Гуноҳе, ки дӯст доштанаш ҳам гуноҳ аст

250

Яке аз лутфҳо ва ба иборате минатҳое, ки Парвардигори олам бар мо бандагон ниҳодааст ин аст, ки то вақте хато ва гуноҳеро ба марҳалаи амал нарасонем гуноҳе навишта намешавад; Масалан мо ният кунем, ки дуздӣ кунем аммо то ин дуздӣ ба марҳалаи амал нарасад гуноҳе бароямон нест. Дар ин миён мавориди истисное ҳам вуҷуд дорад; Яке аз онҳо гуноҳе аст, ки ба фармудаи худи Қуръони Карим ҳатто муҳаббат ва дӯст доштани он гуноҳ, гуноҳ аст; “Касоне, ки дӯст доранд, ки зишткорӣ дар миёни онон, ки имон овардаанд, шуюъ пайдо кунад, барои онон дар дунё ва охират азоби пурдард хоҳад буд, ва Худо [ст, ки] медонад ва шумо намедонед. … Бале гуноҳ ва рафтореро, ки бо обрӯи мардум дар иртибот аст Қуръони Карим дар мавридаш хеле сахтгирӣ мекунад.

Дар китоби кофӣ дорем: Фарде назди Имом Алӣ (алайҳиссалом) омад ва гуфт: Ман амали хилофе муртакиб шудаам, ҳадди илоҳиро бар ман ҷорӣ кун. Имом чаҳор бор ӯро баргардонд ва хашмгин шуданд ва фармуданд: Чиқадар зишт аст, ки инсон гуноҳашро назди дигарон бигӯяд, чаро гуноҳатро ба ман мегӯӣ магар байни худ ва Худоят тавба накардаӣ? Ҳазрат фармуд: Ба Худо қасам агар ӯ байни худ ва Худо тавба мекард болотар аз ин буд, ки пеши ман эътироф кунад ва ман ҳадро бар ӯ ҷорӣ кунам.

Ба фармоиши Қуръони Карим дар қиёмат Худованд ботинҳоро ошкор мекунад. Ин нуктаро мадди назар дошта бошем агар дар дунё аз кори дигарон парда пӯшӣ кунем Худованд ҳам дар қиёмат аз кори мо пардапӯшӣ мекунад. Аммо агар сирри дигаронро ошкор кунем дар қиёмат Худованд ҳамаи сирҳои моро ба дигарон нишон медиҳад.

Вақте шайтон аз одамҳо ҳам безор мешавад

Дар ривояте аз имом Содиқ (алайҳиссалом) дорем: Агар касе хабари муъминеро пахш кунад, ки обрӯи ӯро бибарад ё аз чашми мардум биндозад, Худованд ӯро ба вилояти шайтон мунтақил мекунад ва шайтон ҳам ӯро намепазирад.

Рӯзе Паёмбари Акрам (с) ба Каъба нигоҳ карданд ва фармуданд: «Эй Каъба! хушо ба ҳоли ту, Худованд чиқадар туро бузург ва ҳурмататро гиромӣ доштааст! ба Худо қасам ҳурмати муъмин аз ту бештар аст, зеро Худованд танҳо як чизро аз ту ҳаром карда, вале аз муъмин се чиз ро ҳаром кардааст: Мол, ҷон ва обурӯ то касе ба ӯ гумони бад набарад.»(Баҳоруланвор, ҷ 64, саҳ.71)

Тибқи ин ҳадис Паёмбари Акрам (с), ҳифзи ҷону мол ва обрӯи мусулмон бар ҳар мусулмоне воҷиб аст. Тақрибан ҳамаи мо ин масъаларо медонем вале ба он диққат намекунем албатта дар баҳси молу ҷон натанҳо диққат мекунем балки ҳамеша нигарони он низ ҳастем аммо мутаассифона камтар ба мавриди севум яъне обурӯи муслимин таваҷҷуҳ мешавад ҳеҷ гоҳ ҳатто ба зеҳнамон ҳам намегузарад дуздии мол ва амволи касе ҳатто нисбат ба фарди кофир ,чӣ бирасад ба моли мусулмоне, ҳатто ҳозир ба фикр кардан ба ин қазия ҳастем на, ҳатто фикр кардан ба ин масъала, ки бихоҳем ба ҷони касе таҷовуз кунем назди мо манфӯр аст аммо дар хеле аз вақтҳо ба ин роҳатӣ аз мавриди севум(обурӯ)-и одамҳо мегузарем ва ба содагӣ бо як тамос, паёмак, чашм ва абру тӯҳмат мезанем, бо обрӯи афрод бозӣ мекунем, масхара мекунем ва хулоса бо обрӯ ҳайсияти онҳо ба роҳҳои мухталиф бозӣ мекунем.

Обурӯе, ки дар Қуръони Карим аз лафзи “ваҷиҳ” аз он сухан гуфтааст;

Дар ояти 45-уми сураи Оли Имрон дар робита бо обурӯдории ҳазрати Исо писари Марям (алайҳиссалом) фармудааст: [Ёд кун] ҳангоме [ро], ки фариштагон гуфтанд эй Марям Худованд туро ба калимаҳ‏ое аз ҷониби худ, ки номаш Масеҳ Иса‏бни Марям аст мужда медиҳад дар ҳоле, ки [ӯ] дар дунё ва охират обурӯманд ва аз муқаррабони [даргоҳи Худо] аст».

Обрӯи муъмин ба арзиши тамоми сармоя ва эътиборе аст, ки дар тӯли зиндагӣ бо сахтӣ онро ба даст овардааст, ки иддае аз мо одамҳо ба роҳатӣ онро аз байн мебарем ва хасорати ҷуброннопазиреро падид меоварем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.