Ҳикояти подшоҳи ранҷур

54

Ҳикояти подшоҳи ранҷур

Яке аз мулуки араб ранҷур буд, дар ҳолати пирӣ ва умеди зиндагонӣ қатъ карда, ки саворе аз дар даромад ва башорат дод, ки фалон қалъаро ба давлати худованд кушодем ва душманон асир омаданд ва сипоҳу раияти он тараф, ба ҷумлагӣ мутеи фармон гаштанд.

Малик нафасе сард бароварду гуфт, ин мужда маро нест, душманонамрост; яъне ворисони мамлакат.

Бад-ин умед ба сар шуд дареғ, умри азиз

Ки ончи дар дилам аст, аз дарам фароз ояд

Умеди баста баромад, вале чи фоида з-онк

Умед нест, ки умри гузашта бозояд

Кӯси реҳлат бикӯфт дасти аҷал

Эй ду чашмам, видои сар бикунед

Эй кафи дасту соиду бозу

Ҳама тавдеи якдигар бикунед

Бар мани уфтода душманком

Охир эй дӯстон, гузар бикунед

Рӯзгорам бишуд ба нодонӣ

Ман накардам, шумо ҳазар бикунед.

(Гулистони Саъдӣ, боби аввал, “Дар сирати подшоҳон”, ҳикояти 9)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.