Машварат бо ҳамсар

98

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад.

Вақте ду нафар бо ҳам машварат мекунанд, яқинан аз афкор ва назариёти ҳамдигар илҳом мегиранд ва ба нуқоти заъфу қуввати афкори ҳамдигар огоҳ мешаванд. Усулан афроде, ки дар корҳои худ бо дигарон машварат мекунанд, камтар гирифтори лағзиш ва иштибоҳ мешаванд.

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Нест касе, ки дар корҳои худ машварат бикунад, магар ин ки ба роҳи дуруст ва матлуб ҳидоят шавад”. Аммо афроде, ки гирифтори истибдоди раъй ҳастанд ва худро бениёз аз афкор ва орои дигарон медонанд (ҳарчанд аз назари фикрӣ фавқулода бошанд), ғолибан гирифтори иштибоҳоти хатарноке мешаванд.

Фарди машвараткунанда ба таври ғайримустақим шахсияти тарафи муқобилро таъйид мкунад ва амалан ба ӯ мефаҳмонад, ки ту мавриди эътимоди ман ҳастӣ. Машварат кардан бо касе, нишонаи арҷ ниҳодан ба ӯ ва шахсият додан ба вай аст. Аъзои аслии як хонавода зану шавҳар ҳастанд ва ақл ҳукм мекунад, ки барои ҳифзи самимият миёни худашон дар анҷоми умури сарнавиштсоз бо якдигар ба машварат бинишинанд ва саранҷом тасмимашонро иҷро кунанд.

Тасмимгириҳои якҷониба аз тарафи мард ё зан, бидуни машварат бо ҳамсар, ба ягонагии он ду латма мезанад; зеро тарафи муқобил эҳсоси пучӣ карда, ин гуна бардошт мекунад, ки дар идораи хона ҷойгоҳе надорад, бадеҳист ин эҳсос ӯро водор мекунад, ки ба самти бемеҳрӣ ва инзиво кашонда шавад ва кам-кам аз ҳамсараш фосила бигирад.

Аз сӯи дигар, машварат бо ҳамсар эҳсоси иттиҳодро дар ӯ эҷод мекунад ва ҳар ду мепазиранд, ки дар идораи хона шариканд; агар ҳам тасмиме, ки гирифта шуд, иштибоҳ бошад, ҳар ду худро масъули вазъи пешомада медонанд ва мекӯшанд осори манфии онро кам кунанд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.