Дармони худирзоӣ-истимно (қисмати дуюм)

91

Ҳамон тавре, ки дар қисматҳои гузашта дар бораи осебҳои удирзоӣ, ки як навъ бемории хатарнок аст суҳбат кардем ва дар инҷо мехоҳем дар бораи роҳҳои дармони ин беморӣ суҳбат кунем.

Роҳҳои дармон

1- Саъй кунед дар маконҳои хилват ва танҳо намонед, чун танҳоӣ худ, омили муҳимме барои таҳрик ба амали худирзоӣ ва заминасози иртикоби ин амал аст. Боз такрор мекунем, танҳо намонед.

2- Ҳамгом бо талош барои раҳоӣ аз танҳоӣ ба фикри барномарезӣ барои густариши иртибототи солим бошед. Иртиботи солим худ ду буъд дорад. Дар қадами аввал бояд аз ҳамроҳӣ ва рафту омад бо касоне, ки ба ин амали зишт одат кардаанд, иҷтиноб кунед, чун аксари афроди мубтало ба ин одати зишт, аз тариқи рафоқат бо афроди фосид ва мубтало гирифтор шудаанд. Дар қадами дуюм афроди солим ва шоистаро ҷойгузини афроди носолеҳ намоед.

Барои ин ки битавонед дар иртиботи солим муваффақ бошед:

– Агар кор ё масъулияте, ки тавони анҷоми онро доред ба шумо пешниҳод шуд ҳатман бипазиред.

– Агар даъват ба саёҳат шудед ҳатман қабул кунед ва ё худатон иқдом намоед.

– Агар падару модар пешниҳоди меҳмонӣ рафтанро ба шумо доданд ҳатман пазиро бошед; Магар ин, ки яқин доред дар меҳмонӣ амри номатлубе воқеъ мешавад.

– Истеъдодҳои ҳунарӣ ва ғайраро, ки қаблан доштаед ва акнун раҳо намудаед, муҷаддадан ба кор гиред; Ба хусус фаъолитҳое, ки шабакаи иртиботии шуморо густариш медиҳад, мисли омӯзиш ё таълими хатотӣ, наққошӣ, тарроҳӣ, гулдузӣ, дузандагӣ ва…. Варзишҳои даста ҷамъӣ (варзишҳои мавриди алоқаатон), кӯҳпаймоӣ ва…ро дар барномаи рӯзона ё ҳафтагии худ қарор диҳед.

– Дар маҷолиси мазҳабӣ ва иҷтимоъот ширкат намоед.

3- Талош барои тақвияти ирода аз гомҳои муҳим дар амр беҳбуд аст. Нагӯед ирода аз мо салб шудааст. Мумкин аст иродаи инсон заиф шавад вале ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад. Нишона ин, ки ҳанӯз ирода доред ин аст, ки ин амалро дар ҳузур дигарон ва дар ҳар шароите анҷом намедиҳед.

Барои тақвияти ирода роҳҳои зиёде пешниҳод шудааст, ки ба бархе аз онҳо ишора мекунем:

а) Талқин ба худ: Мураттаб ба худ бигӯед ман метавонам ин амалро тарк кунам. Ҳар чӣ ирода заиф тар бошад, ниёзаш ба талқин бештар аст. Доктор «Виктор Пӯша» равоншинос Фаронсавӣ мегӯяд:

«Афроди мубтало ба одати шум ҳар рӯз ба дафаоти мухталиф бо тамаркузи фикр ба худ бигӯянд: Ман ба хубӣ қодирам ин одати бадро аз худ дӯр кунам, ман қодирам. Такрори ин иборати содда асари аҷибе дар тақвияти ирода ва рӯҳия дорад».

Павел Жагу пешниҳод мекунад, кӣ:

«Талқин, қабл аз хоб низ муассир аст».

б) Талқин ба дигарон ё шунидани талқини дигарон ҳам ба ҳамин андоза дар тарки ин амал муфид аст.

в) Ба поён расондани корҳои ниматамом ҳам, дар тақвияти ирода муассир аст. Саъй кунед ҳеҷ кори ниматамомеро аз худ ба ҷой нагузоред.

г) Тамаркуз бахшидан ба фаъолиятҳои гуногун ва пароканда: Талош кунед аз корҳои мутааддид ва мутанаввеъ парҳез намоед чун мӯҷиби парокандагӣ ва ба ҳам рехтагии инсиҷоми фикр мешаванд. Ба илова тавон ва неруи инсон низ ҳарз ва таҳлил меравад. Инҳо худ омили тазъифи ирода аст.

д) Намоз, саҳар хезӣ, камхӯрӣ, дӯрӣ аз ҳар навъ гуноҳ ва куллан тарки хостаҳои нафсонӣ низ аз авомили бисёр муҳим дар тақвияти ирода аст.

4- Афкори ҷинсиро, ки ба зеҳнатон хутур мекунад билофосила бо зикри Худо ва ёди осебҳои маънавӣ, ҷисмӣ, равонӣ ва иҷтимоии ин амал, аз зеҳни худ дӯрӣ намоед.

5- Танбеҳи баднӣ: Яке аз роҳҳои хунсо кардани ин таҳрикот он аст, ки худро танбеҳ намоед; Масалан каш нозукеро ба мучи дасти худ бибандед ва ҳангоми таҳрик онро хуб бикашед ва сипас раҳо кунед. Ин кор барои аз байн бурдани таҳрик ва тарки амал ҳатман муассир аст.

6- Роҳи дигари хунсо намудани таҳрикот, гирифтани дӯши оби сард албатта агар аз саломати ҷисмӣ бархурдоред ё шустани аъзо бо оби сард аст. Метавонед ҳар субҳ ва шомгоҳ низ аъзои таносулии худро бо оби сард бишуед.

Дармони худирзоӣ (қисмати аввал)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.