Икроми Модар

47

Икроми Модар

Аҳамияти икроми Модар дар аҳодиси набавӣ

Шахсе назди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) омад ва арз кард, ё Расулаллоҳ чӣ касе сазовор аст, то бо ў ба некўӣ ва эҳсон рафтор кунам?

Ҳазрат фармуданд:

– Модарат.

Пурсид:

– Пас аз ў чӣ касеро икром кунам?

Фармуданд:

– Модаратро.

Сипас гуфт:

– Пас аз ў чӣ касеро мўҳтарам шуморам?

Фармуданд:

– Модаратро.

Барои мартабаи чаҳорум саволи худро такрор кард, ҳазрат фармуданд:

– Падаратро.

Ва дар ҳадиси дигар омадааст, ки Расули Худо дар посухи суоле се бор некӣ ба модар ва дар мартабаи чаҳорум некӣ ба падарро тавсия фармуданд.

Ва низ фармуданд:

«Хору залил бод он кас, ки модару падар ё яке аз онҳоро дар пирӣ дарк намояд, аммо аҳли биҳишт набошад (яъне ба онҳо эҳсон накунад ва худро биҳиштӣ нанамояд)».

Ва дар хабар ворид шудааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба ҷавоне, ки майли рафтан ба ҷиҳод дошт, вале модаре пир ва вобаста ба худ низ дошт, фармуданд:

– Муроқиби модарат бош, ки биҳишт зери пои ў мебошад.

Ва ба шахсе, ки гуфт:

– Эй Расули Худо, барои ба майдони ҷанг рафтан аз падару модарам ҷудо шудам ва онҳо аз фироқи ман ба гиря афтоданд, – фармуданд:

– Бозгард ва онҳоро бихандон ҳамон гуна ки ононро гирёндӣ.

Ва низ фармуданд:

«Касе, ки мехоҳад умраш зиёд ва ризқаш фаровон гардад, ба падару модари худ некӣ кунад ва силаи раҳм ба ҷой оварад».

Ва ҳатто ба некӣ ба падару модари ғайри мусалмон низ дастур додааст.

Дар ҳадисе эҳсон ба волидайнро ҳатто пас аз марги онҳо, ба сурати намоз ва истиғфор барои онҳо, вафо ба аҳди онҳо, икроми дўстони онҳо ва силаи раҳми онҳо тавсия фармудааст.

Дар хабар аст, ки шахсе назди Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) омад ва гуфт:

– Ман марде ҳастам, ки гуноҳи бузурге муртакиб шудаам, оё тавбаам пазируфта аст?

Фармуданд:  Оё модар дорӣ?

Гуфт:

– Аз дунё рафтааст.

Фармуданд:

– Хола дорӣ?

Гуфт:

– Бале, дорам.

Фармуданд:

– Ўро ба ҷои модарат икром кун (то тавбаат зудтар пазируфта шавад).

Ва дар ҳадиси дигаре фармуданд:

«Хола ба манзалаи модари инсон аст».

Худованд моро дар амал ба дастуроти фиристодаи ў, Паёмбари мукаррами ислом Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) муваффақ гардонад.

(Гузиниш аз китоби Супоришоти Паёмбар(с) бар занон ва духтарон)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.