Дармони худирзоӣ-истимно (қисмати сеюм)

96

7- Авқоти фароғати худро бо мутолиа, варзиш, зиёрат, ибодат ва соири фаъолиятҳои мусбат мисли гулкорӣ, кумак ба аҳли хона ва корҳои дастӣ ва пиёдаравӣ дар ҳавои озод махсусан субҳгоҳ ва ғ. пур кунед. Барои тахлияи энергии зоид ба таври муназзам ва зиёд варзиш кунед.

8- Ҳеҷ гоҳ дар ҳаммом комилан урён нашавед ва ба андоми ҷинсии худ дар оина нигоҳ накунед. Барои назофати мӯйҳои зоиди бадан ҳаргиз аз теғ ва собун истифода накунед балки аз доруҳои назофати беҳдоштӣ истифода кунед. Ҳатталимкон бо фосилаи бештар мӯйҳои зоиди баднро изола кунед.

9- Аз нигоҳ кардан ба мавозеи ҷинсӣ ва барҷастагиҳои бадани дигарон (ҳатто аз рӯйи либос) парҳез намоед.

10- Ба ҳангоми хоб саъй кунед шиками шумо беш аз ҳадди маъмул пур набошад ва масонаи худро ҳатман холӣ намоед. Аз нӯшидани зиёди об ва дигар моеъҳо (ба хусус шабҳо қабл аз хоб) парҳез кунед.

11- Ҳаргиз ба рӯ нахобед, саъй кунед ба пушт ё рӯйи дасти рост бихобед.

12- Имони мазҳабии худро рӯз ба рӯз тақвият намоед ва бо тавассул ба аиммаи атҳор ва хондани дуоҳои ин бузургаворон аз онҳо мадад талабед. Қуръон бихонед; Ба хусус сураҳои муаввазатайн (Қул аузу бираббиннос ва Қул аъузу бираббилфалақ)ро фаромӯш накунед. Дар ҳадди тавон рӯзаҳои мустаҳабӣ бигиред ва рӯзаҳои қазоро ҷуброн кунед.

13- Аз пӯшидани либосҳои танг ва часпида ба бадан, худдорӣ кунед.

14- Аз нигоҳ кардан ба тасовир ва филмҳои таҳриккунанда ва либоси ҷинси мухолиф, ҷиддан парҳез кунед.

15- Аз фикр кардан ва тасаввур ва хиёлбофӣ дар бораи ҷинси мухолиф ва масоили ҷинсӣ худдорӣ кунед. Ҳамчунин аз шунидан ва хондани шӯхиҳои ҷинсӣ парҳез намоед. Аз нишастан дар ҷое, ки зани номаҳрам рӯйи он нишаста ва ҳанӯз гарм аст, бар ҳазар бошед.

16- Агар дӯсти мутааҳҳили доред шаб дар манзили эшон нахобед.

17- Аз мушоҳидаи аъмол, рафтор ва гуфтори завҷҳо ба хусус завҷҳои ҷавон ҷиддан дӯрӣ кунед.

18- Аз муошират ва сухан гуфтан ва нигоҳ ба ҷинси мухолиф ҳатто кӯдакони ҷаззоб ва хушсимо худдорӣ кунед. Ҳеҷ гоҳ бо номаҳрам дар як утоқ ё як муҳити хилват ва ҳар чанд ба унвони таълим ва тааллум ва хондани дуо танҳо намонед.

19- Аз дӯстӣ ва муоширати зиёд бо афроди кам синтар аз худ парҳез кунед.

20- Хӯрдани ғизоҳои муҳаррик ва дорои калорияи зиёд, монанди хурмо, пиёз, филфил ва ғ. ро ба ҳадди ақал бирасонед.

21- Ба бадии гуноҳ ва авоқиби он таваҷҷуҳ кунед. Ба тавсияҳои дини Ислом барои тарки гуноҳ амал кунед.

22- Агар дар аъзои ҷинсии худ, нороҳатӣ ва беморие мушоҳида кардед фавран ба пизишк муроҷиа кунед.

