Солорҳои хурдакак – хатари ҷиддӣ барои хонавода

79

Аз дур садои гиряи духтаре ба гӯш мерасид. Ба он тараф нигоҳ кардам. Духтари панҷсолаеро дидам, ки гирякунон модарашро таҳдид ба задан мекунад ва мегӯяд: “Ё бароям ин бозичаро мехарӣ, ё туро мезанамат!”

Аммо дар ин ҳолат, аксуламали модари бача ҳам бисёр ҷои тааҷҷуб дошт, ки ба таҳдидҳои духтараш хандид ва гуфт: “Духтари азизам! Чӣ мехоҳӣ? Ҳар чӣ мехоҳӣ, интихоб кун, бароят мехарам, азизам!”

Шояд ин саҳна дар даврони кӯдакии шумо ҳам иттифоқ афтода бошад, аммо на шумо кӯдаке будед, ки бо таҳдиду гиря ба хостаатон бирасед ва на модару падаратон басуръат дар баробари мавзеъгириҳои шумо кӯтоҳ меомаданд. Пас беҳтар аст бигӯем, на танҳо кӯдакони имрӯз, балки волидайн ҳам тағйир кардаанд.

Агар рӯзе дар хона сухани падари хона ҳукм буд, имрӯз (албатта дар баъзе аз хонаводаҳо) ин кӯдак аст, ки тасмим мегирад, аъзои хонавода ба куҷо бираванд ва барояш чӣ коре анҷом диҳанд… ва ин ҳамон фарзансолорист.

Фарзандсолорӣ яъне меҳвар будани фарзанд ба гунае ки хостаҳои кӯдак, ҳатто агар номатлуб ҳам бошад, бидуни чуну чаро тавассути модар ё падар ба иҷро дарояд ва кӯдакон тасмимгирандаи аслии хонавода ҳастанд.

Дар ин навиштор ба баррасии ин мавзӯъ мепардозем.

Ба гуфтаи равоншиносон ва мутахассисон, фарзандсолорӣ имрӯза яке аз мушкилотест, ки хонаводаҳо дар аксари ҷавомеъ бо он дастбагиребон ҳастанд. Албатта авомили мухталифе боиси ба вуҷуд омадани ин масъала шудааст. Аз ҷумлаи онҳо усули тарбиятии нодурусти падару модарон аст. Ин усули тарбиятӣ мумкин аст аз равоншиносии зарде бавуҷуд биёяд, ки дар шабакаҳои маҷозӣ (интернет) тавассути афроде, ки тахассуси комиле дар ин замина надоранд, ривоҷ пайдо карда бошад ва ё ҳатто метавонад ношӣ аз интизори нобаҷои падару модар аз фарзанд бошад.

Гоҳе падару модар саъй мекунанд тамоми хостаҳои фарзанашонро бароварда созанд, то фарзанд эҳсоси камбудӣ накунад ва уқдаӣ нашавад.

Ҳамчунин бархе падару модарон барои ҷуброни нокомиҳо ва камбудҳое, ки дар замони кӯдакии худ доштаанд, саъй мекунанд рафторе, ки дар кӯдакӣ аз самти падару модарашон доштаанд, бо фарзандони худ анҷом надиҳанд.

Нуктаи муҳимми дигар ин аст, ки бархе аз падару модарон бо ин зеҳният, ки фарзанд мутаваҷҷеҳ намешавад, ҷойгоҳи якдигарро риоят намекунанд, барои мисол, модар ба ҷойгоҳи падар дар хонавода аҳамият намедиҳад ва мушкилоти худ бо ҳамсарашро дар равобит бо фарзандаш таҳти таъсир қарор медиҳад. Дар сурати ихтилоф рафтори дурустеро дар баробари якдигар надоранд ва эҳтироми кофиро ба ҳам намегузоранд, дар ҳоле ки ин маворид метавонад улгуҳои рафторӣ барои кӯдакон дар иртибот бо падару модарон бошад.

Гоҳе фарзандсолорӣ бар рӯи яке аз волидайн (падар ё модар) анҷом мешавад, масалан падаре эҳсоси қудрат ва модаре эҳсоси заъф мекунад, ки ин боиси тасаллути падар бар модар мешавад ва фарзандон ин тасаллутро мебинанд, ҳамин масъала боис мешавад, ки фарзанд он тасаллутро рӯи модар дошта бошад, ки албатта дар аксари мавоқеъ ин рафтор ба далели мушкилоти равоншиносӣ дар падару модарон аст. Мисли ин ки яке аз онон ё ҳар ду дучори адами эътимод ба нафс ва ё афсурдагӣ ҳастанд, ки ин мушкилот бар рӯи рафторашон таъсир хоҳад гузошт ва фарзандон мутаваҷҷеҳи ин масъала мешаванд ва рафторашон ба самти фарзандсолорӣ кашида мешавад.

Яке аз мушкилоти ҷавомеи имрӯзӣ, кор кардани ҳарду (падару модар) аст, ки замони кофӣ барои фарзандон намегузоранд ва саъй мекунанд бо боҷ додан ин набудро ҷуброн кунанд. Ҳамин тавр мумкин аст ҷудоиҳое ба далели талоқ, фавт ва ё муҳоҷирату мусофиратҳои тӯлонии яке аз падару модарон ба вуҷуд биёяд, ки дар ин сурат, волид саъй мекунад адами ҳузури волиди дигарро бо таваҷҷӯҳи беш аз ҳад нисбат ба фарзанд бартараф кунад. Тамоми инҳо авомилест, ки фарзандонро ба самти фарзандсолорӣ мекашонад.

Барои он ки битавонем равиши саҳеҳеро интихоб кунем, шояд фақат як равоншиноси мутахассис битавонад ба мо кӯмак кунад. Гоҳе низ мо аз таҷрубиёти бузургтарҳоямон, ё ҳатто аз дӯстонамон, ки аз равоншиноси дигаре кӯмак гирифтааст, истифода мекунем, аммо ин роҳҳо ба мо кӯмак намекунад, зеро ҳар фарде сабки фарзандпарварии мухтасси худро дорад, бинобар ин шахсе, ки метавонад ба мо кӯмак кунад, равоншиноси мутахассиси кӯдак аст.

Дар поён фақат ба ин ишора намоем, ки роҳҳои бисёр зиёде барои маҳор кардани фарзандсолорӣ вуҷуд дорад, аммо яке аз муҳимтарин роҳҳое, ки метавон ба он ишора кард, сабки фарзандпарварии саҳеҳ ва муқтадирона аст. Сабке, ки дар он битавонем бар эҳсосотамон ғалаба кунем ва рафтори мантиқӣ дар баробари хостаҳо, ниёзҳо ва рафторҳои хушоянд ва нохушоянди фарзандамон дошта бошем. Ҳамчунин рафторе аз худамон нишон диҳем, ки боиси ҳифзи ҷойгоҳи падару модар ва фарзанд шавад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.