Такрими ҷавон

64

Такрим ва ҳифзи эҳтиром барои ҳар касе муҳим аст, аммо нисбат ба ҷавон муҳимтар. Фарзандон дар тӯли ҳафт соли сеюми зиндагӣ вазир ва мушовири падару модар дар корҳо ҳастанд то ба ин гуна такрим шаванд ва эҳтиромашон ҳифз шавад.

Хатову иштибоҳи ҷавонро бояд пинҳонӣ ва дур аз чашми дигарон ба онон гӯшзад намуд то ба шахсияти онҳо тавҳин нашавад. Зеро тазъифи шахсияти ҷавон заминасози пайвастани ӯ ба гурӯҳҳои фосид мешавад.

Дар мавриди бузург шумурдани шахсияти фарзандон ва эҳтиром гузоштан ба онон, ислом роҳкорҳое ироа додааст, ки амал ба онҳо тарбияти саҳеҳи исломиро дар пай хоҳад дошт. Паёмбари гиромии ислом фарзандро дар тӯли ҳафт соли сеюми зиндагӣ вазир ва мушовир хондаанд.

Аз ин сухан бармеояд, ки ҳангоме ки фарзанд ба синни таклиф расид, дигар набояд бо ӯ бархурди кӯдакона кард, балки ӯ ҷавони пуршӯру пуртавонест, ки дар корҳо метавон бо ӯ машварат кард. Ин кор барои рушди шахсияти ҷавон ва саҳим кардани ӯ дар умури зиндагӣ ва ҷомеа лозим аст. Агар бузургӣ ва эҳтироми ҷавон ҳифз шавад, ҳаргиз гирифтори уқдаи худкамбинӣ нахоҳад шуд ва ба содагӣ дар доми афроди мунҳариф гирифтор нахоҳад омад.

Бинобар ин касоне, ки ба саодати ҷавонон алоқаманданд ва барои таҳаққуқи тарбияти шоистаи онон мекӯшанд, вақте хато ва лағзише аз ҷавони худ диданд, пинҳонӣ ва дур аз чашми дигарон ва дар камоли адаб ва эҳтиром, иштибоҳи онҳоро ёдовар шаванд, ба гунае ки эҳсоси тавҳину таҳқир накунад. Расули Худо(с) ҳар гоҳ мехостанд иштибоҳи фардеро тазаккур диҳанд, бо киноя ва хитоб ба ҷамъ, хато будани кори фардро гӯшзад мекарданд.

Атрофиён ва мураббиёни ҷавон бояд бидонанд, ки ҷавон давраи вижа ва ҳассосеро мегузаронад ва донишу таҷрибаи ӯ андаку ночиз аст. Пас набояд дар баробари иштибоҳҳо ва кӯтоҳиҳои навҷавон, бо тазъифи шахсият ва сарзанишҳои беҳад, ӯро аз саҳнаи фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ берун ронанд. Зеро дар ин сурат, ӯ бо эҳсоси ҳақорат, худро заиф ва осебпазир мебинад ва ба ҷои ҳалли мушкилот, тан ба хорию пастӣ медиҳад ва бо гирифтор шудан дар доми гурӯҳҳои фосид, худро ба нопокиҳо олуда месозад.

Рӯзҳои ҷавонӣ беҳтарин даврони созандаи шахсияти ҷавон аст. Аз ин рӯ, агар эҳтироми воқеии ҷавон ҳифз шавад ва онҳоро ба унвони унсури муфид ва муассир дар умури ҷомеа ба кор гиранд, заминаи ҳамкориҳои дӯстона ва рӯ ба рушди онҳо низ фароҳам мешавад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.