23- Агар соҳиби шуғл ва ҳирфае нестед, ҳатман барои ёфтани он, иқдоми сареъ сурат диҳед. Чун кори солим ва мутобиқи завқ, рӯҳро покиза ва тасфия мекунад. Бекорӣ мояи ҳамаи фасодҳо ва табоҳиҳост. Алӣ алайҳиссалом мефармояд: Шахси бекор малъун аст.

24- Аз кирдорҳои қаблии худ тавба кунед ва тасмими ҷиддӣ бар ислоҳ бигиред, ки Худованд гуноҳонро мебахшад. Тавба ва итминон аз қабули тавба бузургтарин омили тақвият ва дилгармӣ барои оғоз ҳаракати нав мебошад. Гуноҳ ҳар чӣ, ки бошад набояд эҳсоси беарзишӣ ва ноумедӣ ба фард даст диҳад. Бале! нороҳатӣ ва азоби виҷдон дорад локин ба мафҳуми поёни фурсатҳо ва интиҳои роҳ ва нобудӣ нест. Касе, ки аз самими дил руҷуъ кунад, ва тасмими қотеъ бар ҷуброни лағзиш бигирад, маҳбуби даргоҳи Худост: «Чӣ омиле аз ин корсозтар, ки шахси гунаҳкор эҳсос кунад Худованд ӯро дӯст медорад ва дар назари Худованд мисли гузаштааст, гуё гуноҳеро муртакиб нашудааст:

Шахси тавбакунанда ҳамонанди шахсе аст, ки аслан гуноҳ накардааст.

Тавба яъне шурӯи зиндагии пок ва созанда ва ҳаракат дар нур ва рӯшноӣ. Агар шахсе аз гуноҳи хеш метарсад бояд аз болотарин гуноҳ, ки яъсу наумедӣ аст битарсад.

Дар хоб ба ҷавононе, ки эҳсоси яъсу ноумедӣ ба сӯроғашон меояд зикри ду ривоят кофӣ ба назар мерасад:

Расули гиромии Ислом (с) мефармояд:

«Ҳеҷ чиз назди Худованд маҳбубтар аз ҷавоне, ки аз гуноҳи тавба карда ва аз ӯ талаби омурзиш мекунад нест. Тавба аз гуноҳ ҳамеша писандида аст вале дар ҷавонӣ беҳтар ва писандидатар.»

Ҳазрати Алӣ(а) ҳам фармудааст:

«Ба Худованд он чунон умедвор бош, ки агар бо гуноҳони тамоми аҳли замин дар пешгоҳи ӯ ҳозир шавӣ, эҳсос куни туро мебахшд.»

Зикри ин нуктаи муҳим зарурӣ аст, ки эҳсоси гуноҳ ба таври мутлақ мазмум нест балки то ҳадде, ки мунҷар ба тарки амал ва ҷуброни норасоӣ шавад лозим аст. Аммо агар ин эҳсос, инсонро замингир намояд ва ҳаракат ва талош ва нишотро аз ӯ бигирад ва ҷуръати бозгашт ба Худо ва зиндагии солим ва мутаодилро аз вай бигирад, чунин эҳсосе мазмум аст ва дин ва ақл онро маҳкум мекунад. Ҷамъ байни ин ду ҳолат ҳамон дастуре аст, ки Ислом додааст: тавба ва бозгашт.

  Чанд тавсияи дигар

Дар поён чанд тавсияи муҳимро ёдовар мешавем:

1- Иртибот бо як мураббӣ ва дармонгари кор озмударо қатъ накунед. Ҷиҳати дармон, аз пеши худ, амалеро муртакиб ё амалеро тарк нанамоед.

Бисёре аз навҷавонон бо вуҷуди инҳирофоти гуногун, ҳангоме, ки ба мураббӣ ва дармонгари шоистае даст ёфтаанд ба роҳатӣ наҷот пайдо карда, зиндагии пок ва солимеро оғоз кардаанд.

