Маваддату муҳаббат – ду боли парвози зиндагӣ

108

Ширин нашавад ком, ҷуз аз шӯри муҳаббат,

Мастӣ надиҳад ҷуз майи ангури муҳаббат. (Сафоии Нароқӣ).

Ҳадаф аз издивоҷ ва ташкили хонавода, расидан ба оромиши равонӣ ва отифӣ аст ва ин мавзӯъ зери сояи муҳаббати ҳамсарон амалӣ мешавад.

Дар ояти 12, сураи Рум, Худованд эҷоди завҷият ва офариниш ба шакли мукаммил буданро яке аз нишонаҳои бузурги худ мешуморад, ки одамӣ бо тааммул дар он метавонад ба вуҷуди Худованди Мутаол бипардозад; зеро Худованд чунон зану шавҳарро ҷуфт ва мукаммили якдигар қарор дода, ки наметавонанд бидуни ҳам ба камол бирасанд ва балки оромиш дошта бошанд.

Эҷоди алоқа ва меҳру муҳаббат миёни зану шавҳар ба гунае ки битавонанд ҳамеша дар канори ҳам зингдагӣ кунанд ва даме аз ҳам дур нагарданд ва дар сурати дурӣ эҳсоси танҳоӣ ва изтиробу ташвиш намоянд, худ нишонае аз нишонаҳои бузурги Худованд аст.

Дар ояти фавқ меъёри зиндагии хонаводагӣ бар асоси ду асли маваддат ва муҳаббат ниҳода шудааст. Маваддат ба маънои ишқу алоқаи дарунӣ ва муҳаббат ба маънои бурузу зуҳури он ба ашколи мухталиф аст. Бинобар ин ҳар касе, ки дар ҷустуҷӯи оромиши хонаводагӣ аст, бояд ин ду меъёрро дар зиндагии худ дошта бошад ва ҳифз кунад, ки иборат аз ишқи дарунӣ ва ботинӣ ва ошкор кардани он ба шакли меҳру муҳаббат аст.

Албатта Қуръон дар ин ояти муборака мефармояд, ки Худованд ишқи дарунӣ ва ибрози он ба шакли муҳаббат ва меҳрро дар одамӣ ба вадиа ниҳода ва ҳар гоҳ зану марде бо ҳам паймони занушавҳарӣ мебанданд, ба ин ду чиз мерасанд ва Худованд шароитро ба гунае фароҳам меоварад, ки ин гуна шаванд, вале гоҳе инсон ба илали мухталифе чун дурӣ аз фитроати поки хеш аз ин ду чиз дармемонад ва андак-андак шароитро ба гунае фароҳам мекунад, ки ҳам ишқу маваддати ботинӣ аз миён меравад ва ҳам имкони иброз ва азҳори он аз даст меравад ин гуна аст, ки дигар дар канори ҳамсари хеш эҳсоси оромиш намекунад. Дар инҷост, ки ҳуқуқи худро матраҳ месозад то бо бозсозии хона бар асоси улгуҳои ақлӣ ва уқалоӣ замсинаҳо бозгашти маваддату муҳаббат фароҳам ояд ва зиндагӣ дубора ба мадори меҳру муҳаббат ва ишқ бозгардад.

Ҳадаф аз баёни ин матолиб дар Қуръон ин аст, ки ҳамвора эҳсон ва ишқу алоқа ва меҳру муҳаббат ба унвони як асл дар зиндагӣ ҳоким ва ҷорӣ бошад. Зеро ҳадаф аз эҷоди хонавода дастёбӣ ба оромиши равонӣ ва отифӣ аст, ки бе вуҷуди он ҳаргиз таҳаққуқ нахоҳад ёфт. Ҳар касе, ки бихоҳад ба зиндагии комил даст ёбад, бояд асли эҳсон ва ишқу алоқаро муқаддам дорад ва баёни ҳуқуқ, танҳо барои мудирияти хонавода дар баробари бӯҳронҳост.

Агар миёни зану шавҳар ишқу алоқа ва меҳру муҳаббат ҳукумат кунад, дигар сухан гуфтан аз ҳуқуқ, бемаъно хоҳад буд; зеро ҳукумати ишқ ва меҳру муҳаббат ҳукумат бар дилҳост ва ҳар кадом аз марду зан беирода бар асари меҳру муҳаббат, ба корҳои бузург даст мезанад.

