Ҳамсардорӣ

152

Подоши ҳамсардорӣ

Дар ислом подоши эҷоди оромиш дар ниҳоди муқаддаси хонавода бисёр зиёд аст, то ҷое, ки Паёмбари Акрам(с) подоши фаровоне барои ин кор зикр кардаанд. Нақл шуда, ки дар моҷарои байати занон, яке аз занони ҳазрат пурсид: Худованд ҷиҳодро бар мардон воҷиб гардондааст ва мардон агар дар роҳи Худо шаҳид ё маҷрӯҳ гарданд, подош доранд, вале мо занон машғули хонадорӣ ҳастем…

Паёмбари Худо(с) фармуданд: Бидон, ки некӯ шавҳардорӣ кардан ва идораи хона ва хонавода, подоше ҳамвазн ва баробар бо подоши муҷоҳидони дар роҳи Худо дорад!

Ҳазрати Алӣ(р) ва ҳазрати Фотима(р) дар оғози зиндагии муштарак барои таъйини масъулиятҳояшон дар конуни хонавода хидмати Расули Худо расиданд ва аз эшон дархости таъйини таклиф намуданд.

Расули Худо(с) корҳои даруни хонавро бар ӯҳдаи ҳазрати Фотимаи Заҳро(р) гузоштанд ва корҳои беруни хонавро бар ӯҳдаи ҳазрати Алӣ(р) супурданд.

Ҳазрати Фотима мефармоянд: Ҷуз Худо касе намедонад, ки ман чӣ андоза хушҳол шудам, аз ин ки корҳои даруни хона ба ман вогузор шуд ва корҳои беруни хона ва аз муоширату тамос бо мардон маоф шудам.

Бо ин ҳама, ҳазрати Алӣ бо корҳои беруни хона иктифо намекард, балки дар корҳои хона низ ширкат менамуд. Он ҳазрат бо алоқа ба Заҳро(р) кӯмак мекард. Ҳазрати Алӣ адасу нахуд пок менамуд, хонаро ҷору мезад ва бо дастос ордро осиёб мекард.

Аз Имом Содиқ нақл аст, ки ҳазрати Алӣ ҳезум меовард, оби мавриди ниёзи хонаро таъмин мекард ва хонаро ҷору менамуд. Ҳазрати Заҳро низ орд мекард, хамир омода менамуд ва нон мепухт. Аз бархе ривоёти дигар низ истифода мешавад, ки ҳазрати Алӣ баъзе вақтҳо дар корҳое монанди таҳияи орд ва осиёб кардан низ ба кӯмаки ҳамсараш Фотимаи Заҳро мешитофт…

Рӯзе Расули Худо(с) ба хонаи Алӣ ворид шуд. Мушоҳида кард, духтар ва домодаш бо муҳаббат дар канори ҳам нишаста ва бо ҳамкории ҳам ба орд кардани ҷав машғуланд.

Паёмбар хитоб ба онон фармуд: Кадом як аз шумо хастатар ҳастед, то ман ба ҷои ӯ нишаста корашро анҷом диҳам?

Алӣ(р) гуфт: Эй Расули Худо, духтаратон Фотима хастатар аст. Он ҳазрат канори домодаш нишаст ва бо ҳам ба орд кардани ҷав кардан машғул шуданд…

Мутолиа дар зиндагии бузургон ба мо меомӯзад медиҳад, ки чӣ гуна бо атрофиёнамон, бо ҳамсоягон, бо фарзандон ва ҳамсарамон меҳрубон бошем ва хуб ҳамсардорӣ кунем ва зимни ин ки оромиши хонаводаамонро ҳифз кунем, аз подоши некӯ ҳамсардорӣ кардан низ баҳраманд шавем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.