Фарзандатонро аз хиҷолтӣ будан дар овардед

188

Баъзе аз кӯдакон дер бо дигарон гарм мегиранд. Ҳатто дар иртибот бо ҳамсину солҳои худ ҳам дучори мушкил ҳастанд ва ин масъала боиси нороҳатии волидайн аст аммо нигарон набошед бо пешниҳодоте, ки ба шумо нишон медиҳем ба роҳатӣ метавонед фарзандатонро иҷтимоӣ кунед.

Хиҷолат (шармзадагӣ) дар воқеъ навъе вежагии шахсиятӣ дар кӯдакон аст, на як айб ва нақс, ки ниёзе ба даъво ва шармандагии волидайн дошта бошад. Ин хусусиятро падару модар метавонанд бо ташвиқ ислоҳ кунанд. Ҷолиб аст бидонед донишмандон мегӯяанд хиҷолатӣ (шармзада) будан дар баъзе фарҳангҳо мавриди писанд ва ситоиши мардум аст ва аз роҳи фарҳанги ҷомеа ба кӯдакон ба ирс мерасад. Аз назари илмӣ эҳсоси хиҷолат, як вокуниши табиӣ нисбат ба афрод ё муҳитҳои ҷадид аст, ки дар ҳақиқат таркибе аз ҳиси тарс ва кунҷковиро дар худ дорад. Ширхорон бо дидани ғарибаҳо рӯяшонро бармегардонанд. Кӯдакони навпо ба замин нигоҳ мекунанд ва ба падар ё модарашон мечасбанд ва ҳатто мумкин аст дар ин шароит ба макидани ангушти худ бипардозанд аммо бештари кудакон қабл аз 3 солагӣ ба роҳатӣ бо ҳама иртибот барқарор мекунанд ва ба назар бисёр иҷтимоӣ меоянд аммо баъд аз ин син, тарси бештари кӯдакон аз ғарибаҳо шурӯъ мешавад ва онҳо ҳиси хиҷолат ва шармандагиро ёд мегиранд. Дар ин замон аст, ки ногаҳон хурдсоли иҷтимоӣ ва бурунгарои шумо табдил ба як мавҷуди хиҷолатӣ мешавад дар ин миён шумо фақат бояд бидонед читавр бо онҳо рафтор кунед.

 Ба ӯ эҳтиром бигузоред

Натанҳо бояд ӯро барои ончи, ки ҳаст қабул кунед балки бояд ба ӯ эҳтиром бигузоред. То замоне, ки ин рафтор дар ӯ ниҳодина шавад бояд таваҷҷуҳи кофӣ ба ӯ дошта бошед. Кӯдакони дарунгаро метавонанд меҳрубон, мутамаркиз ва бисёр аҳли мушорикат бошанд.

 Ба ӯ лақаб нагузоред

Агар кӯдаки шумо хиҷолатӣ аст ба ҳеҷ унвон ба худатон иҷоза надиҳед ӯро бо ин лақаб садо кунед. Ў асабониятеро таҷруба мекунад, ки як сифати ҳамешагӣ дар ӯ мешавад, на як эҳсосе, ки метавонад онро маҳор кунад. Ў ҳамчунин медонад, ки хиҷолатӣ будан дар ҷомеа мавриди интиқод аст. Вақте дигарон дар муқобилаш ӯро хиҷолатӣ меноманд саъй кунед ба оҳистагӣ онро бозсозӣ кунед ва масалан бигӯед «Фарзандам дӯст дорад вақти худашро барои мавқеиятҳои ҷадид сарф кунад.»

 Фикр накунед ирсӣ аст

Агар шумо дарунгаро ҳастед саъй накунед собиқаи худтонро рӯйи фарзандатон иҷро кунед. Дарунгароии шумо мумкин аст дар ҷавонӣ шуморо озор дода бошад. Тасаввур накунед ин метавонад намунае барои фарзанди шумо бошад ё ӯ наметавонад масъулияти расидагӣ ба омӯзишро дошта бошад. Ў аз паси корҳояш бар меояд ва бо ин кор рушд мекунад. Беҳтарин коре, ки метавонед барои ӯ анҷом диҳед ин аст, ки кумакаш кунед аз хусусиёташ лаззат бибарад ва эътимод ба нафс дошта бошад ва ба ӯ омӯзиш диҳед бо хусусиёти худ бисозад.

 Аз гуфтани сифати ӯ ба дигарон парҳез кунед

Аз гуфтани ҷумлаҳои монанди «Ӯро бибахшед, каме хиҷолатӣ аст! » худдори кунед. Баёни чунин ҷумлаҳое сабаб мешавад кӯдаки шумо гумон кунад дучори марази дармоннопазир аст ва хиҷолатӣ будан ҷузъи зоти ӯст. Баёни ин ҷумлаҳо ҳатто сабаб мешавад ки нахоҳад тағйир кунад ва аз ҳар мавқеияти иҷтимоӣ, ки барояш сахт аст, бигурезад.

 Ӯро маҷбӯр ба барқарории иртибот накунед

Ташвиқ кардани кӯдакони хиҷолатӣ барои пайвастан ба дигарон танҳо вазъиятро бадтар мекунад. Боис мешавад ин ҳис ба кӯдак мунтақил шавад, ки волидайн ӯро намефаҳманд ва ӯ бештар дар худ фурӯ меравад ва гушагир мешавад. Канор омадан бо хиҷолат бояд ба оҳиста-оҳиста ва ба оромӣ сурат пазирд.

  Ҳимоягари хиҷолати ӯ набошед

Сабти ном накардани кӯдак дар варзиш ба ин баҳона, ки ӯ хиҷолатӣ аст, мавзӯъро асафноктар аз он чизе мекунад, ки ҳаст.

Тарси волидайн ба кӯдак сироят мекунад ва ҳамин чиз сабаби тарси ӯ ва хиҷолатитар шуданаш мешавад. Бояд иҷоза дод кӯдак бо мушкилоташ канор биёяд ва ҷойгоҳе дар миёни дигарон барои худ боз кунад. Муроқиби нуктаи дигар низ бошед. Хиҷолатӣ будан набояд адабро аз кӯдак бигирад. Вақте ҷое меравед ё бо касе рӯбарӯ мешавед, аз ӯ бихоҳед салом кунад ё барои туҳфае, ки дарёфт кардааст ташаккур кунад.

  Барои ӯ арзиш қоил шавед

Дар пайи ҳар пешрафти каме аз ӯ ба некӣ ёд кунед. Кӯдакони хиҷолатӣ ҳамеша фикр мекунанд дигарон дар мавриди онҳо бад қазоват мекунанд. Пас ҳар бор кори дурусте анҷом медиҳад, ӯро ташвиқ кунед. Масалан бигӯед «Ман ба ту ифтихор мекунам. Ту тавонисти аз тарсат фосила бигирӣ.», «Чӣ қадар шуҷоӣ!» ва ғ. Ин кор сабаб мешавад ҳиси ишқ дар ӯ ҷон бигирад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.