Талош ва кор дар зиндагӣ

105

Мавҷудоти ҷаҳон барои бақои худ, ниёз ба кору талош доранд. Аз дили ҳар зарра то умқи каҳкашонҳоро бингаред, дар ҷой-ҷои он нишон аз талошу кор хоҳед ёфт. Инсон низ ба унвони ҷузъе аз иннизом, барои идома ва таъмини ҳаёти худ, ниёзманди он буда ва дастёбӣ ба ҳадафҳои бузург ва зиндагии ноб, дар гарави он аст.

Қуръони Карим вусул ба неъматҳои бузурги илоҳӣ ва ҳаёти ҷовидони охиратро манут ба амали солеҳ ва саъйи шоиста донистааст ва дар ҷое фармудааст: “Инсон ҷуз саъю талош баҳрае надорад ва ба зудӣ ба натиҷаи кори худ хоҳад расид”.

Ҳаракат ва иқдом дар ҷиҳати рафъи ниёзмандиҳои зиндагӣ ба сони риштаест, ки маҷмӯае аз муҳраҳоро ба ҳам пайванд додааст, ки пора шудани он, аз ҳам пошидани маҷмӯаро дар пай хоҳад дошт.

Бинобар ин ривоёти зиёде бо таъкиди фаровон ва бо таъбирҳои гуногун бар рӯи кор ба унвони заруритарин ниёзи зиндагии башар пофишорӣ ва тавсия мекарданд ва ақсоми кор аз кишоварзӣ, тиҷорат парвариши чорво, саноат, ҳунар ва ҳирфаҳои муфид ва мавриди ниёзи ҷомеа супориш шуда то ҳам халаъҳои ҷомеа пур шуда ва ҳам рафоҳу осоиши шахс ва афрод таҳти кафолат таъмин шавад.

Аз Расули Акрам(с) ривоят шудааст, ки фармуданд: “Ҳар кас аз роҳи ҳалол барои ба даст овардани сарвати дунё бикӯшад, то дасти ниёз ба сӯи дигарон накушояд ва эҳтиёҷҳои хонаводаашро рафъ кунад ва ба ҳамсояаш аз рӯи меҳрубонӣ кӯмак кунад, Худовандр мулоқот мекунад, дарҳоле ки чеҳрааш ба сони моҳи шаби чаҳордаҳ медурахшад”.

Ҳамчунин дар сояи кору талош аст, ки зан дар муҳити хона ба вазоифи худ амал мекунад ва бо баҳонаҷӯӣ аз масъулияти худ фирор намекунад, гузашта аз ин ки дарсурати тавон ва вуҷуди заминаи муносиб, барои кӯмак ба иқтисоди хонавода ва ҷомеа, аз пазируфтани коре, ки муносиб бо шаъни зани мусалмон бошад, ҳам дареғ намеварзад.

Расули Акрам(с) мефармоянд: “Дастгоҳи ресандагӣ дар дасти зани солеҳа ҳамчун найза дар дасти ҷангҷӯест, ки дар роҳи мубориза бархостааст”.

Бархе аз занони хонадор, ки гирифтории камтаре дар манзил доранд, гоҳе вақти изофа доранд, ин гуна бонувони заҳматкаш, шоиста нест вақти гаронбаҳои худро ба батолату бекорӣ гузаронанд ва ё онро бо саргармиҳо ва нишастҳои гуноҳолуд биолоянд. Қатъан ҳеч сармояе боарзиштар аз фурсати умр нест. дар сояи ҳамин лаҳзаҳост, ки биҳишти илоҳӣ ба даст меояд ва дину дунёи инсон обод гашта ва рӯ ба сомон меравад ва бобаҳрагирӣ аз ҳамин фурсатҳост, ки бузургони дин ва донишмандон қофилаи башариятро ба пеш бурдаанд ваолитарин хадамотро ба ҷомеа арза кардаанд.

Бинобар ҳамин Расули Акрам(с) дар супориши худ ба Маъоз ибни Ҷабал мефармоянд: “Инсони фарзона саъй мекунад вақти худро ба се сурат бигзаронад:

1 – андӯхтани сармояи маънавӣ ва бардошти тғша барои зиндагии охират;

2 – талош дар роҳи таъмини зиндагӣ ва маишати дунё;

3 – тафреҳи солим ва дур аз фасоду гуноҳ”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.