Хутбаи Паёмбари Акрам (с) пеш аз фарорасии моҳи Рамазон

86

Ҳазрати Расули Акрам (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар охири моҳи Шаъбон дар бораи моҳи Рамазон хутбае хонданд ва фармуданд:

Эй мардум! Ба дурустӣ, ки ба сӯи шумо рӯй овардааст моҳи Худо, бо баракат ва раҳмату омӯрзиш.

Моҳе, ки назди Худо беҳтарини моҳҳост ва рӯзҳояш беҳтарини рӯзҳо ва шабҳояш беҳтарини шабҳо ва соатҳояш беҳтарини соатҳо.

Ва он моҳест, ки шуморо дар он ба сӯи зиёфати Худо даъват кардаанд ва шумо дар он аз аҳли каромати Худо гаштаед.

Нафасҳои шумо дар он савоби тасбеҳ дорад ва хоби шумо савоби ибодат дорад ва амалҳои шумо дар он мақбул аст ва дуоҳои шумо дар он мустаҷоб.

Пас бо ниятҳои дуруст ва дилҳои покиза аз гуноҳ ва пок аз сифатҳои зишт, бихоҳед аз Парвардигори худ, ки ба шумо тавфиқи рӯза доштан ва тиловати Қуръон дар он диҳад.

Ба дурустӣ, ки бадбахт касест, ки дар ин моҳи бузург аз омӯрзиши Худо маҳрум гардад. Ва ёд кунед бо гуруснагӣ ва ташнагии худ дар ин моҳ, ташнагӣ ва гуруснагии рӯзи қиёматро ва садақа диҳед фақирон ва мискинони худро ва эҳтиром кунед пирони худро ва раҳм кунед кӯдакони худро ва навозиш намоед хешони худро.

Ва нигоҳ доред забонҳои худро аз ҳар ончи гуфтанаш бар шумо ҳалол нест ва бипӯшед чашмони худро аз ҳар ончи нигоҳаш бар шумо ҳалол нест ва боздоред гӯшҳои худро аз ҳар ончи шуниданаш бар шумо ҳалол нест ва меҳрубонӣ кунед бо ятимони мардум, то баъд аз шумо бо ятимонатон меҳрубонӣ кунанд.

Ва аз гуноҳони худ ба сӯи Худо бозгардед ва дастони худро дар вақтҳои намоз ба дуо боло баред, зеро вақти намоз беҳтарин вақтҳост, ки Худои меҳрубон дар он вақтҳо ба раҳмат ба сӯи бандагони худ назар мекунад ва чун ӯро муноҷот кунанд ҷавоб мегардонад ва чун нидояш кунанд, лаббайк мегӯяд ва чун ӯро бихонанд иҷобат мекунад.

Эй гурӯҳи мӯъминон! Ба дурустӣ, ки ҷонҳои шумо дар гарави рафтори шумост, пас бо талаби омӯрзиш аз Худо ҷонҳои худро аз гарав озод кунед ва пуштҳои шумо аз гуноҳонатон гаронбор гаштааст, пас бо саҷдаҳои тӯлонӣ пушти худро сабук гардонед.

Ва бидонед, ки Ҳақ Таъоло ба иззат ва ҷалоли худ савганд ёд кардааст, ки намогузорон ва саҷдакунандагон дар ин моҳро азоб накунад ва эшонро натарсонад ба оташ дар рӯзи қиёмат.

Эй мардум! Ҳар кӣ аз шумо дар ин моҳ рӯзадори мӯъминеро ифтор диҳад, барои ӯ дар назди Худованд савоби озод кардани барда ва омӯрзиши гуноҳони гузашта хоҳад буд. – Пас баъзе аз асҳоб гуфтанд: Эй Расули Худо (с)! Ҳамаи мо ба он тавон надорем, ки рӯзадоронро ифтор диҳем.

Фармуданд: Бо ифтор додан агарчи ба нисфи донаи хурмо ва агарчи ба як шарбати обе дар ин моҳ, аз оташи дӯзах парҳез кунед, ба дурустӣ, ки Худои меҳрубон ин савобро медиҳад бар касе, ки беш аз ин қудрат надошта бошад.

Эй мардум! Ҳар кӣ хулқи худро дар ин моҳ некӯ гардонад, бар сирот осон бигзарад, дар рӯзе, ки қадамҳо бар он билағзад.

Ва ҳар кӣ дар ин моҳ хидмати ғуломон ва канизонро сабук гардонад, Худо дар қиёмат ҳисоби ӯро сабур гардонад.

Ва ҳар кӣ дар ин моҳ шарри худро аз мардум боздорад, Ҳақ Таъоло дар рӯзи қиёмат ғазаби худро аз ӯ боздорад.

Ва ҳар кӣ дар ин моҳ ятимеро гиромӣ дорад, Ҳақ Таъоло дар рӯзи қиёмат ӯро гиромӣ дорад.

Ва ҳар кӣ дар ин моҳ бо хешони худ силаи раҳм ва меҳрубонӣ кунад, Худо ӯро дар рӯзи қиёмат ба раҳмати худ васл кунад.

Ва ҳар кӣ дар ин моҳ меҳри худро аз хешовандон қатъ кунад, Худо дар рӯзи қиёмат қатъи раҳмат аз ӯ кунад.

Ва ҳар кӣ дар ин моҳ намози суннате баҷо оварад, Худо барои ӯ бароти раҳоӣ аз оташи ҷаҳаннам бинависад.

Ва ҳар кӣ дар ин моҳ намози фаризае баҷо оварад, Худо ба ӯ савоби ҳафтод фариза дар моҳҳои дигарро ато намояд.

Ва ҳар кӣ дар ин моҳ бар ман бисёр салавот фиристад, тарозуи амали ӯро сангин гардонад, дар рӯзе, ки тарозуҳои аъмол сабук бошад.

Ва ҳар касе дар ин моҳ як оят аз Қуръон тиловат кунад, савоби касеро дорад, ки дар моҳҳои дигар хатми Қуръон кардааст.

Эй мардум! Ба дурустӣ, ки дарҳои биҳишт дар ин моҳ кушодааст, пас аз Худои Мутаъол бихоҳед, ки онро бар рӯи шумо набандад ва дарҳои ҷаҳаннам дар ин моҳ бастааст, пас аз Ҳақ Таъоло бихоҳед, ки онро бар рӯи шумо боз накунад ва дасту пои шаётин дар ин моҳ бастааст, пас аз Худои Меҳрубон бихоҳед, то ӯро бар шумо мусаллат нагардонад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.