Ҳафт иштибоҳи мунҷар ба талоқ(қисмати дуюм)

120

4 Интизоротатонро аз ҳамсаратон мушаххас кунед

Лозимаи як иртиботи хуб дар зиндагии заношуӣ мушаххас шудани хостаҳо ва маҳдудиятҳо аст. Аввалин қонуни зиндагии муштарак ин аст, ки интизороти шумо аз ҳамсартон бояд мантиқӣ бошад ва дувум инки ҳамсари шумо низ дақиқан мутаваҷҷеҳи мафҳуми интизороти шумо шуда бошад то ҷое барои ҳеҷ фаҳми нодуруст боқӣ намонад. Бисёре аз завҷайн интизор доранд, ки баъд аз издивоҷ вориди як сарзамини рӯъёӣ ва пур аз шодӣ шаванд, ғофил аз инки гоҳе дар зиндагӣ мушкилоте пеш меояд, ки ношӣ аз надоштани фаҳми саҳеҳи тарафи муқобил аст. Нофаҳмо будани ниёзҳои тарафи муқобил боиси вуруди сарзаниш ба марзи отифии зиндагии муштарак ва ниҳоятан аз байн рафтани эҳсоси эҳтиром нисбат ба якдигар мешавад.

Яке аз саволҳое, ки завҷайн бояд аз худ бипурсанд ин аст, ки барои ҷилавгирӣ аз эҷоди ташаннуҷ дар зиндагӣ аз чӣ чизҳое бояд сарфи назар кунем? Матраҳ кардани ин савол хеле муҳимм аст. Чун на зан ва на мард ҳеҷ кадом наметавонанд ба тамоми ниёзҳои якдигар посухи мусбат диҳанд ва аз ин рӯ бояд аз теъдоде аз хостаҳои худ сарфи назар кунанд. Гоҳе сарфи назар кардан аз як хоста метавонад зиндагии муштаракро аз расидан ба бунбаст наҷот диҳад. Ҳангоме, ки завҷайн фикр мекунанд тамоми иқдомот ва талошҳои онҳо бенатиҷа аст мебоисти мавзеи худро иваз кунанд. Ин як асли эстретегӣ дар зиндагии заношуӣ аст. Бо ин кор эҳсоси адами тавоноӣ кам мешавад ва хашм ва кинае дар завҷайн нисбат ба якдигар ба вуҷуд намеояд. Фаромӯш накунед ҳангоме, ки ба хотири ҳамсартон аз хостае мегузаред бо ин кор ба ӯ нишон медиҳед, ки чиқадар ӯро дӯст доред ва бо шаҳомат масъулияти зиндагиатонро ба даст гирифтаед.

 5- Аз эътиёд дӯрӣ кунед

Падидаи шуми эътиёд натанҳо боиси аз байн рафтани фард мешавад балки конуни зиндагии муштаракро низ аз байн мебарад. Ин дуруст нест, ки зиндагии муштарак фақат ба баҳонаи эътиёди ҳамсар ба талоқ поён ёбад. Дар эътиёди як шахс авомили мухталифе нақш доранд. Беҳтарин кумаке, ки касе метавонад ба ҳамсари мӯътоди худ бикунд ин аст, ки ба ҷойи инки ӯро дар ин замон тард кунад ба ӯ фурсате бидиҳад то саломатии худашро бозёбд. Талоқ дар замони эътиёд натанҳо вазъиятеро беҳтар намекунад балки сабаби печидатар шудани дармон барои ҳамсари бемор мешавад. Фаромӯш накунед, ки ҳамсароне, ки дар лаҳазоти беморӣ ва сахтӣ ҳамсари худро раҳо намекунанд ва ӯро ошиқона дӯст медоранд ҳамсарони воқеӣ ҳастанд.

