Хонаводаи солим ва носолим

207

Бисёре аз касоне, ки сарпараст ё узви хонаводаи ошуфта ва носолим ҳастанд, фикр мекунанд хонаводаи табиӣ, хуб ва коромад доранд. Ба ростӣ вақте вожа табиӣ (ё баҳанҷор ва маъмулӣ) ба кор бурда мешавад ва барои мисол гуфта мешавад «хонаводаи табиӣ», манзур чист? Оё табиӣ будан ба маънои солим будан аст? Аксар ваҳтҳо аз рӯйи одат, «табиӣ будан» барои тавсифи вазъиятҳое, ки умумият доранд ва ҳамагонӣ ҳастанд, ба кор бурда мешавад. Масалан дар ҷомеае, ки хонаводаҳо аз танбеҳи баднӣ барои кантроли рафтори аъзои худ истифода мекунанд, задан амали табиӣ аст чаро, ки дар хонаводаҳои он ҷомеа, танбиҳи баднӣ умумӣ ва ҳамагонӣ аст. Ҳамчунин дар ҷавомеъе, ки хонаводаҳо ба духтарони худ иҷозаи таҳсил намедиҳанд, бесавод нигоҳ доштани духтарон аз назари мардуми он ҷомеа амали табиӣ аст. Инҳо хонаводаҳои худро «хонаводаҳои табиӣ» медонанд. Вале оё ин навъ аз хонаводаҳо, «хонаводаҳои солиме» ҳастанд?

Истифода аз вожаҳои хуб ва коромад барои тавсифи хонаводаҳое, ки ба назари сарпараст ва аъзои онҳо вазоифи худро низ анҷом медиҳанд, наметавонад ба маънои солим будани он хонавода бошад. Вақте мегӯем хонаводаи хуб ва корое дорем ағлаб манзур ин аст, кӣ: мо ҳамеша ҷое барои хобидан, сақфе рӯйи сар ва ғизое барои хӯрдан доштаем, мактаб рафтаем ё меравем ва дар фурсатҳои хоссе дар канори волидайни худ будаем. Бе шак, вуҷуди чунин шароите дар хонавода зарурӣ аст, аммо барои як хонаводаи солим ин шароит кофӣ нест.

Хонаводаи солим ниёзҳои фаротар аз хона, ғизо, таҳсил ва ҳатто амнияти ҷисмӣ ва ҷинсии аъзои худро бароварда месозад. Аъзои хонавода ба хусус кӯдакон ба навозиш, дар оғӯш гирифтан, шунида шудан ва мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтан низ ниёз доранд. Мо эҳсосҳое дорем, ки лозим аст ба онҳо иҷоза дода шавад то иброз шуда ва пазируфта шаванд, чизҳоеро аз даст дода ва медиҳем, ки ниёз дорем барои онҳо сӯгворӣ кунем, мо ба садоқат ниёз дорем то битавонем худи ҳақиқӣмонро ошкор кунем ва халлоқона зиндагии маънавӣ дошта бошем.

Бинобар ин вожаҳои «табиӣ ва хуб», ки аз рӯйи одат истифода мешаванд, наметавонанд баёнгари саломати хонавода бошанд. Аз ин рӯ, муносибтар аст барои тавсифи хонавода аз вожаҳои «солим ё носолим» истифода кунем.

 Хонаводаи носолим

Хонаводаи носолим он хонаводае нест, ки ошкоро ғайритабиӣ, бад ва нокоромад бошад, балки баръакс хонаводаҳои носолим аксаран табиӣ ва хуб ба назар мерасанд. Ин хонаводаҳо дар зоҳир худро хуб ҷилва медиҳанд. Онҳо барои худнамоӣ, дурӯғ ва фиреб коре, ки аз он бо унвон «доноӣ» ёд мекунанд бештар аз садоқат, арзиш қоил мешаванд. Баддаҳанӣ, пархошгарӣ, танбеҳ ва сарзаниш дар ин хонаводаҳо одӣ аст. Онҳо ба доштан ва ба даст овардан ва ба таври куллӣ ба ҷазб ва тасоҳуби беқайду шарт ҳар ончи дар дунёи берун аз худи фард аст бештар аз будан ва ҳамоне, ки дар воқеъ ҳастанд аҳамият медиҳанд. Фарзандон ва аъзои чунин хонаводаҳое ба лиҳози ҷисмӣ ба шакли бузургсолоне дар меоянд, ки фақат нақши одами бузургро бозӣ мекунанд, бидуни ин, ки аз дарун рушд карда ва бузург шуда бошанд. Бинобарин онҳо «кӯдакони бузургсол» ва ба иборате «ҳам вобаста» мешаванд. Яъне касоне, ки аз дарун эҳсос камбудӣ ва пучӣ мекунанд ва ба сахтӣ дар талошанд ин  камбудиро ба тариқи носолим пур кунанд. Маъмулан дар хонаводаҳои носолим, ки волидайн ва сарпарасти хонавода, худи кӯдакони бузургсоли хонаводаҳои носолим ҳастанд, қавонин тақрибан пинҳон ва ногуфтае ба иҷро дармеоянд, ки бештар дар хидмати бароварда сохтани ниёзҳои бароварда нашудаи волидайн аст то фарзандони онҳо.

