӯҳбатҳои фарди мавриди назар пай бурд.

Соли 2014 таҳқиқоти дигаре бо ҳамин мавзӯъ анҷом шуд, ки нишон дод афроди ҳушманд ба роҳатӣ аз дурӯғгӯҳо фиреб мехӯранд.

Албатта ин масъала ба он маъно нест, ки мо наметавонем шонси худро беҳбуд бахшем.

Ва битавонем ҷилави ин масъаларо бигирем; аммо равиши хоссе ҳам барои ташхиси ин фиреб вуҷуд надорад.

Дар таҳқиқоти ҷадид роҳҳои мутафовите ироа шудааст, ки то ҳадде дурӯғ гуфтани тарафи муқобилро фош мекунад.

Роҳи нахуст, нишонаҳои ҷисмӣ ва баданӣ аст.

Хира нигоҳ кардан ё дуздидан нигоҳ, яке дигар аз нишонаҳои дурӯғгӯӣ аст.

Аз дигар нишонаҳои дурӯғгӯӣ ҳаракатҳои носозгор аст, ки ба таври маъмул дар ҳаракатҳои бадан ва ҳолатҳои чеҳраи фард дурӯғгӯ дида мешавад.

Дар як дурӯғи воқеӣ, мумкин аст шумо тағйироти ҳолатҳои чеҳраи фарди дурӯғгӯро бубинед.

Ин ҳолатҳо метавонанд як лабханд ё як беқарорӣ бошанд, ки ба воситаи он битавон дурӯғи фардро пешбинӣ кард.

Хира нигоҳ кардан ё дуздидани нигоҳ яке дигар аз нишонаҳои дурӯғгӯӣ аст. Бештари дурӯғгӯҳо медонанд, ки дурӯғ гуфтан иштибоҳ аст, бинобарин дар лаҳзае, ки дурӯғ мегӯянд, талош мекунанд то иртиботи чашмии худро бо тарафи муқобил коҳиш диҳанд. Илова бар ин, дурӯғ гуфтан умуман энержиҳои шинохтӣ ва отифии зиёдеро дар бармегирад, ки мумкин аст дар фард ҳамрехтагии эҳсосӣ эҷод кунад; бинобарин дар ин замон фард саъй мекунад, ки ба дӯрдаст бингарад.

Аз дигар нишонаҳои дурӯғгӯӣ ҳаракатҳои носозгор аст, ки ба таври маъмул дар ҳаракатҳои бадан ва ҳолатҳои чеҳраи фарди дурӯғгӯ дида мешавад. Метавон гуфт калимаҳо дурӯғ мегӯянд, аммо бадан ҳақиқатро нишон медиҳад; бинобарин тавсия мешавад дар мувоҷеҳа бо фарди дурӯғгӯ бештар ба ҳаракоти вай таваҷҷӯҳ шавад то суханони ӯ.

Набояд фаромуш кард, ки дурӯғ гуфтанро набояд бо пинҳон кардани эҳсосот яксон донист.

Microexpressions гуфтаҳои мухтасару ғайри мустақими сурат ҳастанд, ки барои нишон додани ҳолатҳои чеҳра ба ду бахш тақсим мешаванд ва авотифу эҳсосот фардро пинҳон мекунанд.

Шумо мумкин аст изтироби худро пинҳон кунед ва дар мавқеияти ногувор ва нохушоянд, ҳассосияти худро контрол кунед. Ин маворид ҳикоят аз дурӯғ намекунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.