 6- Талоқ охирин марҳала аст

Мутаассифона бузургтарин иштибоҳе, ки завҷҳои ҷавон дар ибтидои зиндагии муштараки худ муртакиби он мешаванд ин аст, ки фақат ба тафоҳумоти аввалия ва зудгузари худ фикр мекунанд ва ба сӯроғи ихтилофи назарҳои асосӣ намераванд ва баъд аз гузашти муддатзамони кӯтоҳе ба ин натиҷа мерасанд, ки ба дарди якдигар намехӯранд ва танҳо роҳе, ки барои онҳо боқӣ мондааст талоқ аст. Дар ҳар зиндагии заношуӣ мавориде пеш меояд, ки ҳамсаре ба вазоифи худ амал намекунад ва мумкин аст рафтори номуносиб низ дошта бошад. Ин иттифоқот дар зиндагӣ ғайритабиӣ нестанд. Шояд ба навъе битавон гуфт, ки ин иттифоқот навъе озмоиши илоҳӣ ҳастанд ва озмуни завҷайн ин аст, ки бибинанд оё метавонанд сарбаланд берун биёянд! мушкилоти зиндагии заношуӣ фақат дар хонаводаи шумо вуҷуд надорад балки дар тамоми хонаводаҳо ва дар миқёси мухталиф вуҷуд дорад. Танҳо коре, ки завҷайн бояд дар қиболи ин мушкилот анҷом диҳанд ин аст, ки зиёд сахт нагиранд ва бо ҳимоят ва роҳнимоиҳои худ ба ҳамсаронашон кумак кунанд то зудтар ба мадори табиии зиндагиашон баргарданд. Дар воқеъ бо воқеъгароӣ ва на ормонгароӣ метавон тамоми мушкилоти зиндагии заношуиро ҳал кард, вале мушкил ин аст, ки завҷайн замонеро, ки бояд сарфи решаёбии мушкилоти худ кунанд ҳадар мекунанд ва ба истилоҳ аз ин шоха ба он шоха мепаранд ва дар ниҳоят фикр мекунанд, ки бо иваз кардани ҳамсари худ метавонанд мушкилотро аз байн бурда ва зиндагии ҷадиди лаззатбахше оғоз кунанд.

 7- Ҳарфи охир: Ишқ қарзи бонкӣ нест

Хушбахтӣ дар равобити заношуӣ монанди пул аст, ба роҳатӣ метавон онро ба даст овард аммо нигаҳ доштани он барои муддатзамони тӯлонӣ кор ҳар касе нест. Завҷайн кор мекунанд, пул ба даст меоваранд ва ҳазорон сахтӣ ва мушкилро пушти сар мегузоранд то ба хушбахтӣ бирисанд ва битавонанд бо касе, ки дӯсташ доранд ба роҳатӣ зиндагӣ кунанд. Вақте, ки ҳанӯз бо якдигар издивоҷ накардаанд ҳозиранд барои ҷалби ризояти ҳамдигар худашонро ба об ва оташ бизананд вале баъд аз издивоҷ дигар аз табу тоби аввалия меафтанд. Чаро ишқ бартарин исм ва дӯст доштан қашангтарин феъли дунёст ва ҷумалоте, ки дар онҳо аз ин исм ва феъл истифода шуда бошад барои инсонҳо арзиши бисёре дорад. Шунидани иборати дӯстат дорам ҳатто аз забони як ғариба барои инсон хушоянд аст, чӣ бирасад ба инки ҳамсаре ин ҷумларо аз забони касе бишинавад, ки ӯро дӯст дорад. Оё зиндагии муштарак камтар аз он аст, ки нахоҳед барои ҳифзи он дубора худатонро ба обу оташ бизанед? Мутмаин бошед як падари муваффақ будан, як ҳамсари фавқулода будан арзиши онро дорад, ки бихоҳад ба хотири он дубора аз худ фидокорӣ нишон диҳад. Фаромӯш накунӣд, ки бо издивоҷ ба охири хатар нарсидаед балки тоза ба шурӯи ҳама чиз расидаед ва бояд барои ҳифзи зиндагии муштараки худ талош кунед то натиҷаи тамоми заҳамоти гузаштаи шумо ба фано наравад. Акнун, ки соҳиби як зиндагӣ шудаед бояд бидонед, ки барои мустаҳкам шудани он бояд чӣ корҳое анҷом диҳед то битавонед хушбахтиро дар равобити заношуиятон бима кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.