5 роҳ барои варзиши мағз

114

Дар мавриди саломати мағз низ монанди саломати дигар қисматҳои бадан бояд бо одатҳои хуб шурӯъ кунед.

* рӯзона оби кофӣ бинушед. Бештари бадани шумо аз об ташкил шудааст.

* режими ғизоии мутаодиле дошта бошед.

* батаври муназзам варзиш кунед.

* изтиробатонро контрол кунед.

* улгуи хобатон муназзам бошад.

Ба мағзатон таваҷҷуҳ кунед

Ҳарчанд мағзи шумо монанди қалб ва ду сари бозувонатон рушди ҷисмонӣ нест, аммо боз ҳам метавонед онро варзиш бидиҳед то бо афзоиши син, ҳушёр бимонед.

* иртибототи иҷтимоиатонро ҳифз кунед. Шояд ба назар кори муҳиме наёяд; аммо иртибототи қавии иҷтимоӣ сабаби коҳиши риски заволи ақл, коҳиши фишори хун ва изтироб мешавад.

* феҳристе аз чизҳое, ки мехоҳед ёдатон бимонанд таҳия кунед. Ин феҳрист метавонад шомили хариди ҳафтагӣ, пардохти суратҳисобҳо, исми дӯстон ва … бошад. Сипас як соат ё бештар ин феҳристро аз худ дур кунед ва бубинед чӣ чизҳое аз ин феҳрист ба ёдатон мондааст. Ин тамринро ба таври мураттаб анҷом диҳед.

* бо ададҳо бозӣ кунед. Дар зеҳнатон масоили риёзӣ ҳал кунед, бидуни коғаз ва қалам. Барои чолишбарангезтар кардани ин тамрин метавонед ҳангоми пиёдаравӣ ин корро анҷом диҳед.

* як маҳорати ҷадид ёд бигиред. Навохтани як созро ёд бигиред, дар дарси ошпазӣ ширкат кунед, як забони ҷадид ёд бигиред, рақс ёд бигиред, ба омӯзиши наққошӣ ё муҷассамасозӣ биравед ё ба як фаъолияти варзишӣ ҷадид бипардозед. Фақат саъй кунед чолиши ҷадид барои худ дуруст кунед, ки зеҳнатонро фаъол кунад.

* бозиҳои фикрӣ анҷом диҳед. Чанд бор пеш омада бо ҷадвалбозӣ рӯбарӯ шудаед аммо бо он саргарм нашудаед? Иштибоҳ мекунед! бояд ин бозиҳоро ҷиддӣ бигиред. Бозиҳои фикрӣ, зеҳнатонро фаъол мекунанд. Агар ба думболи бозиҳои фикрии ҷадид ҳастед метавонед аз веб-сайтҳое, ки ба таври онлайн, имкони бозиро бароятон фароҳам мекунанд истифода кунед. Як даста бозии фикрӣ рӯи телефони ҳамроҳатон насб кунед то ҳар вақт фурсат шуд бо онҳо бозӣ кунед.

Нуктаи охир инки фаъол бошед, бо дигарон таомул дошта бошед ва вориди иҷтимоъ шавед, на инки соатҳо ҷилави телевизион бинишинед. Фаъолияти баданиатонро ба таври муназзам идома диҳед ва дар канори ҷисми фаъол, зеҳнатонро фаъол ва ҷавон нигаҳ доред то на танҳо умратон бештар шавад балки кайфияти зиндагиатон низ боло биравад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.