Мароҳил ва шеваҳои муносиби баёни гилояҳо

194

 

–     Қабл аз ҳар чиз аз зуд қазоваткардан парҳез кунед.

–     Иттифоқи рух додаро бо дидгоҳи мантиқӣ ва воқеъбинона аз ҷиҳатҳои мухталиф баррасӣ кунед.

–     Аз ба вуҷуд омадани бадгумонӣ ва бадфаҳмӣ ҷилавгирӣ кунед.

–     Ба мавзӯъ аз дидгоҳи тарафи муқобил бингаред, ки ин ба маънои дарки авотиф ва эҳсосот, андешаҳо ва афкори ӯст.

–     Дар ҳангоми қазоват фақат ба манофеи фардӣ фикр накунем балки таваҷҷуҳе ба манофеи муштарак дошта бошед.

–     Риояти эҳтироми худ ва тарафи муқобил дар тамоми мароҳили шууни зиндагӣ ҳатто дар тарҳи шикоятҳо, як масъалаи ҳаётӣ аст.

–     Аз ба кор бурдани калимаҳои тунд ва тавҳиномез, ки фоидае ҷуз эҷод ва барангехтани ҳисси нафрат дар он вуҷуд надорад, бипарҳезед. Мутаассифона дида мешавад бархе завҷҳо ҳатто ба қасд, алфозеро бар забон ҷорӣ мекунанд, ки тарафи муқобилро озор дода ва хашму асабонияти ӯро сабаб мешаванд.

–     Муқоиса накардани ҳамсарон бо ҳеҷ каси дигар; Зеро ин таҳқири ошкори ӯст ва натиҷаи ин муқоиса [эҳсоси ҳақорат, камбуд, аз даст додани руҳияи худбоварӣ ва хашм] хоҳад буд.

–     Рабт надодани мушкили ба вуҷуд омада ба тамоми воқеаҳои зиндагӣ, дар ғайри ин сурат як мушкили кӯчак чунон доманадор хоҳад шуд, ки авоқиби ба вуҷуд омдаи аз он шояд ғайриқобили ҷуброн бошад. Қарор нест як фаҳми нодурусти кӯчак ё иштибоҳи ночизе, ки тавассути яке аз бастагони ӯ сар зада дар ҳар мавқеият ва ё ҳар мушоҷира ё ихтилофи назар (он ҳам барои гирифтани имтиёзи бештар аз тарафи муқобил) такрор шавад.

Ба ёд дошта бошем забони хуш чизе нест ҷуз

а- Риояти эҳтироми тарафи муқобил

б- Ба коргирии калимаҳо ва ибораҳое, ки сабаби ба вуҷуд омадани ҷанҷол байни завҷайн набошанд ва гуфтани онҳо натиҷаи хубе дошта бошд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.