Оё духтарҳо зудтар ҳарф мезананд?

41

Яке аз боварҳои шоеъ дар хонаводаҳо ин аст, ки духтарҳо зудтар аз писарҳо шурӯъ ба ҳарф задан мекунанд. Ин бовар то ҳадде дуруст аст, чун маҳоратҳои забонӣ дар духтарҳо қавитар аз писарҳост, аммо дар мавриди ҳамаи бачаҳо дурусту саҳеҳ нест. Пас хонаводаҳо набояд бачаҳоро бо ҳам муқоиса кунанд ва интизор дошта бошанд духтарашон зудтар ба ҳарф задан биафтад.

Маъмулан таъхир дар ҳарф задан то се солагӣ табиӣ аст ва волидайн набояд нигарон шаванд, аммо дар сурате, ки кӯдак баъд аз ин син шурӯъ ба ҳарф задан накард, дар баёни калимот ва ҷумласозӣ бо мушкил мувоҷеҳ буд, лукнати забон дошт ё бархе калимотро мудом такрор мекард бояд ҳатман ба мутахассиси атфол, равонпизишк ё равоншиноси кӯдак ва гуфтордармонгар муроҷиа кард, чун ин таъхири гуфторӣ метавонад далоили мухталифе дошта бошад. Ба унвони мисол дар баъзе вақтҳо кӯдак ба далели мушкилоти шунавоӣ наметавонад ҳар бизанад. Ҳатто дар бархе ихтилолҳои шинохтӣ мисли утисм, таъхир дар ҳарф задан яке аз нишонаҳои беморӣ маҳсуб мешавад.

Бояд бидонед кӯдаке, ки қудрати шинохт дорад ва мутаваҷҷеҳи саволҳои модар ва падар ё равондармонгар мешавад ва талош мекунад ба он посух диҳад, дучори мушкил нест, аммо кӯдаке, ки қудрати шинохт надорад ва аслан мутаваҷҷеҳи савол намешавад, мумкин аст дучори мушкил бошад ва таъхир дар ҳарф задани ӯ ҳам ба далели ҳамин мушкил аст ва бояд мавриди баррасӣ қарор бигирад ва баъд аз мушаххас шудани иллат, дармонҳои лозим шурӯъ шаванд.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.