Омӯзаҳои тарбиятии кӯдакон

90

Фарзандонатонро ба як андоза дӯст дошта бошед

Дар айни ин ки ба фарзадонатон ба таври мусовӣ ишқ меварзед, бо ҳар як аз онҳо рафтори мунҳасир ба худашон дошта бошед, чаро ки онҳо афроди мутафовите ҳастанд.

***

Ҳар лаҳза ба фарзандонамон бигӯем дӯстат дорам

Ҳатто агар теъдоди дафаоти ибрози алоқаи шумо ба 743 бор дар рӯз бирасад, боз ҳам ба ӯ бигӯед, ки ман туро дӯст медорам! Ба ёд дошта бошед, ки бо корбурди зиёди ин калимоти муҳаббатомез ва дар оғӯш гирифтан ва бӯсидани онҳо, кӯдакатон лусу эрка нахоҳад шуд. Ин кор имкон надорад.

***

Ба ёд дошта бошем, ки мо молики фарзандамон нестем

Фарзандон танҳо барои замони муайяне ба мо супурда шудаанд. Амонатҳое дар ихтиёри мо, ки масъули тарбияти хубашон ҳастем. Дар ин солҳо тамоми талоши худро бояд анҷом диҳем то ба одамҳои хубе табдил шаванд.

***

Қадри лаҳзаҳоро бидонем

Падарумодарӣ ҳаяҷонангезтарин кори дунёст. Дуруст аст, ки хонаи шумо баҳам рехта мешавад, либосҳои чирк бар рӯи ҳам анбошта мешавад ва корҳои зиёде рӯи саратон рехтааст, аммо шояд ҳамин ҳоло кӯдакатон хандида бошад. Аз ин лаҳазот лаззат бибаред, чаро ки хеле зуд ба интиҳо мерасанд.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.