Инро борҳо дар хусуси меҳри модарон нисбат ба фарзандон шоҳид будаем. Чунин ҳолате метавонад дар миёни ҳамсарон низ ин гуна рафторҳои берун аз ақли ҳисобгар падид оварад ва мердон ҷони хешро фидои ҳамсарон кунанд ва ё занон барбари шавҳари хеш исоргарона амал намоянд.

Ҳамчунон ки итоат дутарафа аст, меҳру муҳаббат ва ишқу алоқа низ дутарафа мебошад ва агар шахсе дар баробари ҳамсараш бидуни таваққӯъ ва инитизор амал кунад, шавҳар низ мутаассир аз авотиф ва эҳсосот, монанди ӯ барояш кор мекунад ва ҳеч интизори зиёда нахоҳад дошт.

Завҷҳои ҷавон бояд таваҷҷӯҳ доштф бошанд ва ишқи аввалияи издивоҷ, ки ба хотири масоили ҷинсӣ ва тозагии он мӯҷиби алоқаи шадиди онон нисбат ба якдигар шудааст то охири умри худ боқӣ намемонад. Агар онҳо барои эҷоди пайванди аиқи дӯстӣ ва ҳақиқӣ миёни худ дар моварои масоили ҷинсӣ истифода накунанд, ҳангоми ранг бохтани масоили ҷинсӣ, дучори масоили бисёре хоҳед шуд, ки чӣ басо то охири умр даст ба гиребони онҳо хоҳад буд.

Ин шӯру алоқа агар фақат бар мабнои масоили ҷинсӣ бошад, пас аз муддате на чандон тӯлонӣ ҳассосияти худро аз даст медиҳад ва воқеияти хзиндагӣ бӯъди муҳим мешавад, зеро он ҳаяҷон ва таҳрикоти шаҳвонӣ ва ҷозибаҳои аввалия, аз кор афтода ва он майли шадид коста шуда ва касоне, ки муваффақ шуда бошанд дар он фурсати муҳаббати худро дар дили якдигар ҷо кунанд, пуштибони маҳкам ҷойгузини он намудаанд, ки тоохири умр зомини иҷроии саодати онон хоҳад буд.

Мо дар ин мабҳас саъй дорем, ки бо тавфиқи илоҳӣ, роҳҳои эҷоди ин муҳаббатро, ки пояи як зҳиндагии ширин аст, ҷустуҷӯ кунем то битавонем аъзои хонаводаро мисли ду дӯст канори ҳам дошта бошем ва дӯст надорем, ки пас аз гузашти муддате аз сар оғози издивоҷ, вақте ки воқеиёти зиндагӣ намоён шуд ва гарду ғубори шаҳавот коста шуд, зану шавҳар худро нисбат ба якдигар беалоқа набинанд.

Зиндагӣ набояд ба гунае бошад, ки бо ҳам бисозанд, созиш бӯи ҷанг ва сипас тазоҳур ба сулҳ аз рӯи ночорӣ медиҳад, бояд бо ҳам биҷӯшанд, ғамхори якдигар бошанд, аз дидани якдигар лаззат баранд, нишот ёбанд, нишот ёбанд, сармашт шаванд ва руҳия гиранд. Хулоса дилҳо бояд бо ҳам бошанд на танҳо ҷисмҳо. Он хонаводае, ки асоси он ба хотири ночориҳост, зинидон аст на хона, он зану шавҳаре, ки ба хотири фарзандонашон бо ҳам ҳсатанд ва метарсанд, ки агар ҷудо шаванд, фарзандонашон зойеъ гарданд, хонаи онҳо идора аст, миёни зану шавҳар агар ғайр аз муҳаббат чизи дигаре сабаби иҷтимоашон гардад, муваффақ нахоҳанд буд ва аъзои хонавода чӣ зан ва чӣ шавҳар ба сахтӣ бояд муроқиб бошанд ва ин ҳақиқатро бо тамоми вуҷуд бипазиранд, ки хона зиндон нест ва онҳо ҳамзинидонӣ нестанд, хона идора нест ва онҳо мисли ду корманди идора нестанд, хона майдони ҷанг нест ва онҳо дар муқобили душман қарор надоранд, инҳо нест! Хона конуни гарми сафову муҳаббат аст ва дар калима хона муҳити дӯстонаи зиндагӣ аст ва издивоҷ як иштирок ва ҳамкории муқаддас барои расидан ба саодат мебошад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.