Читавр кӯдаконро ташвиқ кунем

Шиваи саҳеҳи ташвиқи кӯдакон

84

Дар гузашта волидайн фикр мекарданд, ки ташвиқи кӯдак боиси нарсисизм ва боварии зиёдатии кӯдакон мешавад ва ба ин далел аз ташвиқи фарзандон худдорӣ мекарданд.

Дар ҳоле, ки имрӯза равоншиносони кӯдак бар аҳамияти шиваи дурусти ташвиқи кӯдакон дар тарбияи кӯдак таъкид мекунанд. Савол ин аст, ки чаро ташвиқ кардан муҳим аст ва чӣ таъсироте бар кӯдакон дорад? Чӣ гуна кӯдаконро ташвиқ кунем? Оё ҳамин, ки аз фарзандамон таъриф кунем кифоят мекунад? Ё ташвиқу таҳсини кӯдак усули хосе дорад? Дар ин матлаб ба шиваи саҳеҳи ташвиқи кӯдакон ва таъсироти он дар рафтори кӯдак мепардозем.

  1. Иллати ташвиқ кардани кӯдакро мушаххас кунед:

Ҳангоми ташвиқи кӯдак, сабаби онро бо ҷузъиёт баён кунед. Куллӣ гӯӣ метавонад манзури аслиро пинҳон кунад ва кӯдак мутаваҷҷеҳи иллати он намешавад. Барои мисол ба ҷои ин ки ба ӯ бигӯед: Рафторат дар парк хуб буд, ҷузъиёти бештареро матраҳ кунед: Барои ин ки дар ҳангоми бозӣ кардан бо сабру ором будӣ хурсандам. Ба ин тартиб кӯдак мутаваҷҷеҳ мешавад, ки дафъаи баъд ҳам ҳамин рафтораш сабаби ташвиқ хоҳад шуд ва онро идома медиҳад.

Ба ҷои каламоти ташвиқкунандаи куллӣ, кӯдаконро бо истифода аз каламаҳои тавсифӣ ва махсус ташвиқ кунед. Таваҷҷуҳ ба ҷузъиёти рафтори фарзандатон нишон медиҳад, ки ба ӯ таваҷҷуҳ кардаед ва воқеан бароятон муҳим аст.

  1. Дар ташвиқи кӯдак содиқ бошед:

Муҳим аст, ки ҳангоми ташвиқи кӯдакон содиқ бошед ва зиёдаравӣ накунед. Барои мисол лозим нест барои таҳсин кардани кӯдак ба ӯ бигӯед: Ту беҳтарин рассоми ҷаҳон ҳастӣ. Танҳо кофӣ аст, ки содиқона ва воқеӣ аз кораш таъриф кунед. Фаромӯш накунед, ки кӯдакон мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки ташвиқҳои шумо чиқадар содиқона мебошад.

Ташвиқҳои газофагӯёна ҳатто мумкин аст натиҷаи зид диҳад ва кӯдак дигар таҳсин карданҳои шуморо бовар накунад. Ҳатто мумкин аст интизорҳои дуруғинро дар зеҳни ӯ барои дарёфти таҳсин ва ташвиқ ба хотири ҳар кори кучак шакл диҳад ва ӯро вобаста кунад.

  1. Лаҳни шумо дар ташвиқи кӯдакон ба андозаи каламот аҳамият дорад:

Равоншиносон истифода аз лаҳни гарму муҳаббатомезро дар ташвиқи кӯдакон таъкид мекунанд. Забони бадани шумо ҳам ҳангоми таҳсину ташвиқи кӯдак аҳамият дорад. Иртиботи чашмӣ барқарор кунед, ва дар сурати имкон хам шаведу қадатонро ҳамандозаи кӯдак кунед то ру дар руи ӯ қарор бигиред.

Ҳангоми ташвиқ кардани кӯдак талош кунед номи ӯро садо бизанед ва ҳисатонро аз тариқи каламоту ҳолоти чеҳра ба ӯ мунтақил кунед. Ин кор сабаб мешавад асарбахшии ташвиқи кӯдак бештар шавад ва дар зиҳни кӯдак ҷойгоҳи вижа ва мондагоре дошта бошад.

  1. Барои пойбандӣ ба усули ташвиқи кӯдак, ба мизони пешрафташ аҳамият диҳед:

Агар шиваи ташвиқкардани шумо дуруст бошад кӯдаки шумо мутаваҷҷеҳ мешавад, ки чиқадар барои пешрафти ӯ арзиш қоил ҳастед. Ӯро бо худаш қиёс кунед ва бар руи рушд ва беҳтар шудани корҳояш фикр кунед зеро, ки ин навъ ташвиқи кӯдакон ангезаи онҳоро барои талоши бештар боло мебарад. Барои мисол ба ӯ бигӯед: Ту дар кантроли туб нисбат ба гузашта хеле беҳтар шуда истодаӣ. Бо ин гуфта ба кӯдак нишон медиҳед, ки ҳам ба наҳваи кори ӯ таваҷуҳ доред ва ҳам комилан мутаваҷҷеҳи рушду пешрафти ӯ шудаед.

