Ташкили зиндагӣ бо дастури паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ [қисмати аввал]

150

Ташкили зиндагӣ бо дастури паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ [қисмати аввал]

Ҷувайбар аз аҳли Ямома буд. Дар ҳамон ҷо буд, ки шӯҳрату овозаи Ислом ва зуҳури Пайғамбари акрам (саллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)ро шунид. Ӯ ҳарчанд тангдасту сиёҳу кӯтоҳқад буд, аммо боҳушу ҳақталабу боирода буд. Баъд аз шунидани овозаи Ислом, яксара ба Мадина омад, то аз наздик ҷараёнро бибинад.

Тӯле накашид, ки Ислом овард ва дар сафи мусалмонон даромад, аммо чун на пуле дошт ва на манзиле ва на ошное, муваққатан ба дастури Расули Акрам (саллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар масҷид ба сар мебурд.

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати аввал

Кам кам дар миёни касони дигаре, ки мусалмон мешуданд ва дар Мадина мемонданд, шахсони дигар ҳам ёфт шуданд, ки онҳо низ монанди Ҷувайбар фақиру тангдаст буданд ва ба дастури Пайғамбар(саллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)   дар масҷид ба сар мебурданд. То он ки ба Пайғамбар ваҳй шуд, масҷид ҷои истодан нест, инҳо бояд дар беруни масҷид манзил кунанд. Расули Худо (саллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҷоеро  дар берун аз масҷид дар назар гирифт ва соябоне дар он ҷо сохт ва он нафаронро ба зери он соябон кӯчонид.

Онҷоро “Суффа” меномиданд ва сокинони он ҷо, ки ҳам фақир буданду ҳам ғариб, “Асҳоби Суффа” хонда мешуданд. Расули Худо (с) ва асҳоб, ба аҳволу зиндагии онҳо расидагӣ мекарданд.

Як рӯз Расули Худо (саллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба суроғи ин даста омада буданд. Дар он миён чашмашон ба Ҷувайбар афтод, ба ҳоли ӯ раҳмашон омад ва ба фикр рафтанд, ки Ҷувайбарро аз ин вазъият хориҷ кунад ва ба зиндагии ӯ сару сомоне бидиҳад. Ба ӯ гуфтанад:

— Эй Ҷувайбар! Чӣ қадр хуб буд зан мегирифтӣ ва хонавода ташкил медодӣ ва ба ин танҳоӣ хотима медодӣ, то ҳам ҳоҷати ту ба зан бароварда шавад ва ҳам он зан дар кори дунё ва охират, кӯмаки ту бошад.

— Эй Расули Худо! Падару модарам фидои шумо! На мол дорам ва на ҷамол, на мансаб дорам ва на насаб, чӣ касе ба ман зан медиҳад? Ва кадом зан рағбат мекунад, ки ҳамсари марди фақиру кӯтоҳқаду сиёҳпӯсту бадшакле монанди ман бишавад?!

Сираи иҷтимоъии паёмбари раҳмат – дӯст доштани фарзанд

— Эй Ҷувайбар! Худованд ба василаи Ислом арзиши одамонро дигар кард. Бисёре аз одамон  дар давраи ҷоҳилият мӯҳтарам буданд ва Ислом онҳоро поин овард. Бисёре азодамон дар ҷоҳилият хору бемиқдор буданд ва Ислом қадру манзилати онҳоро боло бурд. Худованд ба василаи Ислом такаббурҳои ҷоҳилият ва ифтихор ба мақому мансабу насабро аз байн бурд. Акнун ҳамаи мардум аз сафеду сиёҳ, қурайшию ғайриқурайшӣ, арабиву ғайри араб дар як дараҷаанд, ҳеч кас бар дигарӣ бартарӣ надорад магар ба василаи тақво ва итоат. Ман дар миёни мусалмонон фақат касеро аз ту болотар медонам, ки тақво ва амалаш аз ту беҳтар бошад. Акнун ба он чӣ дастур медиҳам амал кун.

Расули Худо (саллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) пас аз он ки Ҷувайбарро аз фикри хатояш берун оварданд ва ӯро ба зиндагӣ умедвор сохтанд, дастур дод яксара ба хонаи Зиёд ибни Лубайди Ансорӣ биравад ва духтари ӯро яъне Зулфоро барои худ хостгорӣ кунад.

Зиёд ибни Лубайд аз сарватмандон ва мӯҳтарамони аҳли Мадина буд. Афроди қабилаи вай эҳтироми зиёде барояш қоил буданд. Ҳангоме, ки Ҷувайбар вориди хонаи Зиёд шуд, гурӯҳе аз хешовандон ва нафарони қабилаи Зиёд дар он ҷо ҷамъ буданд.

Итоат кардан аз шавҳар

Ҷувайбар пас аз иҷоза гирифтан ва нишастан бо дидани ҷамоат камтар дудила шуд

ва сипас сарро баланд кард ва ба Зиёд гуфт:

Ман аз тарафи Пайғамбар паёме барои ту дорам, маҳрамона бигӯям ё ошкоро?

Зиёд: Паёми Пайғамбар барои ман ифтихор аст, албатта ошкоро бигӯ.

Ҷувайбар: Пайғамбар маро фиристода, ки духтарат Зулфоро барои худам хостгорӣ кунам.

Зиёд: Пайғамбар худаш ин мавзӯъро ба ту фармуд?!

Ҷувайбар: Ман, ки аз пеши худ ҳарфе намезанам, ҳама маро мешиносанд, аҳли дурӯғ нестам.

Зиёд: Аҷиб аст! Расми мо нест духтари худро ҷуз ба ҳамшаънҳои худ аз қабилаи худамон бидиҳем. Ту бирав, ман худам ба ҳузури Пайғамбар хоҳам омад ва дар ин мавзӯъ бо худи эшон сӯҳбат мекунам ва узрамро мерасонам.

Идома дорад…..

Ташкили зиндагӣ бо дастури паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ [қисмати дуввум]

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.