Баъзе аз шоеътарин қонунҳои фавқ иборатанд аз:

– Эҳсосоти худро набояд нишон диҳед. Бурузи эҳсосоте аз қабили шодӣ ва шааф, оромиш, ранҷ, нишот ва лаззат, ҳасодат, ғурур, тарс, шаҳомат, ишқ ва танаффур дар ин хонаводаҳо мамнуъ аст. Танҳо эҳсосоте, ки дар хонаводаи носолим иҷозаи буруз доранд ғам ва асабоният ё пархошгарӣ аст.

– Мутобиқи гуфтаҳои мо (волидайн ё сарпарасти хонавода) рафтор кунед на мутобиқи рафтори мо. Ба иборате бо ин қонун чунин паёме ба аъзои хонавода дода мешавад: Агар мо дурӯғ мегӯем шумо нагӯед. Дурӯғ хуб нест!

– Бояд комил ва беайб ва нақс буд. Дар хонаводаи носолим, «камол», даст ёфтанӣ аст ва иштибоҳ нобахшуданӣ. Бинобарин кӯдакон барои ҷалби ҳимоят, дарёфти таваҷҷуҳ ва таъйид, дар ҳадди камол талош мекунанд. Талоше, ки барои онҳо ҷуз ранҷ, ноумедӣ ва шикаст чизе ба ҳамроҳ надорад. Дар натиҷа бо ҳар иштибоҳ ва шикасте, саросари вуҷуди онҳоро эҳсоси гуноҳ ва беарзишӣ фаро мегирад.

– Худхоҳ набошед. Яъне худат набош, худе бош, ки мо ва дигарон мехоҳем. Он вақт мо шуморо ба ишқи бо шартҳои мо ва таъйиди худ, подош медиҳем. Ба иборати дигар, хонаводаи носолим бо қонуни худхоҳ набош, ба аъзои хонавода ёд медиҳад, ки ниёзҳояшонро ба таври мустақим ва бо дархости содиқона матраҳ накунанд; Балки ба таври ғайримустақим ва бо муроқибат кардан аз дигарон ва баровардани ниёзҳои онҳо, ба ниёзҳои худ посух диҳанд. Аҷиб ин, ки чунин афроде дар бузургсолӣ қодир ба бахшидан нестанд ва воқеан худхоҳ хоҳанд шуд.

– Бояд ба қавонини хонавода вафодор буд ва дар бораи мушкилоти хонавода ҳаргиз бо касе гуфтугӯ накард. Ин навъе инкор аст, ки хонаводаи носолим онро ба кор мебарад то аъзо бо ҳақоиқи марбут ба набуди самимият ва шодӣ дар хонавода рубарӯ нашаванд ва хонаводаи носолим битавонад ба истилоҳ ба таври «табиӣ» ба бақои худ идома диҳад.

Қавонини дигаре ҳам вуҷуд дорад аз қабили: «Ҳамеша худатро хуб ҷилва бидеҳ, ҳаққ бо мост ва дигарон ҳамеша иштибоҳ мекунанд, зиёдӣ савол накун ва…

Натиҷа: Рушд кардан ва бузург шудан дар хонаводаи носолим тақрибан се навъ эҳсосро дар мо пойдор месозад: Тарс, хиҷолат ва ноамнӣ. Ҳатто пас аз тарки хонаводаи аввалия худ ва ташкили хонаводаи ҷадид, мо ин эҳсосҳоро бо худ хоҳем дошт. Чаро, ки танҳо эҳсосҳое ҳастанд, ки мо ёд гирифтаем. Чунин вазъияте бистари пайдоиши анвои мушкилот ва ихтилолоти рафторӣ, равонӣ ва маънавиро фароҳам месозад.

  Хонаводаи солим

Хонаводаи солим хонаводае аст, ки ба таври бунёдин аз саломат ва оромиши равонӣ ва маънавии ҳар як аз аъзои хонавода ҳимоят мекунад.

– Дар хонаводаи солим фазои муқтадиронае вуҷуд дорад аммо ин иқтидор инъитофпазиру нарм низ ҳаст. Ба ин маъно, ки қабл аз ин ки тасмиме гирифта шавад, ки бар тамоми аъзои хонавода таъсиргузор бошад назари дигарон шунида мешавад ва ҳар узв эҳсоси худро, ки бар тасмимгирӣ таъсиргузор аст, баён мекунад.

– Дар хонаводаи солим барои ҳар узви хонавода фурсати муносибе вуҷуд дорад, ки битавонад бо дигарон даври ҳам ҷамъ шаванд ва замонеро бо якдигар сипарӣ кунанд. Аъзои хонавода бо мушорикат дар ин лаҳзаҳо, эҳсос мекунанд узви хосс ва пазируфташудаи хонавода ҳастанд. Албатта фақат бо ҳам будан, он ҳам ба муддати тӯлонӣ ба маънои арзишманд будани он замон нест балки волидайн ва фарзандон дар он лаҳза ба табодули фикрҳо, эҳсосҳо ва ақоиди худ мепардозанд.

