Ғанимат донистани замон

40

Ончи гузашта аст аз даст рафта аст ва ончи хоҳад омад акнун куҷост? Бархез ва ин фурсат байни ду нестиро дарёб!

Саъдӣ мефармояд:

Саъдиё дей рафту фардо ҳамчунон мавҷуд нест

Дар миёни ину он фурсат шумор имрӯзро

Ва ҳамчунин Суҳроби Сипеҳрӣ месарояд:

Зиндагӣ тар шудани пай дар пай

Зиндагӣ обтанӣ кардан дар ҳавзчаи «акнун» аст.

Зиндагӣ дар лаҳза ё «дамро ғанимат донистан» мафҳуме аст, ки дар дин, ирфон ва адабиёт бисёр ба он пардохта шудааст ва ҳамаи мо медонем, ки бояд қадри замони ҳолро бидонем, аммо мушкил ин ҷост, ки вақте мағзи мо одат карда бошад, ки мудом даргири фикр кардан ба гузашта ва оянда бошад, дигар ба ин роҳатӣ наметавонд ба замони ҳол таваҷҷуҳ кунад. Равоншиносон ингуна мисол мезананд, ки «таваҷҷуҳ» ҳамонанди кабутари фироркунандае аст, ки мудом пар мезанад ва ба ин тарафу онтараф ва ё ба гузашта ва оянда пар мекашад. Барои нигаҳ доштани ин кабутар дар замони ҳол, ба истилоҳи равоншиносон, бояд барои ӯ дона бипошем, яъне бо истифода аз як даста техникҳо ба мурури замон мағзамонро одат диҳем, ки дар замони ҳол бимонад. Яке аз ин техникҳо ё донаҳо, истифода аз ҳавоси панҷгона аст. Барои мисол вақте, ки ғизо мехӯред ба ҷои инки дар ҳайни ғизо хӯрдан мудом хотироти талхи гузаштаатонро мурур кунед, аз тамоми ҳавоси панҷгонаатон истифода кунед, ки ба ғизо таваҷҷуҳ кунед ва аз он лаззат бубаред. Ба таъми ғизо, бӯи ғизо, гармои матбуи он, шакл ва зоҳири ғизо ва… таваҷҷуҳ кунед; ва ё масалан вақте, ки дар хиёбон қадам мезанед, ба ҷои фикр кардан ба оянда ва пешомадҳои номаълуми он, ҳавосатон ба садои қадамҳоятон бошад, ба хунукии ҳавое, ки рӯи пӯстатон ҳис мекунед, ба манзараҳое, ки тамошо мекунед ва….

Шояд дар ибтидо каме сахт бошад, аммо бо тамрин ва ба мурури замон, мағзи мо одат хоҳад кард, ки дар замони ҳол бимонад, дар лаҳза зиндагӣ кунад ва аз зиндагӣ лаззати бештаре бубуред.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.