  1. Беҳтарин ташвиқ барои кӯдак муқоиса шудан бо худаш аст:

Тавонмандиҳои кӯдакон бо якдигар фарқ дорад ва наметавонед аз ҳамаи бачаҳо хостаи баробар дошта бошед. Бинобар ин як қоидааст, ки ҳаргиз кӯдакро бо ҳеҷ шахси дигаре муқоиса накунед. Муқоиса, кӯдаконро дар баробари шикастҳои оянда осебпазир мекунад. Бачаҳое, ки бо муқоиса мавриди таҳсин қарор мегиранд, вақте шикаст мехӯранд аз муқоиса даст намекашанд ва сареътар ангезаи худро аз даст медиҳанд.

Шумо метавонед ин боварро дар фарзандатон ба вуҷуд оваред, ки ҳар кас истеъдодҳои мутафовите дорад. Ба таври мисол беҳтар аст вақте кӯдак тавонмандие ё истеъдоди хосеро дар хоҳар ё бародари бузургаш мушоҳида мекунад илова бар таҳсини он шах тавонмандиҳои худашро ёдовар шавем. Барои мисол агар мегӯяд, ки наметавонад монанди бародари бузургтараш шутҳои баланд бизанад, ба ӯ бигӯем: Бале, бародарат хуб шут мезанад, аммо ман мутаваҷҷеҳ шудам, ки ту метавони хело сареъ бидавӣ. Ин навъ ташвиқи кӯдакон илова бар инки бар амалкарди кӯдак таъсир мегузорад боиси афзоиши худбоврии ӯ низ мешавад.

  1. Талоши кӯдаконро таҳсин кунед:

Яке аз қоидаҳои ташвиқи кӯдакон он аст, ки битавонед бо шивае муносиб, амали таҳсинро дар зеҳни кӯдак ба рафтораш нисбат диҳед то онро идома диҳад. Вақте кӯдаконро ба хотири талошҳояшон дар анҷоми як кор мавриди таҳсин қарор медиҳед, ёд мегиранд, ки муваффақиятро ба талоши худ нисбат диҳанд. Чун талош кайфияте аст, ки ҳамаи мо қудрати кантрол ва беҳбуди онро дорем бинобар ин кӯдакон ба ҷои фикр кардан бар натиҷаи кло, бештар дар барои тамрин ё тавсеаи маҳоратҳояшон фикр кунанд.

Чунин тарзи тафаккуре метавонад ангеза, ҳиммат ва лаззати дарунии кӯдаконро афзоиш диҳад. Ин кӯдакон дар ҳангоми шикаст хӯрдан бар ин боваранд, ки шикаст хӯрдаанд зеро ба андозаи кофӣ талош накардаанд ва агар талошашонро бештар кунанд, шикаст ба пирӯзӣ табдил хоҳад шуд. Бинобар ин бачаҳо ангеза доранд, ки дубора талош кунанду алоқа ба беҳбуди амалкарди худ доранд. Ин кӯдакон қудрати бештаре пайдо мекунанд ва дар сурати шикаст аз пешрафт боз намеистанд.

  1. Кӯдакро фавран ташвиқ кунед, аммо онро ба як одат табдил надиҳед!

Яке аз усул ва қоидаҳои ташвиқи кӯдакон ин аст, ки фавран баъд аз анҷоми як кори хуб ё рафтори мусбат ӯро таҳсину ташвиқ кунед. Дар ин сурат фарзанди шумо метавонад ин ду мавзӯъро бо ҳам рабт диҳад. Хело аз волидон барои таҳсину ташвиқи фарзандашон дунболи як мавқеъияти вижа мегарданд. Маслан бо худашон мегӯянд: Чиқадар хуб дар ҷамъ кардани дастархон ба ман кумак кардӣ падарат, ки омад мегӯям туро ташвиқ кунад. Аммо нуктаи муҳим ин аст, ки ташвиқ кардани кӯдакон бояд фавран ва часпида ба он рафтори хубаш бошад.

Ҳамчунин диққат кунед ташвиқи кӯдак як шамшери ду тараф тез аст. Ситоиши ҳар амали мусбатро ба одат табдил надиҳед. Лозим нест ҳар рӯз фарзандатонро ташвиқ кунед то ба ӯ кумак кунед ангеза дошта бошад. Андозаи тамҷид аз кӯдак замоне, ки табдил ба одат ва як расми ҳамешагӣ шавад аз байн меравад. Барои ҷилавгирӣ аз ташвиқи беш аз ҳад ё ғайри содиқона, беҳтарин роҳ ин аст, ки ба таври ғайричашмдошт ва содиқона онро анҷом диҳед.

Масалан, дар болои мизи кори фарзандатон ё дар сумкааш як навиштаи рӯҳбаландкунанда қарор диҳед. Фаромӯш накунед қадрдонӣ аз кори кӯдакон метавонад шиваҳои мухталифе дошта бошад. Шумо ҳамчунин метавонед кӯдаки худро бо анҷоми корҳое монанди, маҳкам дар оғӯш гирифтан ташвиқ кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.