Аҳамияти амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

22

Аҳамияти амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дар ривоёт

Паёмбари Акрам(с) фармудаанд:

“Касе, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунад, ҷонишини Худо дар рӯи замин аст”.

“Тамоми корҳои нек ва ҳатто ҷиҳод дар роҳи Худо, дар баробари амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, чун оби даҳон аст дар баробари дарёҳои паҳновар”.

“Ҳар як аз шумо, агар мункареро дид, бояд бо дасти худ онро тағйир диҳад. Агар натавонист, бо забонаш тағйир диҳад, (эътироз кунад) ва боз, агар натавонист, дар қалбаш онро инкор кунад ва ин заифтарин марҳалаи имон аст”.

“Барои чашми боимоне, ки исёни Худоро мебинад, раво нест, ки он чашм ба ҳам хурад, (пилк бизанад), магар ин ки вазъиятро тағйир диҳад”. Аз ин ҳадиси мубораки Расули гиромии ислом фаҳмида мешавад, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар як кори фаврӣ аст ва бо дидани мункар, инсони мӯъмин бояд иқдом кунад.

“Худованд мӯъмини нотавонеро, ки дин надорад, дӯст намедорад.

Пурсиданд: Мӯъмини нотавони бедин чӣ касест?

Фармуд: Он ки наҳй аз мункар намекунад”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.