– Дар чунин хонаводаҳое ба фаъолитҳои тафреҳии шодибахш, бозӣ ва саргармӣ, ба андозаи фаъолитҳои масъулонае аз қабили умури рӯзмарра хонадорӣ, вазоифи хонаводагӣ, корҳои мактаб ва машоғили хориҷ аз хона, аҳамият ва арзиш дода мешавад.

– Хонаводаи солим эҳсосҳои якдигарро мепазиранд ва натанҳо иҷоза медиҳанд, ки ин эҳсосҳо иброз шаванд балки якдигарро ташвиқ мекунанд то афзӯн бар бурузи эҳсосҳои ғаму хашм, доманаи васее аз эҳсосҳо, нишон дода шаванд. Бурузи ин эҳсосҳо фақат маҳдуд ба калом ва сӯҳбат кардан дар бораи онҳо нест, балки хонавода, пазирои эҳсосҳое монанди гиря кардан, дар оғӯш гирифтан ё ҳатто фарёди эътироз сар додан низ ҳаст.

– Дар хонаводаи солим эҳсосоти ранҷовар аз қабили тарс, хиҷолат, хашм, ғам, танаффур ва ғ. барои муддати тӯлонӣ давом намеёбанд. Агарчи аъзои хонавода ташвеқ мешаванд, ки эҳсосоти худро нишон диҳанд вале ин нишон додани эҳсосот дар ҷиҳати кор кардан бар рӯйи эҳсосҳои мавриди назар ва раҳоӣ аз онҳост. Ин ба ин маъно аст, ки онҳо барои мисол бо ин, ки меомӯзанд хашми худро ба шакли муносиби нишон диҳанд, бахшиданро ҳам ёд мегиранд.

– Дар хонаводаҳои солим барои баровардани ниёзҳое аз қабили мавриди таъйид воқеъ шудан, ҷалби таваҷҷуҳ ва муҳаббат, самимият ва… Аз имконоти модӣ истифода намешавад, аз тарафе камбуди имконоти модӣ монеи ҷиддӣ барои баровардани ниёзҳои маънавӣ низ ҳисоб намешавад.

– Афрод дар хонаводаи солим ба шакли ошкор ва содиқонае бо якдигар дар иртибот ҳастанд. Дурӯғ ва пинҳонкорӣ дар равобити онҳо ҷое надорад, фарзандон ё аъзои хонавода ёд мегиранд, ки ҳақиқатро бигӯянд, бе ин ки дар назар бигиранд ростгӯӣ то чӣ андоза мумкин аст барои онҳо дарднок ва дардисарофрин бошад.

– Маъмулан дар хонаводаҳо мавориди ҳассосият барангезе вуҷуд дорад, ки ҳарф задан дарбораи онҳо бисёр муҳимм аст. Дар хонаводаҳои солим, бо аъзо ба равшанӣ дар ин хусус сӯҳбат мешавад ҳатто агар матраҳ кардани онҳо барояшон душвор бошад. Мавориде аз қабили: вазъияти молии хонавода, бекорӣ ва аз даст додани шуғл, савобиқи ҷазоӣ, хотироти латиф ва ширин, масоили ҷинсӣ, вуҷуди бемории музмин, марг ё нақси узви атрофён ва…

– Хонаводаи солим худро монанди гурӯҳе аз афрод мебинад, ки лозим аст аъзои он барои зиндагӣ ва рушди муассир ва муфид ҳамонанди маҷмӯаи воҳид бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

– Дар хонаводаи солим ба ҳар як аз аъзо имкони рушд ва боландагӣ дода мешавад. Бинобарин то ҳадди имкон, шароити модӣ ва васоили рифоҳии ҳар узви хонавода дар фазое аз ташвиқ, ҳимоят, ишқ ва муҳаббат, ки лозимаи рушд ва муваффақият ҳастанд фароҳам мешавад ва ҷолиб ин, ки аъзои хонавода ин «то ҳадди имкон» ро дарк мекунанд ва беш аз тавони молии хонавода интизоре надоранд.

Натиҷа: Агар баъд аз мутолиаи ин матолиб дар ба коргирии вожаҳои табиӣ, хуб ва коромад барои тавсифи хонаводаатон дучори тардид шудаед нигарон набошед. Ба сарзаниш ва интиқод аз хонаводаи носолим ниёзе нест. Хонавода ҳамонанди ҷомеае аст, ки фақат бо тағйири ҳар як аз аъзои он ба тағйири бунёдӣ даст хоҳад ёфт. Агар мехоҳед хонаводаи худро ба манзури кумак ба онҳо тағйир диҳед, лозим аст бидонед фақат ва фақат бо эҷоди тағйир дар худ, метавонед имкони ин тағйирро фароҳам оваред.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.