Шеваҳои тарбияти ҷавон

96

Тарбият дар ҷавонӣ таъсири басазое дорад, дар сурате ки тарбияти дуруст анҷом шавад ва дар тарбияти ҷавонамон аз равишҳои дуруст истифода намоем.

Дар идома ба муҳимтарин равишҳои тарбиятӣ ишорае хоҳем намуд, ки дар ростои тарбияти ҷавонон муассиру муфид хоҳад буд.

Бояд воқеияти ҷавонӣ аз ҷониби тарбиятдиҳанда дарк шавад.

Бетардид ҷавонӣ ҳассотарин ва пурмухотиратарин даврони зиндагист. Ҷавон бо ҳамаи тавоноиҳо, ба хотири ҳассосияти мақтаи синнӣ, мушкилот, камбудҳо ва воқеиятҳои инкорнопазир дорад.

Адами дарки ҷавон ва бетаваҷҷӯҳӣ ба воқеиёти табииаш чӣ басо ба ҷои тарбият, сабаби гумроҳиаш мешавад.

Равиши эҳтиром ва масъулият додан ба ҷавон

Эҳтиром ба шахсияти ҷавон ва масъулият додан ба ӯ аз шеваҳои муҳимми тарбиятӣ шумурда мешавад. Ҷавон бо вуҷуди ҳамаи мушкилот ва воқеиёти даврони ҷавонӣ, барои ифои нақш ва анҷоми масъулиятҳои мухталиф тавоноии бисёр дорад. Адами эътимод ба ҷавон ва бетаваҷҷӯҳӣ ба тавоноиҳои ӯ монеи шукуфоии истеъдодҳост ва дар натиҷа ба адами рушди матлуби ҷавон меанҷомад. Сираи гаронсанги Расули Акрам(с) дар масири душвори тарбият, беҳтарин сармашқ шумурда мешавад. Он бузургвор ба ҷавонон эътимод мекард ва корҳои бас муҳим ба онҳо месупурд.

Равиши муҳаббат ва рафоқат

Муҳаббат доруи беназири бисёре аз дардҳост. Муҳаббат бисёре аз мушкилоти отифӣ ва иҷтимоиро аз миён мебарад. Муҳаббат муассиртарин шеваи тарбиятист. Ҷавон конуни отифа ва эҳсосот аст ва ташнаи муҳаббати содиқона. Эҷоди робитаи отифӣ ва самимӣ дар тарбияти ӯ бисёр судманд аст. Дар тариқи тарбият, тундӣ сахтгирӣ ва фишорҳои равонӣ на танҳо муфид нест, балки сабаби ранҷиши ҷавон ва баҳонаҷӯиҳои бештари ӯ мегардад. Ҷавонӣ, бавижа оғози он, замони дӯстӣ ва дӯстёбӣ аст ва ҷавон шадидан аз дӯстони худ таъсир мепазирад. Ин вижагӣ металабад, ки волидайн, падару модарҳо фарзандони худро дар интихоби дӯстони солеҳ ёрӣ кунанд ва муҳимтар ин ки худ барои ӯ дӯсти самимӣ бошанд. Онҳо бояд зимни анҷоми вазифаи падарӣ ва модарӣ, дӯстони хубу самимӣ барои ҷавонашон бошанд.

Муҳаббату рафоқати самимона бо фарзанд ба андозае муҳим аст, ки Имом Содиқ(а) онро роҳи дурусти тарбият дар ҳафтсолагӣ медонад. Он ҳазрат мефармояд: “Бигзор фарзандат ҳафт сол бозӣ кунад, ҳафт сол (-и дуюм) ӯро бо одоб ва равишҳои муфид тарбият кун ва дар ҳафт соли сеюм монанди дӯсти самимӣ бо вай ҳамроҳ бош”.

Равиши мавъиза

Мавъиза аз равишҳои муассир дар тарбияти фарзанди ҷавон аст. Агар мавъиза бо забони мантиқ ва утуфат ҳамроҳ бошад, бисёр муассир ва корсоз хоҳад буд.

Дар ривоёт бар ин шева таъкиди фаровоне шудааст. Алӣ(а) фарзандаш Ҳусейнро чунин мавъиза намудааст: “Фарзандам, туро ба тақвои илоҳӣ, дар замони  ниёзмандӣ ва бениёзӣ ва сухани ҳақ ҳангоми хушнудию хашм ва миёнравӣ дар фақру бениёзӣ ва адолат дар рафтор бо дӯсту душман ва кору талош ҳангоми нишоту беҳолӣ ва хушнуд будан аз Худованд дар сахтию кушоиш супориш мекунам”.

Равиши эҳтиром ба шахсият

Ҷавон барои шахсияти худ аҳамияти бисёр қоил аст. Ҳар навъ камтаваҷҷӯҳиро беэҳтиромӣ ба шахсияти худ медонад ва чӣ басо вокуниш нишон медиҳад. Эҳтиром ба шахсияти ҷавон дар тарбияти ӯ бисёр муассир аст. Агар ҷавон худро бемиқдору ҳақир шуморад, эҳсос кунад, дар назари дигарон эътибор ва ҷойгоҳе надорад ва назди дигарон аз эҳтиром ва арзише бархурдор нест, талош дар ҷиҳати рушд ва тарбияти худро бесамар медонад ва чӣ басо рафторҳои ноҳинҷор нишон диҳад. Дар ривоят омадааст: “Аз шарри касе, ки худро хор медонад, эмин мабош”.

Машварат кардан бо ҷавон нишондиҳандаи эҳтиром ба ӯст, зеро сабаб мешавад, бештар барои худ арзиш қоил шавад, бештар эҳсоси масъулият кунад ва дар натиҷа дар роҳи тарбияти худ бештар бикӯшад.

Сомонаи интернетии “Хонавода намуна”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.