Фоидаи даъвоҳои зану шавҳар

87

Тибқи таҳқиқоти анҷомшуда, 44% завҷҳо эътиқод доранд, ки агар даъвоҳояшон дар ҳадди як рӯз дар ҳафта бошад, бар беҳбуди робиташон муассир аст. Албатта навъи даъво аҳамияти зиёде дорад. Агар даъвоҳо ё беҳтар аст бигӯем баҳсҳо бо эҳтиром ва оромиш бошад, таъсири мусбат дорад, дар ғайри ин сурати беэҳтиромӣ ва доду бедор робитаро харобтар мекунад.

Агар шумо ҳам гоҳ гоҳе бо ҳамсаратон даъво мекунед ва аз ин мавзӯъ нигарон ҳастед, ба фавоиде, ки даъвоҳои созанда бароятон дорад, нигоҳе биандозед.

Даъво нишонае аз булуғ аст

Даъвоҳои мудом нишонаи хубе барои равобити баландмуддат нест аммо афроде, ки дорои булуғи фикрӣ ҳастанд, метавонанд дар ин вақтҳо ба аъсобашон мусаллат бошанд ва тасмими дуруст бигиранд. Агар шумо ҳам битавонед дар бугӯмагӯҳо худатонро контрол ва аз доду фарёд задан худдорӣ кунед ва дар ниҳоят битавонед ба як тафоҳум бирасед, дар беҳбуди робитаи худ таъсири мусбате гузоштаед. Бинобарин булуғи фикриатонро дар даъво низ ба кор гиред.

Шумо меҷангед чун аҳамият медиҳед

Шояд бароятон соддатар бошад, ки чашмонатонро ба рӯи мушкилотатон бубандед ва канор бикашед аммо агар худатонро барои аъсобхӯрдиҳои даъво ва ҳарфҳое, ки дӯст надоред бишнавед, омода мекунед танҳо ба ин ҳадаф, ки мушкили бавуҷудомадаро ҳал кунед, бидонед, ки шумо дар робитаи солим ва баландмуддат қарор гирифтаед. Инки шумо даъворо ба сукут тарҷеҳ медиҳед, яъне аз чизе, ки бароятон аҳамият дорад, ки ҳамон робита бо шарики зиндагиатон аст, дифоъ мекунед.

Даъво, иртиботи миён шуморо соддатар мекунад

Агар мехоҳед эътимодро дар робитатон барқарор кунед, набояд дар муқобили мушкилот сокит бишинед. Дар ин вақтҳо шумо бояд бо зеҳни боз ба самти шарики зиндагиатон биравед ва бо ӯ ҳарф бизанед. Албатта ҳарф задани танҳо кофӣ нест, шумо бояд ба ҳарфҳои ӯ ҳам ба диққат гӯш диҳед. Аз онҷо, ки баҳс яке аз роҳҳои барқарории иртибот аст ва афрод дар даъво содиқонатар ҳарфҳояшонро мезананд, пас аз итмомон, самимияти бештаре миёнашон барқарор мешавад. Бинобарин саъй кунед, ки дар даъво ҳарфҳоятонро содиқона аммо бо эҳтиром ва оромиш ба забон оваред.

Бугӯмагӯ нишонаи як робитаи солим аст

Муҳаққиқон эътиқод доранд, ки як робитаи солим 7 нишона дорад, ки яке аз онҳо даъвост. Агар завҷҳо ҳеҷ вақт бо якдигар даъво накунанд, дар воқеъ чизе миёни онҳо иштибоҳ аст. Собит шуда аст ин завҷҳо аҳамияте  ба якдигар намедиҳанд ва гоҳе ҳамдигарро раҳо кардаанд. Даъво боис мешавад, ки афрод аз ончи барояшон аҳамият дорад ё асабонияшон мекунад бештар ҳарф бизананд. Албатта даъво бояд бо эҳтиром ва оромиш ба ҳамроҳ бошад то натиҷаи мусбат диҳад.

Даъво робитаи шуморо қавитар месозад

Замоне, ки шумо бо шарики зиндагиатон даъво мекунед, муҳим нест, ки баранда мешавед ё бозанда, ончи аҳамият дорад ин аст, ки ҳар дуи шумо дар мавриди дигаре ё ҳатто дар мавриди худатон, чизҳои бештаре мефаҳмед. Даъвоҳои кӯчак, шахсият ва тарзи тафаккури воқеии шуморо рӯ мекунад. Агар ёд бигиред, ки тамоми даъвоҳоятонро бо ҳам ҳал кунед, дар ҳақиқат ба беҳтар шудани робитатон кумак мекунед.

Хашматонро тахлия мекунед

Доштани робитаи солим кори соддае нест. Агар шарики зиндагитон барои шумо аҳамият дошта бошад, шумо бояд ба ҳарими ӯ эҳтиром бигузоред аммо агар ӯ рафтори мушобеҳе бо шумо надошт, мумкин аст аз хашмгин шавед ва даъво роҳ биандозед. Ин бор ҳақ бо шумост, дар воқеъ шумо ҳақ доред барои чизе, ки бароятон аҳамият дорад, биҷангед. Асабонӣ шудан роҳе барои тахлияи хашматон аст. Ин боис мешавад, ки нороҳатии шумо ҳар дафъа рӯи ҳам таламбор нашавад ва ногаҳон фаврон накунад. Аммо ёдатон бошад, ки онро контрол кунед то табдил ба даъвои сангин нашавад.

Дар даъво ибрози алоқа мекунед

Ҳатман барои шумо ҳам пеш омада аст ҳарфҳоеро, ки дар ҳолати оддӣ рӯятон намешавад ё ҳатто фурсат намешавад, ки ба тарафи муқобилатон бигӯед, дар даъво эътироф кунед. Даъво яке аз роҳҳои ибрози алоқа аст. Ба унвони мисол шумо мефаҳмед, ки шарики зиндагиатон нисбат ба атрофиёни шумо чӣ эҳсосе дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.