Барои ҷилавгирӣ аз лаҷбозии кӯдакон

151

Падарону модарон бо каме халлоқият ва ибтикор метавонанд бидуни нигаронӣ ва асабоният роҳи ҳалҳои муносиберо барои бархурд бо кӯдакони худ дар заминаҳои рафтории мухталиф пайдо кунанд.

Яке аз мушкилоти модарон лаҷбозии кӯдакон аст ва ба ҳамин далел бархурди муносиб бо ин мушкил метавонад раванди тарбиятро дар масири дуруст қарор диҳад. Аввалин нукта ин аст, ки бо истифода аз равишҳои содда ва саргармкунанда метавонем кӯдаки лаҷбози худро ором карда ва барои ҷанд дақиқа ӯро водор кунем бо мо ҳамкорӣ кунад. Дар назар бигирем вақте, ки мехоҳем дандонҳои фарзандонамонро мисвок бизанем, даҳонашро боз намекунад. Дар мавқеи нохун гирифтан беқарорӣ мекунад ва агар кӯдакамон поркро тарк накунад, мо дер ба маҳалли кормон мерасем вале ӯ ҳамчунон аз бозӣ даст барнамедорд. Маъмулан кӯдакони 3-4 сола каме носозгоранд. Ба вижа ҳангоме, ки падару модарашон ба таври ҷиддӣ мехоҳанд кореро аз онҳо мехоҳанд мухолифат мекунанд. Далели мухолифати онҳо ин аст, ки мехоҳанд истиқлоли худро нишон диҳанд. Ҳарф задан дар ин маврид бо онҳо бефоида аст. Барои мутеъ кардани кӯдакон набояд фарёд зад ва ё онҳоро таҳдид кард.

Бо каме халлоқият ва ҳавсала метавонем ҳавоси фарзандоанмонро ба кори мавриди назар ҷалб намоием. Ҳангоме, ки қарор аст пизишк сӯзандоруеро ба кӯдакамон тазриқ кунад ё маҷбур ҳастем барои муддати тӯлонӣ дар саффи хариди фурӯшгоҳ мунтазир бимонем, бо ба коргирии равишҳои зер метавонем фикри ӯро ба чизҳои дигаре машғул кунем.

– ӯро бихандонем, хандондани кӯдакон беҳтарин роҳ барои мисвок задан ё дору додан ба онҳост. Вақте, ки онҳо механданд, на танҳо фикрашон ҷои дигар машғул нест балки даҳонашон низ комилан боз аст.

– хотироти даврони кӯдакии худро таъриф кунем;

Беҳтарин равиш барои саргарм кардани фарзандамон дар вақтҳои зарурӣ достон гуфтан аст. Ҳатто агар достони сохтагӣ бошад. Дар айни ҳол мо низ метавонем қудрати хаёлпардозии худро имтиҳон кунем. Бо гуфтани достонҳои тӯлонӣ, метавонем фарзандамонро замони бештаре саргарм кунем.

– оҳангин сӯҳбат кунем;

Маъмулан вақти хобидан беҳтарин замон барои пушти гӯш андохтани хеле чизҳо аст, бо лаҳни оҳангин метавонем фарзандамонро ба мисвок задан ва либоси хоб пӯшидан ташвеқ кунем. Ҳамчунин метавонем замони овоз хондан, як ё ду калимаро иштибоҳ талаффуз кунем. Бо ин кор ҳавоси фарзандамон ба иштибоҳи мо бештар аз мисвок задан ҷалб мешавад.

– тағйири садо бидиҳем;

Бо тағйир додани садоямон барои кӯдакон достонҳои ҷолиб таъриф кунем монанди сӯҳбат кардани пиразани бедандон, сӯҳбат кардан бо лаҳҷаҳои мухталиф, ҳарф задани бачагона ва ё ҳар тақлиди садое, ки метавонем анҷом диҳем.

– ба ӯ розеро бигӯем;

Агар то 15 дақиқаи дигар вақти доктор дорем ва фарзандамон савори мошин намешавад, хам шуда ва дар гӯши ӯ бигӯем; ман мехоҳам як рози хеле муҳимро ба ту бигӯям. Мехоҳӣ онро бишинавӣ? Вақте, ки ӯ бо сар бале гуфт ӯро бағал кунем ва чизҳои ҷолиб ва ширинро дар гӯшаш бигӯем; Сипас бо суръат ӯро дар сандалии мошин қарор диҳем.

– рӯй нуктаҳои мусбат таъкиди бештаре кунем;

Оё фарзандамон аз даст шустан қабл аз шом ё шомпу задан безор аст? Таърифу тамҷид кардан аз як мудели қадимӣ тарфанди хубе аст бигӯем ҳар вақт, ки саратро бо шомпу мешавиӣ, муёҳят бисёр барроқ ва зебо ба назар мерасанд, ҳамчунин бӯи хубе медиҳад дар ҳамин замон шомпу каф дастамон рехта ва ором ором онро рӯи сари фарзандамон бирезем.

Бо каме халлоқият ва ибтикор метавон бидуни нигаронӣ ва асабоният роҳи ҳалҳои муносиберо барои бархӯрд бо кӯдаконамон дар заминаҳои рафтории мухталиф пайдо кунем ва ба рафъи мушкил бипардозем ва бо ин равишҳои тарбиятӣ ба кӯдаконамон бештар наздик мешавем ва бо усул ва тадбирҳои тарбиятии муносиб ва ба ҷое, ки ба кор мебарем бузургсолии хуберо барои онон дар назар мегирем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.