Оростани хештан барои ҳамсар

159

Оростагии зоҳир барои ҳам касе матлуб аст ва зоҳири оростаи инсон, яке аз муҳимтарин нишонаҳои шахсияти ӯ ба шумор меравад.

Аз масоиле, ки барои ҳар мӯъмине писандида аст, зебоӣ ва риояти ороиши зоҳир аст. Худованди Мутаол мабдаи зебоист ва ҷаҳонро низ зебо падид овардааст. Аз ин дидгоҳ, дар асли офариниш ҳама чиз зебост ва зиштӣ дар он роҳ надорад, вале он гоҳ ки анвоъ, ақсо ва афроди мавҷудот бо якдигар муқоиса ва санҷида мешаванд, бархе аз бархеи дигар зеботару некӯтар ҷилва мекунанд.

Зебоии сурат ва андоми хуш ва зоҳири оростаи муносиб, ба таҳкими пайвандҳои иҷтимоӣ кӯмак мекунад ва улфат ба вуҷуд меоварад. Бинобар ин дар ривоёт бар рӯи ин вижагӣ супориш шудааст.

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Либосҳои худро тамизу покиза кунед, мӯйҳои худро ислоҳ намоед, мисвок бизанед ва ороставу покиза бозед, ки Бани Исроил чунин накарданд ва занонашон бадкора шуданд”.

Имомон низ ба ин матлаб таваҷҷӯҳ доштанд. Ин бузургворон худро барои ҳамсаронашон ороста ва мураттаб мекарданд, либоси муносиб мепӯшиданд ва мӯйҳои худро ранг мезаданд.

Ҳасан ибни Ҷаҳм аз дӯстони Имом Козим(а) мегӯяд: Ҳазрати Имом Козимро дидам, ки мӯйҳои худро хизоб кардааст. Гуфтам: Фидоят шавам, шумо ҳам хизоб мекунед?

Ҳазрат фармуд: Бале. Ислоҳ ва мураттаб будани вазъи зоҳирии шавҳар, бар иффати занон меафзояд. Заноне буданд, ки ба ин далел, ки шавҳаронашон мураттаб будани худро раҳо карданд, покдоманиро раҳо намуданд. Сипас фармуд: Дӯст дорӣ, ҳамсаратро дар ҳоле монанди ҳоли худат, ки худро ороста нанамудаӣ, бубинӣ?

Гуфтам: На.

Фармуд: Ӯ низ чунин аст! – Он гоҳ фармуд: Тозагӣ ва покизагӣ ва истеъмоли бӯи хуш ва ислоҳи мӯй, аз ахлоқи паёмбарон аст!

Ҳазрати Содиқ аз Паёмбари Акрам(с) нақл мекунанд, ки: “Беҳтарин занони уммати ман зеборӯйтарин ва каммаҳртарини онҳост”.

Ҳазрати Ризо аз Расули гиромии ислом, ҳазрати Муҳаммад(с) нақл мекунанд: “Хубиҳоро назди хушсуратон биҷӯед, зеро рафтор ва корҳояшон сазовортар ва наздиктар ба хубӣ аст”.

Ончи зикр шуд, метавонад муҳимтарин нуқоти муштарак байни зану мард дар ҳамсари намуна будан ва гузиниши он бошад ва албатта набояд аз нақши дониш, ақл, адаби иҷтимоӣ низ дар шумори муҳимтаринҳо ғафлат кард.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.