Улгуҳои рафтории ғалатро канор бигузоред

60

Се улгуи иртиботии мухарриб, ки бештарин танишро дар равобити заношуӣ эҷод мекунад шомили мавориди зер аст:

1- канорагирӣ ва султапазирӣ:

Кам ҳарф ҳастанд, ақоид ва назароти худро баён намекунанд, хеле фармонбардори дигарон ҳастанд, эҳсосоти худро буруз намедиҳанд, қаҳр мекунанд.

2- интиқодӣ ё дифоӣ:

Аз пазириши иштибоҳоти худ парҳез мекунанд ва ҳар интиқодеро рад мекунанд, дар бораи ақоиди худ сарсахт ва мулоим ҳастанд ва тарафи муқобилро сарзаниш мекунанд.

3- контролкунанда:

Зиёд ҳарф мезананд ва савол мекунанд, мудом ҳарфҳои тарафи муқобилро қатъ мекунанд ва мавзӯи сӯҳбатро ба бероҳа мекашонанд.

Роҳи ҳал

Вақте мо даргири афкор ва эҳсосоти худамон ҳастем наметавонем ба ончи тарафи муқобил мегӯяд гӯш диҳем. Вақте бо ҳамсаратон гуфтугӯ мекунед иҷоза диҳед ҳарфҳояшро ба таври комил бизанад ва қабл аз инки посух диҳед маъно ва мафҳуми иборотеро, ки баён карда аст дубора барояш бозгӯ кунед ва аз ҳамсаратон бихоҳед бардошти шуморо таъйид ё тасҳеҳ кунад.

Ба таври мустақим ва бо истифода аз замири “ман” ба баёни эҳсосоти худ бипардозед. Бо гуфтани ибороте монанди “ту маро нороҳат мекуни” ё “ту ба ҳарфҳои ман аҳамият намедиҳи” ҳамсаратонро сарзаниш накунед. Бо истифода аз ҷумалоти мустақим монанди “ман нороҳатам” ва… ба тавсифи эҳсосотатон бипардозед то эҳтимоли нишон додани вокуниши ҳамдилона ва оштиҷуёна аз сӯи ҳамсаратонро боло бубаред. Гуфтугӯ бояд бар асоси як рӯйкарди баранда – баранда бошад, ки дар он ҳар ду тараф суд мебаранд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.