Меъёр ва арзишҳо дар интихоби ҳамсар

421

Як шавҳари хуб чигуна бошад?
Ҳамсари матлуб чӣ сифотҳоеро дошта бошад?
Чи чиз хусусиёт ва сифоти хуб мебошад барои як домоду арус шаванда?
Инсон вақте ба ғоят мерасаду рушд мекунад, ки шароти ҷисмӣ ва иқтисодиаш фароҳам шавад ба фикри шарики зиндагии худ меафтад, ба фикри ташкил додани зиндагӣ мезанад, ки як ҳамсар ва шарики хубе пайдо кунад ва то охири умраш бо ӯ битавонад зери як сақф зиндагӣ кунад ва аз зиндагӣ бо ӯ розӣ гардад. Баъзе аз инҳоро митавонад аз дӯстон ва дигар касоне, ки зиндагӣ ташкил додаанд машварат гираду аз таҷрубаҳои онҳо истифода бараду аз сифатҳои хубу бад ва меъёриҳое шоистаи касе, ки мехоҳад бо ӯ зиндагӣ ташкил диҳад бо хабар шавад. Мо дар инҷо бо ҳам дар робитаи ин меъёрҳои хуби шарики зандагӣ гуфтугую суҳбат мекунем.
Меъёри аввал диндор будан ва парҳезгор будан аст
Яке аз меъёрҳое шоиста барои интихоби шарики зиндагӣ, диндор будан аст. Шавҳаре, ки диндору бо тақво бошад, ҳуқуқи ҳамсарашро ҳифз мекунад ва дар фикри фаребу зулм ба дигарон нест, кушиш мекунад ҳаққи шарики зиндагии худро бароварда кунаду ба ӯ зулм накунад. Чун медонад, ки қиёмате асту дар пеши ҳоким ва Худои хеш ҷавобгу хоҳад буд. Барои ҳамин дар пайи ҳавасҳои номашруъ нест. Ба шарики зиндагӣ ва ҳамсараш эҳтиром мегӯзораду аз ҳар навъ зулму ситам дурӣ мекунад.
Меъёри дуввум: Хушрафторӣ ва ахлоқи некӯ доштан аст
Хуш ахлоқӣ яке аз вижагиҳои ҳамсари шоистааст, ки бояд аз назари ахлоқӣ меҳрубону хушрафтор бошаду нисбат ба ҳамсараш дӯсти самимӣ бошад. Ин худаш рафтори зиндагиро ширин ва конуни хонаводаро гарм нигоҳ медорад.  Бе ҷиҳат нест, ки ҳазрати Расули акрам(с) фармудааст: “Ҳаргоҳ фарде ба хостгории духтаратон омад, ки аз назари дин ва ахлоқ шуморо розӣ мекунад духтаратонро ба никоҳи ӯ дароваред.
Инсони ба номус ва заҳматкаш будан
Фаъол ва талошгар: Шавҳар бояд барои таъмини ниёзмандиҳои моддӣ ва маънавии хонаводааш кӯшишу заҳмат бикашад. Шавҳар, ки дар хона бинишинад ва ҳамсарашро барои таҳияии эҳтиёҷоти хона ба кор маҷбур кунад, кори ҷавонмардона нест.  Балки беномусӣ аст. Агар шаваҳар худ тавон дар бадан дошта бошад ва шароит фароҳам бошад ҳамсарашро ба кор равон кунад ниҳояти беадабиву беинсофӣ ва беномусӣ аст.

