Савол ва ҷавобҳои ҳамсарона (2)

58

Савол:

Равобити ман бо хонаводаи ҳамсарам чандон хуб нест ва ин масъала таъсири зиёде рӯи равобити ҳамсарам бо ман гузошта, медонам, ки модараш пушти сари ман ҳарфҳое мезанад. Хоҳараш ҳам гоҳе занг мезанад ва…

Ҷавоб:

* эҳтиром ба падар ва модари ҳамсар ва ҳатто эҳтиром ба дигар хешони наздики ӯ ва такрими шахсияти эшон аз усули муҳим ва меҳрангези зиндагии муштарак ва аз меъёрҳои аслие ҳусни тадбир дар ҳаёти завҷҳои ҷавон аст.

* арӯсҳои фаҳим ва бокамол аз ҳеҷ кӯшише барои такрими ҷойгоҳи маънавии модаршаҳарашон кӯтоҳӣ намекунанд. Онон медонанд, ки бо ин кор базри беҳтарин дӯстиҳо ва муҳаббатҳоро дар дили ҳамсари худ мекоранд.

* ҳеҷвақт ба баҳонаҳо фурсати ҳузур надиҳед то пойи дигарон ба зиндагиатон боз нашавад. Ҳеҷвақт ҳам ба фикри талофӣ ва айбгирӣ аз зиндагии бастагони шавҳаратон набошед; чароки ин занҷираи малоловар ҳеҷвақт поён намеёбад.

* дар нороҳатиҳои худ аз хонаводаи ҳамсар, пойи эҳсосотро ба миён накашед ва ҳар рӯз ҳам гилаҳо ва шикоятҳоро ба ҳамсаратон интиқол надиҳед. Нагузоред дар ҳеҷ шароите робитаи самимӣ ва гарматон бо ҳамсаратон ба хотири ихтилоф бо дигарон сард шавад.

* аз хонаводаи ҳамсар дев насозед! ба вижагиҳои мусбат ва хуби онҳо ҳам биандешед.

* бо ҳамкории шавҳаратон роҳи ҳалҳои мухталиф ва имконпазирро барои иртиботи шумо бо хонаводааш баррасӣ кунед. Ҳар ду ба думболи он бошед, ки барои беҳбуди мавқеият, тамоми идаҳо ва роҳи ҳалҳоро матраҳ кунед ва дар бораи ҳеҷкадом арзёбӣ ва қазоват надошта бошед. Пас аз матраҳ шудани ҳамаи назарот ва идаҳо, беҳтаринҳоро интихоб кунед.

* бо ибтикор, навоварӣ ва баҳрҳманд шудан аз тавонмандиҳои худ қадре аз вазъияти мавҷуд фосила гирифта ва ба вазъияти матлуби мавриди назаратон наздик шавед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.