Аҳамият додан ба хости ҳамсар

42

Роҳҳои содае дар зиндагӣ вуҷуд дорад, ки мардҳо ишқу алоқаи хешро ба ҳамсари хеш собит кунанд. Ниёзе нест, мард корҳои сахту сангин ва ҳазинаҳои газофро таҳаммул кунад, балки бо чанд равиши сода метавонад ба ин манзур ноил шавад.

Яке аз роҳҳои муҳим ва таъсиргузор аҳамият додан ба  хостаҳои ҳамсар аст. Имом Ҳусейн(а) ба хостаҳои машрӯи ҳамсараш, алоқа ва ҳисси зебоидӯстии ҳамсараш аҳамияти хоссе медод ва ба он эҳтиром мегузошт. Баъзе вақтҳо ба ҳамин хотир бо интиқодоти асҳоб ва дӯстони худ рӯбарӯ мешуд. Ҷобир аз Имом Боқир(а) нақл мекунад: Иддае назди Имом Ҳусейн ворид шуданд. Фаршҳо ва қолиҳои гаронбаҳо ва болишҳои фохир ва зебо дар манзили эшон мушоҳида намуданд.

Гуфтанд: Эй фарзанди Расули Худо(с), мо дар манзили шумо васоил ва чизҳое мушоҳида мекунем, ки нохушоянди мост. Мо вуҷуди ин васоили гаронбаҳо дар манзили шуморо муносиб намедонем!

Ҳазрат фармуд: Мо баъд аз издивоҷ, маҳрияи ҳамсарамонро пардохт мекунем ва онҳо ҳарчи дӯст доштанд, барои худ харидорӣ мекунанд. Ҳеч як аз васоиле, ки мушоҳида намудед, аз они ман нест…

Дар ривояти дигаре нақл шудааст, ки аз Имом Содиқ(а) суол шуд: Оё хариди ҷавоҳирот барои зинати хонавода дуруст аст?

Ҳазрат фармуд: Алӣ ибни Ҳусайн барои бачаҳо ва ҳамсаронаш зеваролот аз навъи тилло ва нуқра таҳия мекард ва онҳоро бо он зеварҳо меорост.

Аз ин ривоят ва ривоёте назири ин, бахубӣ истифода мешавад, ки Имом Саҷҷод(а) ба ҳисси зебоидӯстии ҳамсари худ эҳтиром мегузошт ва имконоти лозимро дар ҳадди мутаорафи он замон, барои онҳо фароҳам месохт.

Дар ривояте омадааст, ки: “Мӯъмин мутобиқи майли хонаводааш хӯрок мехӯрад ва инсони мунофиқ, хонаводааш мутобиқи майли ӯ таом мехӯранд”. Мутобиқи ин ҳадиси нуронӣ мард бояд дар хона ҳатто хӯрок хӯрданаш бар тибқи майли ҳамсараш бошад ва ӯ ҳамон таомеро бихурад, ки ҳамсараш дӯст дорад то ба ин тартиб, дар амал нишон диҳад, ки хостаи ҳамсарашро бар хостаи худ тарҷеҳ медиҳад ва барои ӯ арзиш қоил аст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.