Вижагӣ ва меъёри некӯи дар гуфтор
Иффати забон: Баён ва гуфтори инсон, яке аз сабабҳои ташкилдиҳандаи шахсият аст ва баёни шахсияти ӯ аст, ки шоъир  чи зебо сурудааст вақте мегӯяд:
“То мард сухан нагуфта бошад, айбу ҳунараш наҳуфта бошад”
Касе, ки дар гуфтору суханонаш аз килимаҳои тавҳиномез ва носазо истифода барад дигаронро аз худ ранҷурхотир намояд,  ин шахс иффати забон надорад. Чунин фарде дар баробари ҳар чизе, ки мутобиқи майлаш набошад ба носазогӯи мепардозад ва дар назди дигарон бад мегардад. Инсоне, ки агар бихоҳад назди марду ҳамсараш ширин ва муҳтарам бошад бояд аз бадгуию бад забонӣ парҳез намояд.
Шоир Мавлавӣ дар ин бора чӣ зебо сурудааст:
Бо дил гуфтам зи дигарон беш мабош          рӯ марҳам реш бош чун нен мабош
Хоҳи ки зи ҳичкас ба ту бад нарасад              бадгуию бадомузию  бад андеш мабош
Бинобар ин, доштани иффати забон яке аз хусусиёти як шавҳари шоистааст.
Вижагии муҳимми дигар барои ҳамсар, саховатманд будану меҳмон навозии он аст.
Касе, ки бахилиро бар худу дигарон раво дорад, шавҳари хубе нахоҳад буд. Бахшиш ва фароҳам кардани осоиши ҷон, пеш бурдани зиндагӣ аз роҳҳои ҳалол ва дасту дил боз будан, аз хусусиёти як шавҳари хуб аст. Чун вақте, ки шавҳар дилкушод бошад барои ҳамсари худ туҳфа амода мекунаду меҳру муҳаббатро дар зиндагиаш бештар мекунад. Ҳамчунин суфрааш панҳ буда,  робитаи хубе бо дӯстону хешутабор хоҳад дошт. Дар натиҷа рӯҳ ва ҷони шодеро дар худ эҳсос мекунанд ва зиндагии ширинеро таҷруба хоҳад кард.
Марде, ки нони хонаашро касе надида ва дари хонаашро ба рӯи дӯстону ақвом бибандад, ин зиндагии ҳубе нахоҳад дошт. Бинобар ин меҳмоннавозӣ ва муъошират бо хешовандон аз сифоти як шавҳари хуб аст.
Меъёри оростагӣ: Ҳамон тавр, ки шавҳар интизор дорад ҳамсараш мураттабу ороста бошад, худаш низ бояд ба вазъӣ зоҳириаш бирасад, аз назари либос ва назофат диққати кофӣ бинамояд ва худро хӯшбуй ва сару вазъашро муратаб намояд. Ба суннати Паёмбари акрам(с) амал кунад.  Чун ба оина нигоҳ кардану атр задан, шона задани мӯи сар ва назофатро муроъот кардан аз суннатҳои он бузургвор аст.
Амонатдор ва роздории ҳамсарон нисбат бо ҳам
Дар зиндагӣ марду зан, бояд роздорӣ якдигар бошанд. Дар ин сурат аст, ки зиндагӣ агар розӣ якдигарро ошкор кунанд ва амонатдорӣ накунанд дар натиҷа ихтилоф мекунанду нисбат ба якдигар бадбин мегарданд, ба хотири ҳамин роздорӣ саодат ва хӯшбатиро ба дунбол хоҳад дошт.
Асолат ва наҷобати хонаводагӣ:   аз вижагиҳое, ки дар шавҳар хело аҳаммият дорад, асолати хонаводагӣ ва реша доштан аст. Бино барин духтарон бояд дар назар дошта бошанд, ки фардеро ба шавҳарӣ интихоб кунанд, ки аз як хонаводаи наҷиб ва хушном бошаду дар як муҳити хонаводагии солим бузӯрг шуда бошад интихоб намояд.
Донишу хирадмандӣ: Яке аз вижагиҳои шавҳари шоиста, доштани ҳуш, донишу тахассус аст. Чунин шавҳарӣ омӯзиши лозимро барои иштиғол ва касби ҳалолро дида ва ҳар андоза илм ва камолаш бештар, ҳуш ва дирояташ бештар бошад шоистатар хоҳад буд.
Хусусияти зани шоиста
Ҳамоҳангу фармонбардори шавҳар будан:
Барои ҳифзи ҳар низомӣ, ҳамоҳангӣ зарурӣ аст. Бино барин чунон чи зан бо шавҳар ҳамоҳангӣ надошта бошаду аз ӯ итоат накунад, низоми хонавода бар ҳам хоҳад хурд, агар зан фармонбардор набошад.
Таъмин кунандаи ниёзҳои нафсонӣ: Яке аз ангезаҳои муҳим дар издивоҷ,  ниёзӣ ҷинси аст, ки зарурат дорад тарафайн дар ирзои ин ниёз иқдом кунанд.
Зинату ороиш барои шавҳар: Зан бояд барои ҷалби таваҷҷӯҳи шавҳар ба назофату ороиши худ бирасад ва либоси ороста бипӯшад. Анҷоми ин амр ба қадре муҳим аст, ки дар баъзе аз мавридҳо  бетаваҷҷӯҳӣ ба он, сабаби аз ҳам пошидагии асоси хонавода мешавад. Зан бояд диққат дошта бошад, ки ҳеч шавҳарӣ аз зане, ки барои дигарон худ-ороӣ ва худнамоӣ кунад, хушаш намеояд.
Доштани пӯшиши муносиб: Занон бояд бадани худро аз номаҳрам бипӯшонанд. Яке аз сабабҳое, ки дар ғарб бунёни хонаводаро суст карда ва аз ҳам пошидааст, худнамоии занон бо баданҳои урён аст.
Доштани ҷамол ва камол: Зан бояд аз назари физикӣ солим, аз он муҳимтар дорои ақлу фаросат бошад ва аз назари зебоӣ мавриди пасанди ҳамсараш қарор гирад. Ҳамсари зебо  ва солим бо доштани хусусиёти хулқии муносиб ба воири шоистагиҳо неъмате аст, ки болотар аз он тасаввур карда намешавад.
Асолати хонаводагӣ: Чун варосат ва тарбият асоси рафтори инсонро ташкил медиҳад, бинобар ин манзур аз асолати хонаводагӣ он аст, ки духтар дар хонаводаи бо фарҳангӣ тарбият шуда бошад ва аз назари варосат низ заминаи дошта бошад. Дар ин сурат бо адабу бо фаросат ва дорои ахлоқи ҳасана хоҳад буд.
Оқил ва хирадманд: Зане, ки як умр бо марде зиндаги дорад, бояд бо ҳушу хирадманд бошад. Ақлу хирад аз вижагиҳое зани шоистааст. Дар ривоят омадааст: Аз издивоҷ бо зане, ки камхирад аст худдорӣ кунед.
Доштани эмон ба Худо ва ахлоқи неку: Ҳамон тавр, ки диндорӣ,  тақво ва ҳусни рафтор аз меъёрҳои шавҳари шоистааст. Барои зан низ аз ҷумла ҳасанот ва завобити шоистагӣ ба шумор мераваду сабаби итминони шавҳар мегардад ва эътимодовар аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.