Қадрдонӣ ва сипосгузорӣ аз ҳамсар

77

Қадрдонӣ ва сипосгузорӣ аз ҳамсар аз омӯзаҳои ахлоқии дуҷониба аст. Яъне ҳам зан ва ҳам мард бояд дар муқобили корҳое, ки анҷом мегирад, аз ҳамдигар қадрдонӣ кунанд.

Сипосгузорӣ бозтоби отифии муҳаббат ва хушахлоқӣ дар равони одамист. Ҳар инсоне ба таври табиӣ дӯст дорад аз некӣ ва муҳаббату фидокории дигарон қадрдонӣ кунад ва ҳамчунин дӯст дорад аз ӯ қадрдонӣ шавад. Қадрдонӣ аз дигарон дар муқобили анҷоми коре, яке аз сифоти писандида ва аз бузургтарин рамзҳои ҷалби дӯстӣ ва лутфи дигарон аст.

Гарчи ба ташаккур ва қадрдонӣ аз дигарон супориш шудааст, аҳамияти он дар бораи ҳамсар дучандон буда, нақши таъйинкунандае дар гармӣ ва самимияти миёни онон дорад. Ба тавре ки ин амр ҷузъи вазоифи ахлоқии ҳамсарон дониста шудааст. Имом Содиқ(а) мефармояд: “Беҳтарин занони шумо он бонуест, ки агар ба ӯ чизе диҳанд, (ва ё хидмате кунанд), сипосгузорӣ мекунад ва чунончи аз ӯ бозгиранд, розию хушнуд мешавад”.

Таҳсину қадрдонии ҳар як аз ҳамсарон аз дигарӣ, онҳоро дар анҷом додани корҳои хона ё беруни хона ба таври шоиста дилгарм месозад ва эҳсоси муҳаббатро дар коми онҳо ширин мегардонад. Ин таъсир дар занон, ки отифитар ва меҳрубонтар ҳастанд, бештар хоҳад буд. Қадрдонӣ аз заҳамоти ҳамсар дар баробари хадамот ва заҳамоте, ки мекашад, як муаллафаи қавӣ дар ҷиҳати пайванди отифии бештари ҳамсарон ва як омили таъйинкунанда дар эҷоди дилбастагӣ ва алоқамандӣ миёни онон аст. Ин амр дар асри ҳозир, бар хилофи низоми хонаводагии суннатӣ, ки анҷоми вазоифи берунӣ ва дарунии манзилро аз вазоифи ҳар кадом аз ҳамсарон медонист ва бидуни чашмдошт анҷом мешуд, аҳамияти дучандон пайдо кардааст ва бо таваҷҷӯҳ ба тағйири сохтори хонавода, ҳамсарон интизороти бештаре доранд то дар муқобили заҳамоти онон қадрдонӣ шавад.

Бар асоси пажӯҳише, ки дар ин замина анҷом гирифтааст, 87 дарсади ҳамсарон эълом кардаанд, ки интизор доранд аз заҳамоти онон дар хона қадрдонӣ шавад. Карл Роҷерз яке аз равоншиносони ғарбӣ, дар ин бора мегӯяд: “Инсон ниёз дорад ба ин ки дигарон барои ӯ қадру манзалате қоил бошанд ва қадрашро бидонанд. Аҳамияте ки шахс ба ин мавзӯъ медиҳад, дар кунишҳои дарунӣ ва ҷанбаҳои таҳрикии организм ва дар рафтори ӯ асари фаровон мегузорад. Аз сӯи дигар, ниёз ба қадрдонии дигарон ва ниёз ба қадрдонии хештан дар рафтор ва кирдори одамӣ муассир аст”.

Ҷон Грей дар бораи қадрдонии зан аз мард мегӯяд:

“Ҳар вақт зан ба хотири коре, ки мард кардааст, аз ӯ қадрдонӣ ва ташаккур мекунад, мард бобати он қадрдонӣ ба зан имтиёз медиҳад, чун ҳис мекунад зан дӯсташ дорад. Мардон барои имтиёз додан ба зан, лузуман намехоҳанд зан барои онҳо коре анҷом диҳад ва фақат мехоҳанд зан дӯсташон бидорад ва қадрдон бошад, бинобар ин лозим аст, занон аз мардон қадрдонӣ кунанд, вагарна анҷоми вазоиф аз ноҳияи мардон беаҳамият мешавад”.

Хонаводаи намуна

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.