2- Ба пешрафти дармони худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошед ва ҳар теъдод, ки аз дафаоти худирзоии шумо кам мешавад онро дар дафтар ба сурати рамзӣ (, ки касе мутаваҷҷеҳ нашавад) ёддошт намоед ва мураттабан ба ин пешрафтҳо ва ёддоштҳо муроҷиа ва онҳоро мурур ва бозхонӣ кунед. Дар сурате, ки аз ин беморӣ ба шиддат ранҷ мебред ва таркаш барои шумо сахт аст, нисбат ба дармони кунд ва тадриҷии он нигаронӣ надошта бошед ва боиси раҳо кардани барномаи дармон нагардад.

3- Агар вақти издивоҷи шумо расидааст ва имконоти он фароҳам аст иқдом кунед.

4- Бори дигар ёдовар мешавем, ки ҳар аз чанде, осебҳоро мутолиа ва мурур кунед; Ба хусус осебҳои маънавӣ.

Инак ба поёни сухан расидем. Аммо оғозе аст барои ту эй хонандаи ин навиштаҳо, эй ҷавон эй писар эй духтар! ту, ки дар нигоҳи маъсумонаат барқи умед медурахшад ва қалби моломол аз нишот ва умедат навиди фардои равшан медиҳад. Ба ҳуш бош, ки риндон ва кинатузон дар камини ту нишастаанд! ба худ ой ва бо дили чун дарё ва қомати ҳамчун қулаҳои сар ба фалак кашида аз печу хами ҳаводис ва фароз ва нишебҳои рӯзгор бигузар. Ба Худойи худ такя кун, ба тавоноиҳоият биандеш, ту ҳамто ва ҳамонанде надорӣ, ту ягонаӣ.

 Сухани охир…

Сухани туст эй ҷавон…..

Ҳарфи охирро аз ту бояд шунид….

Ва! чӣ шуниданӣ аст!

Парвардгоро! танҳо ёди туст, ки дар авҷи гирифториҳо ва сахтиҳо, мӯнис ва такягоҳи ман аст. Танҳо ёди туст, ки рӯҳи ошуфта ва парешони маро ба соҳили умедворӣ мерасонад ва онгоҳ, ки бо ту дарди дил мекунам, ором мешавам ва эҳсоси сабкӣ, бандбанди вуҷудамро пур мекунад.

Эй худойи меҳрубон! ман акнун дар кунҷи хилвати эҳсос нишастаам ва панҷараҳои умедамро ба сӯи офтоби раҳматат гушӯдаам ва дастонамро то иртифои чидани анвори меҳр ва лутфат боло бурдаам. Мехоҳам бори дигар маро ба даргоҳат бипазирӣ. Рӯйи ниёз бар хоки бандагӣ мениҳам ва туро мехонам.

Чӣ зебост бозгашт аз бероҳа ва гом ниҳодан дар роҳи хубиҳо ва рӯшноиҳо.

Худойи ман! акнун бо боре аз хатоҳо ба даргоҳат паноҳ овардаам. Омадаам то намози ишқ бихонам ва бори сангини хатоҳоямро бар замин ниҳам ва сабукбол ба суят парвоз кунам. Бипазир маро! бипазир! ё раббал оламин.

  Манобеи кумакӣ:

1- Худирзоӣ ё ирзои инҳирофи ҷинсӣ.

2- Булуғ, доктор Аҳмад сабур урдубодӣ.

3- Тафсири Алмизон.

4- Тафсири Намуна.

5- Ҷилваҳои ҳикмат.

6- Хонавода ва масоили ҷинсии кӯдакон.

7- Духтарон, дӯстиҳо ва ибратҳо.

8- Дунёи навҷавон, доктор Шарафӣ, интишороти Тарбият.

9- Роҳнамои падарон ва модарон, Муҳаммад Алӣ содот.

10- Мушкилоти ҷинсии насли ҷавон, Макорими Шерозӣ.

Дармони худирзоӣ-истимно (қисмати дуюм)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.